Содржина на објавата
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”–и дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро барои кор дар Давлати Қатар барои соли 2025 даъват менамояд: Кор дар самтҳои: 1. Фермаи чорвопарварӣ аз ҷумла: - оператори калон коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - лабараторон, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - назоратчии системаи ETP/RO, дараҷаи бакалавр дар муҳандиси кимиёвӣ; - ширҷушӣ; 2. Мутахасисони соҳаи автомобилсозӣ ва таъмири автомобилҳо аз қабили: - назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи автомобилсозӣ; - механики дизел; - ёрдамчӣ, дар анборҳои мошинҳои боркаш; Аз ҷониби корфармо чунин афзалиятҳо пешниҳод карда мешавад: Музди маош аз 550доллари ИМА боло вобаста ба ихтисос; Харидории чипта ва раводид (виза),ҷойи хоб, хурду хурок, либоси корӣ ва корти нақлиётии ройгон, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пешбинӣ мегардад; Кор факат барои шахрвандони донандагони забонхои англиси ё араби пешниход карда мешавад; Сину сол аз 20-40 сола ; Барои номнавис кардан бояд CV-и худро бо забони англиси пешниход намояд