TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #421

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи13,900Број на прегледи
Објавено12 ное.12.11.2025 г., 12:11
Содржина

Содржина на објавата

📣 ЭЪЛОН Мусоҳибаи Ронандагони автобус дар Қатар Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷусур» (Jusour)-и давлати Қатар, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар вазифаи Ронандаи автобус даъват менамояд. ЭЪЛОНИ МУҲИМ ОИД БА МУСОҲИБА Мусоҳиба: Мусоҳибаи довталабон барои вазифаи Ронандаи автобус пагоҳ, 13 ноябри соли 2025, соати 11:00 дар суроғаи Агентӣ баргузор мегардад. ТАЛАБОТИ КОРФАРМО * Сину соли мувофиқ аз 21 то 45 сола тибқи созишнома; * Донистани забони англисӣ ва арабӣ (дар сатҳи муошират); * Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияи C, E); * Надоштани доғи судӣ; * Дохил шудан ба Партал (tawzeef.qa). ВАКАНСИЯҲО | Категория | Номгӯи вазифа | |---|---| | НАҚЛИЁТИ АВТОБУС | Ронандагони автобус (Bus Driver) | УҲДАДОРИҲОИ КОРФАРМО ВА ИМТИЁЗҲО * Таъмини ҷойҳои корӣ: Ширкат барои 1000 (ҳазор) нафар ронандагони автобус ҷойи корӣ пешниҳод намуда, аз ин шумора 300 (сесад) нафар таъмин бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд. * Музди асосӣ: QAR = 2184 (= 600 USD). * Илова барои хӯрок (Иловапулӣ): 300 QAR (= 82 USD). * Ҷои истиқомат ва нақлиёт: Таъмин карда мешавад. * Суғурта: Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо. * Рӯхсатӣ: 21 рӯзи таътили солона (пас аз 11 моҳи корӣ). ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ТАМОС Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоянд. * Суроғаи марказӣ: Шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ, бинои 80. * Телефонҳо барои тамос: Дар шаҳри Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994 ва +992 931 137 171. * Дафтарҳои минтақавӣ: Хатлон (+992905 800 063 ва +992 934 878 828), Суғд (+992 928 079 999), ВМКБ (+992 935 101 439). Сомона: https://khorijakor.tj/