TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Содржина
Содржина на објавата
12 феврали соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат ва ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилии муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон вохӯриҳои иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ ва ҷавонон баргузор намуд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуда, аҳамияти муҳоҷирати бехатар ва риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунандаро таъкид карданд. Хати оҷилии +992 900 800 800 дар доираи Барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъол гардонида шудааст.