@somonair · Post #840 · 30.01.2025 г., 11:44
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ширкати лизингии DAE Capital (АМА) барои харидории ду ҳавопаймои нави Boeing 737-8 қарордод ба тасвиб расонид. Ҳавопаймоҳои мазкур соли 2026 парки ширкати ҳавопаймоиро ғанӣ гардонида, мавқеи Сомон Эйр-ро ҳамчун интиқолдиҳандаи пешбари Тоҷикистон тақвият мебахшанд. Созишномаи хариди ду ҳавопайморо дар Душанбе Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев ва Президенти ширкати лизингии DAE Capital (АМА) Дэвид Ҳулиҳан ба имзо расониданд. Маросими тасвиби Созишнома дар саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” баргузор шуд. Маълумоти муфассал дар ин ҷо - https://www.somonair.com/tg/news/content?news=137 #сомонэйр#daecapital#boeing
Hashtags