TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #439

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи4,250Број на прегледи
Објавено2 апр.02.04.2026 г., 03:51
Содржина

Содржина на објавата

Муроҷиат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ХУДРО АЗ КОРФАРМОЁНИ ҚАЛЛОБ ДАР МУҲОҶИРАТ ҲИМОЯ КУНЕД! Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи ҳамватанон мерасонад, ки вобаста ба масъалаи дар хориҷи кишвар ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳолатҳои қаллобӣ афзоиш ёфта истодааст. Афроди қаллоб бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, Telegram) ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро гӯйё бо ҷойӣ кори хуб таъмин мекунанд фиреб медиҳанд. Дар аввал суроғаҳои худро нишон медиҳанд, вале баъд аз гирифтани маблағ худро зуд бедарак месозанд ва ёфтани онҳо номумкин мешавад. ⚠️ НИШОНАҲОИ АСОСИИ ҚАЛЛОБОН: Қаллобон одатан ваъдаҳои зеринро истифода мебаранд: * 💰 Маошҳои аз ҳад зиёд баланд ва ҷойҳои кории «афсонавӣ»; * ⚡️ Омода намудани ҳуҷҷатҳои сафар дар муддати хеле кӯтоҳ; * 🚫 Кафолати 100%-и гирифтани раводид (виза) бе тафтишоти расмӣ. ⚠️ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: Ҳадафи асосии ин нафарон бо фиреб гирифтани маблағи шумо аст. Дар натиҷаи бо онҳо ҳамкорӣ кардани Шумо ҳам маблағи худро аз даст медиҳед, ҳам ҳуҷҷатҳоятон онҳо нобуд мекунанд ва ҳам маълумотҳои шахсии интишор мешавад. ✅ ТАВСИЯҲОИ МУҲИМ БАРОИ ШУМО: * Ба миёнаравони номаълум ва хабарҳои беасоси онҳо бовар накунед. Ҷойҳои кориро аз саҳифаҳои шубҳаноки шахсони алоҳида пайдо накунед. * Бо Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос шуда аз онҳо расман машварати гиред. Пеш аз сафар ҳатман ба мақомоти давлатӣ, Муассисаи давлатӣ «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат намоед. * Маълумоти шахсии худро аз ҳаргуна нафарони фиребгар ҳифз кунед. Ҳеҷ гоҳ нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба нафарони шубҳанок нафиристед, ки оқибатҳои нахуб дорад. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА МАШВАРАТ: Агар шумо ба ягон пешниҳод шубҳа доред ё мехоҳед маълумоти иловагӣ гиред, лутфан ба рақамҳои зерин занг занед: Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 930 934 994 (WhatsApp, Telegram) 📱 +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 Намояндагиҳо дар минтақаҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633. 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 Ва иловагӣ: 📞 118 119 810 📞 118 119 820 📞 225 05 75 Аз дӯстон ва наздикони худ хоҳиш намоед, ки эҳтиёткор бошанд! Барои маълумоти пурра ва расмӣ метавонед ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, аз хизматрасониҳои ройгон истифода намоед. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон