Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
“Шумо, барҳақ, ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ эҳтироми баланд доред. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо муваффақият пеш рафта, дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳиму созанда дорад”. - Владимир Путин
“Ман рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистонро баланд қадр мекунам, дӯстии амиқи байни моро азиз медонам, омодаам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо саъй намоям, то ҳамкории ҳамаҷонибаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи нав бардорем ва ба шукуфоии муштараки Чин ва Тоҷикистон такони нав бахшем”. - Си Ҷинпин
“Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори ботаҷрибае мешиносем, ки сазовори эҳтиром ва эътирофи баланди халқи худ гардида, истиқлолияти давлатро таъмин намудааст ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин таҳкими нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст”. - Шавкат Мирзиёев
“Дастовардҳои дурахшони Тоҷикистони бародар дар самти навсозии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин, нуфузи баланди давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ном ва фаъолияти созандаи Шумо ҳамчун Сарвари давлат робитаи ногусастанӣ доранд”. - Қосим-Жомарт Токаев
“Комёбиҳои бузург, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ба даст омадаанд, дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодии кишвар ва таҳкими обрӯ ва эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи Шумо алоқамандии ногусастанӣ доранд”. - Сердар Бердимухамедов
“Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо ба комёбиҳои бузург даст ёфта, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ устуворона мустаҳкам менамояд”. - Гурбонгули Бердимуҳамедов
“Сиёсати давлатие, ки Шумо пеш мебаред, ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишваратон, болоравии некӯаҳволии мардум ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон мусоидат менамояд” - Садир Жапаров
“Тоҷикистони бародар зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо бо роҳи устувору мутавозини тараққиёт пеш рафта, дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи дигаргуниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфтааст. Фаъолияти пайвастаи Шумо дар вазифаи олии давлатӣ, ки дар тамоми соҳаҳо саршор аз дастовардҳо аст, ба Шумо ҳам дар давлати худ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори зиёд овардааст”. - Илҳом Алиев
“Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва мутавозин, таҷрибаи ғании идоракунӣ ва дурандешии сиёсии Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона рушд намуда, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад. Итминон дорам, ки меҳнати фидокоронаи Шумо ба нафъи мамлакат минбаъд низ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони он ва ҳифзи сулҳу оромиш дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард”. - Александр Лукашенко
“Зодрӯзи Ҷаноби Олиро шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Туркия аз таҳти дил табрик намуда, бароятон умри дарози босубот дар канори наздиконатон орзумандам.” - Реҷеп Тайип Эрдоган
“Меҳнатдӯстӣ, сифатҳои шахсӣ ва таҷрибаи ғании сиёсии Шумо ба рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузи давлати Шумо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.” - Нурсултон Назарбоев
“Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ, инчунин, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам”. - Мансур бин Зойид оли Наҳён
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Click to view images 1 image Аз пандҳои Пешвои миллат: “Номи падару модарро фарзанд ҷовидон мекунад, агар тарбия карда бошем”.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики
Click to view images 1 image Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
29.01.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики
Click to view images 10 images 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг”-ро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи 5 иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ шинос шуданд.
Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг” аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки аз Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Дар корхонаи саноатӣ шумораи кормандон мувофиқ ба талаботи бозор ва иқтидори хатҳои технологӣ тадриҷан ба 50 кас расонида мешавад. Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот аз ҳадафҳои асосии фаъолияти корхона мебошад.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Click to view images 10 images 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд.
Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Click to view images 7 images 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз толори калони маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори Шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки пеш аз ҳама ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Click to view images 5 images 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарияти вилоят истиқбол намуданд.
Ҳар як сафари кории Пешвои миллат ба тамоми гушаву канори кишвар ин пайки шодию нишот, марҳилаи рушди нави бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар мегардад, хусусан дар фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Click to view images 7 images 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.
Тавоноии лоиҳавӣ дар корхонаи қаблӣ коркарди 5 тонна маҳсулот ва истеҳсоли 8 ҳазор қуттиро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Хатҳои нави технологӣ дар марҳилаи дуюм бо коркарди 10 тонна маҳсулот истеҳсолотро ба зиёда аз 20 ҳазор дона баробар намуд.
Нишондоди лоиҳавӣ дар ҳарду марҳилаи корхона ба коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ баробар гардид.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Суғд#Согд#Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Click to view images 3 images 17 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардид. Роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд. Тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Дар ин замина, Пешвои миллат ба имкониятҳои зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора карданд. Ҷонибҳо инчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
17 февраля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Премьер-министра Республики Узбекистан уважаемого Абдулла Арипова, находящегося в городе Душанбе с рабочим визитом.
В ходе беседы стороны обсудили состояние и перспективы комплекса таджикско-узбекских отношений стратегического партнерства и союзнического взаимодействия. Были рассмотрены пути дальнейшего их развития и расширения. С удовлетворением была отмечена позитивная тенденция роста показателей взаимной торговли и инвестиционного сотрудничества. В этом контексте Лидер нации указал на большие возможности для дальнейшего продвижения этого процесса в различных секторах промышленности, энергетики, транспорта, сельского хозяйства и в других отраслях, представляющих взаимный интерес. Стороны также выразили заинтересованность в дальнейшем расширении культурно-гуманитарного обмена.
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики#Узбекистон#Узбекистан#Uzbekistan
Click to view images 10 images Ба истифода додани сардхона, боздид аз гармхона, муаррифии 4 лоиҳаи корхонаи нави саноатӣ, ифтитоҳи корхонаи хишт ва қубурҳо дар шаҳри Турсунзода
#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Турсунзода#Tursunzoda
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube