Содржина на објавата
📢 ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ МУСТАҚИМ БО КОРФАРМОЁНИ ДАВЛАТИ ҚАТАР Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки мусоҳиба бо намояндагони ширкати «Jusour» (Qatar Manpower Solutions Co.), ки 6 ширкати бузургтарини Қатарро муттаҳид мекунад, баргузор мегардад: Ali Bin Ali — Пешво дар бахши логистика ва савдо. UDC (United Development Company) — Таҳиякунандаи лоиҳаи "The Pearl-Qatar". Rosewood Hotels — Шабакаи меҳмонхонаҳои боҳашамат. Accor Hotels (Fairmont ва Raffles) — Гурӯҳи бузурги меҳмонхонадории ҷаҳон. Marriott Group — Шабакаи байналмилалӣ (Ritz Carlton ва Sheraton). Qatar Airways — Ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар. 📅 ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБА ВА МАКОН: МАКОН: Шаҳри Душанбе, бинои меҳмонхона ва маркази савдои Crowne Plaza: Dushanbeкӯчаи Низомии Ганҷавӣ 1 дар рӯбаруӣ тарабхонаи Чаманоро (ВДНХ) дар шаҳраки донишҷӯён (Ҷазира) қарор дорад. Рӯзи якум: 25 январ (ЯКШАНБЕ) — Оғоз: Соати 10:00. Рӯзи дуюм: 26 январ (ДУШАНБЕ) — Оғоз: Соати 09:00. Рӯзи сеюм: 27 январ (СЕШАНБЕ) — Оғоз: Соати 09:00. ⚠️ ТАЛАБОТИ ХАТМИИ ЛИБОС (ДРЕСС-КОД): Довталабон бояд ҳатман бо намуди зоҳирии расмӣ (протоколӣ) ҳозир шаванд: Костюм, шими расмӣ, пироҳани сафед, галстук ва пойафзоли классикӣ. Шахсони бе либоси расмӣ ба мусоҳиба роҳ дода намешаванд. 💼 ВАКАНСИЯҲО: Илова ба бахшҳои меҳмондорӣ, логистика ва ҳавопаймоӣ, МИҚДОРИ ХЕЛЕ ЗИЁДИ вазифаҳои дигар (техникӣ, ронандагӣ, хизматрасонӣ ва ғайра) мавҷуданд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ: Маркази асосӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 📱 +992 918 391 575 | +992 930 934 994 Намояндагиҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 93 999 0909, +992 88 440 6633 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»