TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #333

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи16,200Број на прегледи
Објавено20 јан.20.01.2025 г., 06:39
Содржина

Содржина на објавата

БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ САФОРАТИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА 18 январи соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлатзода Қ., менеҷери лоиҳа - Сафаров Д. бо намояндагони сафоратхонаи Кореяи Ҷануби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташрифи эшон боздид аз шарту шароити марказ ва дастаҷамъона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Диққати махсуси меҳмононро синфхонаи омӯзиши забони кореягӣ ҷалб намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар марказ дар баробари омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин омӯзиши забони кореягӣ дар доираи ҳар як касб пешбинӣ шудааст, ки барои фаъолият намудан дар Ҷумҳурии Корея ба шаҳрвандони ҷумҳуриамон шароити мусоид фароҳам месозад.