TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #387

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи16,600Број на прегледи
Објавено17 мај17.05.2025 г., 03:01
Содржина

Содржина на објавата

ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ДОИР БА МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ 14 майи соли 2025 дар ноҳияи Ховалинг гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилӣ доир ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон вохӯрии иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуданд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ ба иштирокчиён дар бораи тағйирот дар қонунгузории Федератсияи Русия, самтҳои фаъолияти мақомотҳои марбути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Иштирокчиён инчунин бо хизматрасониҳои Хати оҷилӣ шинос шуда, дарк намуданд, ки метавонанд пеш аз сафар ба хориҷа ба Хати оҷилӣ муроҷиат намуда, машварати ройгон оид ба қадамҳои муҳоҷирати бехатар дарёфт кунанд. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён саволҳои худро ба мутахассисон пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ гирифтанд. Агар Шумо ният доред, ки муҳоҷират кунед ё дар ҷараёни он ба мушкилот рӯ ба рӯ шудед, пас ба Хати оҷилӣ муроҷиат намоед! Мо барои муҳоҷирати бехатари шумо кӯмак мерасонем. Хати оҷилии +992 900 800 800 аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дастгирӣ ёфта он бо сарпарастии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъолият менамояд.