Содржина на објавата
📢 ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ ОНЛАЙН БАРОИ КОР ДАР ҚАТАР (ШИРКАТИ «AL MANA») Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Jusour»-и Давлати Қатар, шаҳрвандонро ба мусоҳибаи онлайн барои кор дар шабакаи қаҳвахонаҳои маъруфи «Caribou Coffee Qatar» даъват менамояд. 💼 ВАКАНСИЯҲОИ МАВҶУД: 15 нафар — Бариста (тайёркунандаи қаҳва); 10 нафар — Пешхизмат (мард/зан) / Кассир; 5 нафар — Тайёркунандаи сандвич (Sandwich Artist). 💰 ШАРОИТҲОИ КОРӢ: 🏠 Ҷойи зист (манзил) таъмин карда мешавад; 🚌 Нақлиёт барои рафтуомад таъмин аст. 📅 ВАҚТ ВА МАКОНИ МУСОҲИБА: Мусоҳиба ба таври онлайн (тариқи Microsoft Teams) баргузор мегардад. Рӯзи чоршанбе: 08 апрели соли 2026 Оғоз: соати 11:00 (бо вақти Қатар) / соати 13:00 (бо вақти Тоҷикистон). ⚠️ ДАСТУРҲОИ МУҲИМ БАРОИ ДОВТАЛАБОН (ХАТМӢ): Ирсоли пешакии CV: Нафароне, ки хоҳиши иштирок дар мусоҳибаро доранд, бояд пеш аз оғози мусоҳиба тарҷумаи ҳоли (CV)-и худро ба рақами WhatsApp-и Агентӣ ирсол намоянд. Намунаи CV: Барои дуруст пур кардани тарҷумаи ҳол, ҳатман ба намунаи (шаблон) ва видео-дастур таваҷҷӯҳ кунед. Омодагӣ: Довталабон бояд бо забони англисӣ ва намуди зоҳирии расмӣ дар мусоҳиба ҳозир шаванд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА ИРСОЛИ CV: Маркази асосӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 987906666 (WhatsApp, Telegram) — барои ирсоли CV ва гирифтани намуна 📍 Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80. 🗺 Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19 МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» 38°34'49.3"N 68°48'06.2"E Find local businesses, view maps and get driving directions in Google Maps.