Содржина на објавата
Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки бақайдгирии хоҳишмандон барои бокортаъминкунӣ дар Корея ҷанубӣ тибқи низоми EPS topik ба роҳ монда шудааст. Талаботи иштирок: - донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik; - синну сол аз 18 то 38 сола; - надоштани доғи судӣ; - надоштани ихроҷшавӣ (депортация) аз Корея; Эзоҳ: Нафароне, ки тибқи талаботи низоми EPS topik мехоҳанд барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея раванд вале забони кореягиро намедонанд, дар агентӣ барои омузиши забони кореягӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карда мешавад. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80, телефонҳо барои тамос: 221-39-83, 221-39-67, 930934994 (Whatsapp, Telegram). Инчунин барои гирифтани маълумот вобаста барои кор рафтан ба Корея метавонед ба канали https://t.me/egencyemploymentabroad обуна шавед.