TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #398

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи18,700Број на прегледи
Објавено9 јул.09.07.2025 г., 06:23
Содржина

Содржина на објавата

🌏 ЭЪЛОН: Имконияти расмӣ барои кор дар Ҷумҳурии Корея! 🌏 ЭЪЛОН: Имконияти расмӣ барои кор дар Ҷумҳурии Корея! Ҳамватанони азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон! Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихор ба маълумоти шумо мерасонад, ки барномаи нави ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оғоз шудааст. 📣 Дар доираи гуногунсамтии раванди муҳоҷират, сафарбаркунии шаҳрвандон дар давоми соли 2025 ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ шурӯъ мегардад. ✅ Ҷойҳои кории пешниҳодшуда: Сохтмон Истеҳсолот Кишоварзӣ Саноати хӯрокворӣ Ва дигар соҳаҳо 📍 Маҳалли кор: Ҷумҳурии Корея 📝 Шартҳои иштирок: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошед Сину сол аз 18 то 39 сола Донистани забони кореягӣ дар сатҳи муошират (имтиҳони EPS TOPIK) Шаҳодатномаи тахассусӣ дошта бошед (барои касбҳои мисли кафшергар — бартарӣ дорад) Ҷисман ва рӯҳан солим бошед Доғи судӣ надошта бошед Надоштани маҳдудият барои вуруд ба Кореяи Ҷанубӣ Омодагиро метавонед дар марказҳои омӯзишии аккредитатсияшуда дар Тоҷикистон бигиред 📆 Навигарии муҳим! Аз 7 то 17-уми июли соли 2025, дар Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа, бақайдгирии шахсони донандаи забони кореягӣ оғоз меёбад. Барои иштирок дар имтиҳон, довталабон бояд: Шахсан ҳозир шаванд Маблағи имтиҳон 330 сомонӣ пардозанд Ба рӯйхат гирифта шаванд Ва роҳхат барои имтиҳони EPS TOPIK дарёфт намоянд 📂 Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои довталабони интихобшуда: Шакли электронии шиносномаи хориҷӣ (сифати баланд, ламинатдор, 55-60 Кб, 600×400 пиксел) Расми ранга (3,5×4,5см, дар фони сафед, бо пиҷамаи сиёҳ, JPG, 13-14 Кб) Маълумоти пурра дар бораи ҷои истиқомат Рақами телефон бо WhatsApp 🚀 Имкониятро аз даст надиҳед! Бо Агентии давлатии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи кишвар ҳамкорӣ намоед ва ба сӯи ояндаи равшан қадам гузоред. 📢 Сабти ном оғоз шудааст! Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст! 📍 Суроға барои муроҷиат: 🏢 Душанбе – кӯчаи Лоҳутӣ, 108 📞 221-39-67 | +992 555 55 10 80 | +992 98 790 66 66 | +992 91 576 77 43 | +992 93 093 49 94 | +992 93 453 51 93 | +992 88 822 00 26 | +992 90 688 93 13 🏢 Хуҷанд – маҳаллаи 28, бинои 2А 📞 +992 92 807 99 99 🏢 Бохтар – кӯчаи Файзали Саид, 69 📞 +992 90 580 00 63 | +992 93 487 88 28 🏢 Хоруғ – кӯчаи Н. Атобек, 16 📞 +992 93 510 14 39 📌 Ояндаи шумо аз имрӯз оғоз меёбад! 🤝 🚀 Имкониятро аз даст надиҳед! Бо Агентии давлатии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи кишвар ҳамкорӣ намоед ва ба сӯи ояндаи равшан қадам гузоред.