TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #402

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи10,800Број на прегледи
Објавено27 сеп.27.09.2025 г., 05:08
Содржина

Содржина на објавата

ТАВАҶҶУҲ! Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки хоҳиши муташаккилона ва расмӣ дар хориҷи кишвар кор карданро доранд, метавонанд ба агентӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо муроҷиат кунанд. Хизматрасониҳои агентӣ ва филиалҳои он пурра ройгон буда, тамоми амалҳо шаффоф мебошад аз ҷумла ҳар як корҷуй метавонад давлат, ширкат ва тахассусро интихоб карда, бо корфармо тариқи маҷозӣ ё рӯ ба рӯ саволу ҷавоб карда, интихоб шаванд ва ягон нафар дахолат ё кумак карда наметавонад. Талаботи аксарияти давлатҳо донистани забони давлати қабулкунанда, тахассус, саломатии хуб, доғи судӣ надоштан мебошад. Мисоли барномаи EPS Кореяи Ҷанубӣ ва барномаи «TAWZEEF»-и давлати Қатар, Портали “Кор дар Россия” (Работа в России) ва ғайраҳо мебошад. Тамоми хизматрасониҳои агентӣ ройгон буда, ягон шахси сеюм ё корхона дар интихоб, гузаронидан аз санҷиш, сафарбаркунӣ, тайёр намудани ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон ва ғайраҳо миёнаравӣ, кумак, ё дахолат карда наметавонанд. Аз ҳамин лиҳоз, танҳо шаҳрвандон метавонанд, мутобиқи талаботҳои барномаҳои тасдиқшудаи давлатӣ, ки дар Агентӣ мебошанд истифода кунанд. Дар ҳолати пайдо шудани миёнаравҳо, қаллобон, шахсони сеюм метавонед ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед: 1. Директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа - 918636960; 2. Муовини директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа - 935411111; 3. Роҳбари гуруҳи ҳамкориҳо бо давлатҳои ИДМ - 918888679; 4. Роҳбари гуруҳи ҳамкориҳои байналмиллалӣ - 555551080. Шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, ё аз Федератсияи Россия хориҷ карда шудаанд, дар ҳолати хоҳиш доштанашон метавонанд ба Агентӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо муроҷиат намоянд.