Содржина на објавата
Шаҳрвандони гиромӣ! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 1-уми январи соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст. Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муввақатӣ (РВП) ё Иҷозати доимӣ (ВНЖ) ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр, ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин Қоида ҳар сол аз 1 январ оғоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад. Барои дастрас намудани маълумоти мухтасар доир ба Қоидаи 90/365 Шумо метавонед ба мутахассисони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо муроҷиат намоед ё ба телефони “Хати оҷилӣ” 900 800 800 занг занед.