TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #408

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи10,800Број на прегледи
Објавено17 окт.17.10.2025 г., 07:51
Содржина

Содржина на објавата

🇹🇯🇶🇦Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти омодасозии мутахассисон тақвият медиҳанд 📆Рӯзи 16 октябр дар шаҳри Давҳа мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар Лулва бинти Рошид Ал-Хотир баргузор гардид. 🤝Ҷонибҳо масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнат ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва шуғлро баррасӣ карданд. Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Қатар, дар ҷараёни вохӯрӣ имконияти ҷалби мутахассисони тоҷик ба бозори меҳнати Қатар, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар ва табодули таҷриба дар таҳсилоти касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва иртиботи сатҳи олии роҳбарони ду давлат заминаи боэътимод барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Қатар ба ҳисоб мераванд.