Содржина на објавата
Маъракаҳои иттилоотӣ дар ВМКБ: Менеҷери Хати оҷилӣ мулоқоти корӣ бо зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод Аз 19 то 23 майи соли 2025, менеҷери Хати оҷилии +992 900 800 800 бо сафари хизматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рафта, дар шаҳр ва ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим бо намояндагони зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои корӣ анҷом дод. Зимни мулоқотҳо, намояндаи Хати оҷилӣ доир ба самтҳои асосии фаъолияти Хат, аз ҷумла машваратдиҳӣ, расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин омори муроҷиатҳои воридшуда маълумот пешниҳод намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, беҳтарсозии равандҳои роҳнамоӣ ва дастгирии ҳуқуқии муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар доираи ин сафари хизматӣ, маводҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ва кормандони сохторҳои дахлдор паҳн карда шуданд. Вохӯриҳо бо раисони ҷамоатҳо баргузор гардида, тавсияҳо оид ба муҳоҷирати бехатар, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои хариду фурӯши одамон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон пешниҳод гардиданд. Агар Шумо ният доред, ки ба муҳоҷират бароед ё ҳангоми будубош дар хориҷ дучори мушкил шудед – Хати оҷилӣ дар ихтиёри шумост! +992 900 800 800 Хати оҷилӣ аз ҷониби аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (IOM) дастгирӣ ёфта дар заминаи ташкилоти Маркази “Зеркало” фаъолият дорад.