TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #426

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи12,400Број на прегледи
Објавено24 дек.24.12.2025 г., 14:25
Содржина

Содржина на објавата

ЭЪЛОН Мусоҳибаи навбатӣ барои вазифаҳои гуногун дар давлати Қатар Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки мусоҳиба бо корфармоёни давлати Қатар баргузор мегардад. ЭЪЛОНИ МУҲИМ ОИД БА МУСОҲИБА Мусоҳиба: Мусоҳибаи довталабон пагоҳ, 25 декабри соли 2025, соати 11:00 дар суроғаи Агентӣ баргузор мегардад. ТАЛАБОТИ КОРФАРМО Сину соли мувофиқ аз 21 то 45 сола тибқи созишнома; Донистани забони англисӣ ё арабӣ (дар сатҳи муошират); Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (барои ронандагон); Надоштани доғи судӣ; Дохил шудан ба партал (tawzeef.qa). ВАКАНСИЯҲО ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ Самти фаъолият: Вазифаҳо ва ихтисосҳои зарурӣ нақлиёт ва логистика ронандагони автобус, таксӣ, мошинҳои боркаш, операторони техникаи вазнин ва ғайра. Техникӣ ва муҳандисӣ механикҳо, барқчиён, таъмиркорони таҷҳизот, рангуборкунандагони автомобил ва ғайра. Хизматрасонӣ ва сайёҳӣ кормандони меҳмонхонаҳо, пешхизматҳо, ошпазҳо, хизматгорони хона ва ғайра. Сохтмон ва саноат кафшергарон (Welder), устоҳои сохтмон, дуредгарон, монтажчиён ва ғайра. Амният ва фурӯш назоратчиёни амниятӣ (Security), фурӯшандагон, хазинадорон, боррасонҳо ва ғайра. Дигар вазифаҳо зиёда аз 60 номгӯи вазифаҳои ёрирасон ва техникӣ барои мардону занон. УҲДАДОРИҲОИ КОРФАРМО ВА ИМТИЁЗҲО Таъмини ҷойҳои корӣ: Ширкат зиёда аз 1000 ҷойи корӣ дар соҳаҳои мухталиф пешниҳод менамояд. Музди асосӣ: Аз 2000 то 3000 QAR (вобаста ба вазифа ва ихтисос). Иловапулӣ (барои хӯрок): 300 QAR (= 82 USD). Ҷои истиқомат ва нақлиёт: Аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад. Суғурта: Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ мувофиқи қонунгузории Қатар. Рӯхсатӣ: Таътили солонаи пулакӣ (пас аз 11 моҳи корӣ). ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ТАМОС: Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоянд. Суроғаи марказӣ: Шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ, бинои 80. Телефонҳо барои тамос:221-39-67, +992 55 555 1080+992 987 906 666, +992 918 391 575+992 930 934 994, +992 931 137 171 Дафтарҳои минтақавӣ: Хатлон: +992 905 800 063 Суғд: +992 928 079 999 ВМКБ: +992 935 101 439 Сомона: https://khorijakor.tj/