Recent posts
Page 1 of 85 · 1,017 posts
Posted May 9
БО ШАРҲ дигаронро намедонам, аммо ман нахоста будам😁 #акс #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Posted May 9
Ба чӣ меандешед? ❤️- ба зиндагӣ ❤️🔥- ба муҳаббат 👍- ба пул 🔥- вақти андеша кардан надорам 👀- надонам ✍- дар шарҳ менависам #пурсиш #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Posted May 9
Владимир Маяковский ҳангоми суханронӣ дар як муассисаи олии таълимӣ мегӯяд: — Миёни русҳо худамро рус ва миёни гурҷиҳо худамро гурҷӣ эҳсос мекунам... Як нафар аз толор бо садои баланд мепурсад: — Миёни аблаҳон чӣ? Маяковский дарҳол ҷавоб медиҳад: — Ростӣ, бори аввал аст ки миёни аблаҳонам. #иқтибос #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Posted May 8
КИРО КӢ ЗАН ДОДААСТ?) Чанд лаҳза пеш назди як рафиқ дар як корхонаи давлатӣ будам. Суҳбат атрофи бародариву зангирӣ ҷараён гирифт. Дар утоқи корӣ се-чор нафар нишаста будем. Яке гуфт, ки дар синни 23-солагӣ, дигаре гуфт дар 26–27-солагӣ зан гирифтааст. Савол пайдо шуд: Кӣ занат дод?) Яъне, бо маблағи худат тӯй кардӣ ё бо ёрии падару бародар?) Бовар мекунед, қариб ҳамагӣ бо ханда як ҳарф гуфтанд: Маро бародарам зан дод. Дигаре гуфт: Вақте гуфтанд, ки занат медиҳем, ҳатто 3–4 ҳазор сомонӣ надоштам. Шукри падару бародарон, ки тӯямро гузарониданд, вагарна ҳоло ҳам муҷаррад мегаштам...)) Хулоса, боз киро кӣ зан додааст? 🙂 ✍️Ҷамолиддин Фахриддин
Posted May 8
#ҳарфи_хуб
Hashtags
Posted May 8
Навиштаи пушти як китоби дарсӣ 🔥
Posted May 8
✍ Евгений Шварс Аввалин аломати як инсони воқеан боистеъдод ин аст ки аз комёбии нафари дигар шод мешавад. #иқтибос #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Posted May 7
Дафтари даврони донишҷӯӣ🔥
Posted May 7
Боз омадам чун иди нав то қуфли зиндон бишканам, В-ин чархи мардумхорро чанголу дандон бишканам. Ҳафт ахтари беобро к-ин хокиёнро мехӯранд, Ҳам об бар оташ занам ҳам бодҳошон бишканам. Аз шоҳи бе оғоз ман паррон шудам чун боз ман, То ҷуғди тӯтихорро дар дайри вайрон бишканам. З-оғоз аҳде кардаам, к-ин ҷон фидои шаҳ кунам, Бишкаста бодо пушти ҷон гар аҳду паймон бишканам. Имрӯз ҳамчун Осифам, шамшеру фармон дар кафам, То гардани гарданкашон дар пеши султон бишканам. Рӯзе ду боғи тоғиён гар сабз бинӣ, ғам махӯр, Чун аслҳои бехашон аз роҳи пинҳон бишканам. Ман нашканам чуз ҷаврро ё золими бадғӯрро, Гар заррае дорад намак, габрам агар он бишканам. Гаштам муқими базми ӯ чун лутф дидам азми ӯ, Гаштам ҳақири роҳи ӯ то соқи шайтон бишканам. #мавлоно #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Posted May 7
Шабе ки моҳ арғувонӣ буд... "Шабе ки моҳ арғувонӣ буд", романи нависанда ва журналисти шинохта Соҷидаи Мирзо. Ду рӯз ин китоб маро комилан шефтаи худ кард. Бо қаҳрамонҳояш зиндагӣ мекардам, дар хаёл ғарқ мешудам ва баъзе саҳнаҳояш ҳанӯз ҳам аз пеши назар мегузаранд. Шояд то замоне, ки ба китоби дигаре ё сафаре дил набандам... Фарҳод, қаҳрамони ин роман маро дубора ба солҳои сахту сарди 1995–1997 бурд. Ба он рӯзҳое, ки ман ҳам мисли ҳазорҳо ҳамдиёрони дигар муҳоҷири мулки Рус будам. Солҳое ки ҷавонӣ миёни вокзалҳои сард, қаторҳои даҳшатовар, зимистони Сибир ва ғарибии бераҳм гум мешуд... Соҷидаи Мирзо дар ин романи худ рӯзгору сарнавишти Фарҳод ва ҳазорон муҳоҷири тоҷикро чунон нозуку воқеӣ тасвир мекунад, ки гӯиё худ миёни онҳо зиндагӣ кардааст. Ҳар ҷумлааш бӯйи дард, ғарибӣ ва интизорӣ дорад. Аз образофарӣ, тасвирҳо ва ҷумлаҳои пурнозуки ӯ лаззат мебарам. Маълум аст, ки дар деги адабиёт хуб пухтааст. Вокзали оҳан, милисаҳо, роҳбаладҳо, муҳоҷирон, шабҳои сард ва тарси ғарибӣ... ҳамаи ин барои ман ошност. Ин роман хотираҳои хомӯшшудаи маро дубора зинда кард. Он солҳо муҳоҷирони мо на танҳо аз бегонагон, балки аз баъзе ҳамватанони худ низ ҳарос доштанд. Барои ду пули ҳаром нишонии кору зисти ҳамдиёрашонро ба рекету милиса медоданд. Шабона маоши бо азоб ёфтаи муҳоҷирро медуздиданд. Дар қаторҳо мегаштанду аз муҳоҷирони хаста охирин пайсаашонро мегирифтанд... Тирамоҳи соли 1995 аз вокзали Оренбург ба самти Тошканд мерафтам. Ҳанӯз ба истгоҳи Илеск, сарҳади Русияву Қазоқистон нарасида будем, ки гурӯҳе аз тоҷикбачаҳо маро ба тамбӯри қатор бурданд. Куҷо меравӣ? Аз куҷо омадӣ? Чӣ қадар кор кардӣ? Аз ин пурсишҳо ҳайрон шуда гуфтам: Шумо кӣ ҳастед? Милиса? Ҳамин ки ин суханро гуфтам, мушти сахте ба даҳонам нишаст... (ҳанӯз ин дард азобам медиҳад) Ногаҳон яке фарёд зад: Шеф омад! Кош намеомад... Ӯ маро дида шинохт: Иии, худат ҳастӣ? Бачаҳо хомӯш шуданд. Каме сӯҳбат кардем. Шояд пай бурд, ки ҳузураш барои ман нофорам аст. Дар охир гуфт: То аз сарҳад гузаштан касе ба ту даст намерасонад. Он тарафаш паноҳат ба Худо... Ва рафт. Баъди чанд сол ҷасади ҳамон “шеф”-ро ба ватан оварданд. Гуфтанд мошинашро таркондаанд... Азоби муҳоҷиратро танҳо касе мефаҳмад, ки он рӯзҳоро бо чашми худ дидааст. Он шабҳои сард, он таҳқирҳо, он тарсу умедҳо ҳеч гоҳ аз хотира намераванд. Ташаккур ба Соҷидаи Мирзо барои ин романи пурмоҷаро ва пурдарди як навраси тоҷик. Ин китоб на танҳо саргузашти Фарҳод, балки қиссаи ҳазорон ҷавони тоҷик аст, ки солҳои ғарибиро бо дили пур аз орзу пушти сар карданд. Шояд рӯзе ман ҳам он хотираҳоро рӯи қоғаз биёрам...агар умр вафо кунад... ✍️Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор #дидгоҳ #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Posted May 7
📚 C. S. Lewis Мо китоб мехонем, то бифаҳмем, ки танҳо нестем.
Posted May 7
✍Федор Достоевский Биомӯзед ва бихонед. Китобҳои ҷиддиро мутолиа кунед. Дигараш худ ба худ рӯ ба роҳ мешавад. #иқтибос #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj