TGINSIGHT CHAT
Вазорати меҳнат
@mlmert
CareerСаҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Неодамнешни објави
Страница 9 од 17 · 204 објави
Објавено 6 дек.
Хати оҷилӣ дар самти муҳоҷират хидматгузори Шумо! Бо мо саволи Шумо бе ҷавоб нахоҳад монд.
Објавено 4 дек.
Ба ватсап гурӯҳи #Хати оҷилӣ ворид шуда, дар хусусӣ муҳоҷират ва дигар масъалаҳои вобаста ба он маълумот гиред. https://chat.whatsapp.com/HxWXiMeXuo9LbeCXkSsxIz
Hashtags
Објавено 4 дек.
Ба маълумоти шаҳрвандон расониданием! Ёдовар мешавем, ки Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли 2024 ба кор шурӯъ кард. Он дар бинои Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, ҷойгир буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Россияро доранд, аз ҷумла санҷиши воридшавӣ, гирифтани изи даст, муҳоҷирати қонунӣ, бехатар ва муназзам дар ҳудуди Федератсияи Россия ба фаъолият оғоз намудан, муосидат менамояд. Ин имконият медиҳад, ки Шумо дар Фурудгоҳҳои қаламрави Россия мунтазири омодашавӣ ва назорати ҳуҷҷатҳоятон нашуда дар муҳлати кутоҳтарин, бемамоният аз санҷишҳои мақомотҳои салоҳиятдор бе мамоният гузаред. Ҳамзамон, бо дарназардошти дархосту пешниҳодҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо аз ҷониби Намояндагӣ кам карда шуд, яъне аз 1 декабри соли 2024 – арзиши хизматрасонӣ ба 153 сомонӣ оварда расонида шуд. Пеш аз ин, хизматрасонӣ - 460 сомониро ташкил медод. Инчунин, агар шаҳрванд хоҳиши гирифтани изи даст дошта бошад, он вақт ӯ метавонад онро бо нархи арзон 60 сомони дастрас намояд. Бояд қайд кард, ки гирифтани изи даст да ФР 3000 рублро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, хоҳиш карда мешавад, ки шаҳрвандоне, ки ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади фаъолияти корӣ сафар менамоянд, аз хизматрасониҳои Намояндагӣ истифода намоянд. #Тоҷикистон#Россия#муҳоҷират#мигранты#кор#сафар#айрапорт#отпечатокпальца
Објавено 4 дек.
Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз кишвар гузаронида мешавад. Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1 декабри соли 2024 то 30 июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии в. Москва (Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский), инчунин тавассути убури марз аз нуқтаи гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд бигиранд. Дар марҳилаи дуюм, аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад. Инчунин профилро мустақилона дар барномаи “RuID” ташкил додан имкон дорад. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд хоҳад буд ва имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад (масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират). Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Госуслуги” ворид карда мешавад. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм, яъне аз 30.06.2025 то 30.06.2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан) -ро пешниҳод намоянд. Бояд қайд кард, ки ин навоварӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти соҳаи муҳоҷират равона гардидааст. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Објавено 4 дек.
https://www.facebook.com/share/p/1DR6trob4X/?mibextid=WC7FNe
Објавено 29 ное.
Иштирок дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Қатар Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2024 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади пайгирии супоришҳо аз натиҷаи сафарҳои сатҳи олии Тоҷикистону Қатар ба шаҳри Дохаи Давлати Қатар сафари хизматӣ анҷом дод. Тибқи барномаи сафар 25 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баргузор гардида, дар идома ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 баргузор гардид.
Објавено 24 ное.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Објавено 23 ное.
ВКД Русия сар аз имрӯз шаҳрвандии шахсонеро бекор мекунад, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале савганд ёд накарданд. Меъёрҳои дахлдор дар фармони президенти Русия оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ муқаррар карда шудаанд.
Објавено 22 ное.
Хабарҳои бардурӯғ Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғл (номи дуруст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунед. Эълони мазкур асоси воқеӣ надорад. Хабарҳои расмии вазоратро дар ин ҷо https://www.facebook.com/mlmert/ ва сомонаи вазорат www.mehnat.tj пайгирӣ намоед.
Објавено 22 ное.
https://www.facebook.com/share/1EtkZ4Jxux/?mibextid=WC7FNe
Објавено 16 ное.
Објавено 11 ное.
Ба саҳифаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиктстон @mlmert обуна шавед.