TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #378

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи80,700Број на прегледи
Објавено27 мар.27.03.2025 г., 07:33
Содржина

Содржина на објавата

ҶИҲАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ 35 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия танҳо 35 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;