TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Назад кон каналите
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT CHAT

Вазорати меҳнат

@mlmert

Career

Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan

Претплатници1.1万Тековни претплатници
Следени објави204Број на индексирани објави
Неодамнешен опфат197,100Збир на неодамнешни прегледи
Неодамнешни објави

Неодамнешни објави

Страница 7 од 17 · 204 објави

Објавено 11 јан.

Ҳатман бо ин Фармон шинос шавед ба манфиати коратон аст! Алалхуссус он нафароне ки дар ФР ҳастанд.

15,100 views

Објавено 11 јан.

15,100 views

Објавено 11 јан.

13,600 views

Објавено 11 јан.

12,200 views

Објавено 11 јан.

11,600 views

Објавено 11 јан.

10,900 views

Објавено 11 јан.

11,200 views

Објавено 11 јан.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.24, №1126 нашр шудааст, ки ба пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират равона гардида, хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро, ки бояд ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда шаванд, муайян мекунад. Фармон бо мақсади татбиқи Қонуни федералии аз 8 августи соли 2024, №260-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» инчунин мӯҳлати чормоҳаро (аз 1 январи соли 2025 то 30 апрели соли 2025) муқаррар кардааст, ки дар давоми он шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо вайрон кардани мӯҳлати будубош қарор доранд ва ё корфармоёни онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз ҷумла тавассути муассисаҳои ваколатдор (намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия, ки қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд ё Муассисаи давлатии буҷетӣ ММБ "Сахарово") барои танзими вазъи ҳуқуқӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузаронидани расмиёти муайянкунии биометрии шаҳрвандони хориҷӣ, ташхиси тиббӣ барои бемориҳои хатарнок, истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин санҷиши қарзҳо оид ба пардохти боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст. Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия аризаҳоро оид ба дароз кардани муҳлатҳои иқомат аз шаҳрвандони хориҷие қабул мекунад, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат надоранд. Аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки қоидаҳои иқоматро вайрон кардааст, барои танзими вазъи ҳуқуқии худ бояд ба мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД Россия ё намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия дар ҷойи иқомати худ муроҷиат кунад. Мутобиқи Фармони мазкур нисбати шахсони муроҷиатнамуда чораҳои вобаста ба ихроҷ, ҷойгир кардан дар муассисаҳои махсус ва инчунин манъи вуруд татбиқ карда намешаванд. Баъд аз гузаштани расмиётҳои муайяншуда, ба онҳо ҳуҷҷати қонунӣ барои будубош дода мешавад. Бо фармони мазкур асосҳо барои рад кардани танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин манъи истифодаи ягон маҳдудият ва чораҳои маҷбуркунии давлатӣ нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки бо Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия шартнома бастаанд, муайян карда шудаанд. Ҳалли масъалаи барасмиятдарории вазъи ҳуқуқӣ пас аз 1 майи соли 2025 ғайриимкон мегардад. Аз санаи мазкур нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Федератсияи Россия асосҳои қонуниро аз даст додаанд, то ихроҷ шудани онҳо аз Россия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани қисме аз ҳуқуқҳо, аз ҷумла дар оянда ворид шудан ба Россия татбиқ карда мешаванд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

13,300 views

Објавено 7 јан.

Шаҳрвандони гиромӣ! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 1-уми январи соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст. Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муввақатӣ (РВП) ё Иҷозати доимӣ (ВНЖ) ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр, ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин Қоида ҳар сол аз 1 январ оғоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад. Барои дастрас намудани маълумоти мухтасар доир ба Қоидаи 90/365 Шумо метавонед ба мутахассисони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо муроҷиат намоед ё ба телефони “Хати оҷилӣ” 900 800 800 занг занед.

21,000 views

Објавено 3 јан.

Ин боти сохтаи мо барои осонии кори Шумост. Бо истифода аз ин бот Шумо метавонед номи худро аз рйхати 120 000 буда бо дарҷи сана моҳ ва соли таваллуд ёбед. @mehnat_tj_bot бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.

23,000 views

Објавено 3 јан.

🗣🗣🗣🗣🗣 Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ба ин пайванд ворид шавед ва мухтасари эълонро пайгирӣ намоед. http://tajmigration.ru/news/2255-elon-ba-tava12071207u1203i-sha1203rvandoni-1206um1203urii-to1207ikiston.html

23,800 views

Објавено 30 дек.

Вохӯрии гурӯҳи кории Хати оҷилӣ!

26,300 views
12•••5678910•••1617
ПретходнаСтраница 7 од 17Следна