Последние посты
Стр. 7 из 85 · 1,017 постов
Опубликован 15 апр.
#ҳарфи_хуб #пурсиш —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj
Hashtags
Китоб... ❤️- зиндагист ❤️🔥- ишқ аст 🔥- оташе барои гармии ҷон аст ✍️- дард аст 👍- саргармист 👎- намедонам #фонус #пурсиш —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj
Опубликован 14 апр.
Мехонам аз Ватан ки хонаи ман аст, Шукри Худо хонабадуш нестам. Ҷурм бар хубу бадам назан ки ман Ҳарончиям ватанфурӯш нестам. ✍️?
✍️Уилям Шекспир Ман шуморо ба як ҷанги зеҳнҳо даъват мекардам, аммо мебинам, ки шумо бидуни силоҳ ҳастед!😀 #фонус #иқтибос —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj
Опубликован 14 апр.
Каломи Ҳофизи ман, Саъдии ман, Рӯдакии ман, Забони модарии ман! таронаи зебое аз Соҳиб Назриев
Опубликован 14 апр.
Мехонам аз Ватан ки хонаи ман аст, Шукри Худо хонабадуш нестам. Ҷурм бар хубу бадам назан ки ман Ҳарончиям ватанфурӯш нестам. ✍️?
Опубликован 14 апр.
Ҳикояти қатраи борон Қатраи бороне аз абр ба поён мечакид. Вақте паҳнои дарёро дид, хиҷолат кашид ва бо худ гуфт: «Дар ҷое, ки дарё ҳаст, ман кистам? Агар он ҳаст, ман нестам». Чун худро ин қадар кӯчак диду хоксорӣ кард, садафе ӯро дар оғӯш гирифт ва он қатра дар шиками садаф ба марвориди гаронбаҳо табдил ёфт. Баландӣ аз он ёфт, к-ӯ паст шуд, Дари нестӣ куфт, то ҳаст шуд. Аз "Бӯстон"-и Саъдии Шерозӣ
Опубликован 13 апр.
Ба фаъолият ва тавонмандии худ чӣ баҳо медиҳед? ❤️- 5 ❤️🔥- 4 🔥- 3 👍- 2 👎- 1
Опубликован 13 апр.
✍️Меҳсатии Ганҷавӣ Ман аҳди ту сахт суст медонистам, Бишканистани он дуруст медонистам. Ин душманӣ, эй дуст, ки бо ман зи ҷафо Охир кардӣ, нахуст медонистам.
Опубликован 13 апр.
Содагии фарде хандаовар, содалавҳии миллате фоҷиабор аст. ✍️Гулрухсор Сафӣ
Опубликован 12 апр.
✍Бозор Собир ВАТАН Замини бора-бораам, Замини гоҳвораам, Замини ширхориам, Замини модарии ман, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан. Кафи ду пои ман туро Ба бӯса мезанад қадам, Ба бӯса мезанад қалам, Ба бӯса мезанад рақам, Замини модарии ман, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан. Ту ришта-ришта дар вуҷуд Нишаста ҳамчу тору пуд. Ту қатра-қатра дар бадан Маро чу хуни хештан, Замини модарии ман, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан. Агар касам, каси туам, Агар хасам, хаси туам, Ба пилки дида гарди ту, Ба рӯи чашм марди ту, Замини модарии ман, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан. بازار صابر وطن زمینِ باره بارهام، زمینِ گاهوارهام، زمینِ شیرخواریم، زمینِ مادریِ من، وطن، وطن، وطن، وطن. کفِ دو پایِ من تو را به بوسه میزند قدم، به بوسه میزند قلم، به بوسه میزند رقم، زمینِ مادریِ من، وطن، وطن، وطن، وطن. تو رشتهرشته در وجود نشسته همچو تار و پود. تو قطرهقطره در بدن مرا چو خونِ خویشتن، زمینِ مادریِ من، وطن، وطن، وطن، وطن. اگر کسم، کس توام، اگر خسم، خس توام، به پلکِ دیده گرد تو، به رویِ چشم مرد تو، زمینِ مادریِ من، وطن، وطن، وطن، وطن.