TGTGInsightаналитика telegramLIVE / telegram public index
К списку каналов
ФОНУС (fonews) avatar

TGINSIGHT CHAT

ФОНУС (fonews)

@fonustj

Новости и СМИ

Фаротар аз хабар

Подписчики691Текущее число подписчиков
Постов1,017Проиндексировано постов
Охват2,690Просмотры последних постов
Последние посты

Последние посты

Стр. 9 из 85 · 1,017 постов

Опубликован 9 апр.

Душмани доно баландат мекунад, Бар заминат мезанад нодони дӯст. © Саъдии Шерозӣ #шоҳбайт Моро ҳамроҳӣ кунед » @donish_su

198 views

Опубликован 8 апр.

Истиқболи Тоҷикистон аз тавофуқи оташбаси Омрико ва Эрон Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз барқарории оташбаси Эрону Омрико истиқбол кардааст. Дар баёнияи ВКХ умедворӣ шудааст, ки музокироти зарфи рӯзҳои ояндаи тарафҳои даргир ба сулҳе пойдор ва фарогир дар минтақа мунҷар шавад. Тоҷикистон мегӯяд, ки итминон дорад ин даргирӣ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъияти аз пеш печидаи Ховари Миёнаро вахим мекунад ва ба ҳама кишварҳои минтақа хисороти азиме ворид хоҳад кард. Тоҷикистон бори дигар аз кишварҳои даргир хостааст, ки аз эъмоли зӯр даст бардоранд ва бо пойбандӣ ба усули бунёдии ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид аз шеваҳои сиёсӣ ва дипломутик истифода кунанд. #фонус #хабар —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj

218 views

Опубликован 8 апр.

БИДУНИ ШАРҲ ©️Куруш Каххори #фонус #акс —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj

206 views

Опубликован 8 апр.

189 views

Опубликован 8 апр.

Саволи ноҷо Оташбаси дуҳафтаӣ дар рӯзи 39 ҷанги исроилхоста ва пас аз мавҷи 99-и "Ваъдаи содиқи 4" эълом шуд. Ё мавҷи 100?

200 views

Опубликован 7 апр.

ФИКРИ БИКР (17) Марди порсое аз деҳи ҳамсояи мо, ки ҳанӯз ба 70 нарасида буд, бидуни онки шикояте аз бад шудани саломатиаш дошта бошад, ҷон ба ҷонофарин супурд. Касе ки ба қавле "мурчаро озор намедод". Бедард ва ором рафт... Инсонҳо ё онҳое ки сураташон инсониасту вуҷудашон шайтонӣ дар рӯйи олам зиёданд. Заҳҳоксифатоне ки дасташон ба хуни ҳазорон нафар оғушта аст, раҳме ба ҳеч аҳаде надоранд; кӯдаккуш ва кӯдакозор; ҷангхоҳу ҷангандоз... Ҳар лаҳзаи зиндагиашон зиён барои башарият аст. Баъзан фикр мекунӣ, ки агар онҳо бимиранд, шояд ҷаҳон каме оромтар ва поктар мешавад, "хас каму ҷаҳон пок"... Аммо чунинҳо маъмулан умри тӯлонӣ мебинанд. Бо ин вуҷуд, ба ин боварем, ки "дар ҳар кор хайре ҳаст". Имон дорем, ки ҳар кас ба аъмолаш мерасад. Ба қавли маъруф "ончӣ коштӣ, бидравӣ". Худованд Бузург аст! #фикри_бикр

228 views

Опубликован 7 апр.

Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар "Х" навишт: “Беш аз 14 миллион эронии ғаюр то ин лаҳза эъломи омодагӣ кардаанд, то ҷони худро барои дифоъ аз Эрон фидо кунанд. Ман низ ҷонфидои Эрон будам, ҳастам ва хоҳам буд”

201 views

Опубликован 7 апр.

Сарам испед шуд аз дарди Эрон, Бибӯсам чеҳраи хунсарди Эрон. Сано гӯям ҷавонмардони ӯро, Ба рағми душмани номарди Эрон. ✍️Шаҳрия Аҳтамзод #шеър

328 views

Hashtags

Опубликован 7 апр.

Агар метавонистед кадом одати худро тарк мекардед? ❤️- танбалӣ ❤️‍🔥- таъхир дар мулоқот 🔥- дилгармӣ ба телефон 👀- тамошои зиёди филму сериолҳо 👍- дар шарҳ менависам #пурсиш

332 views

Опубликован 7 апр.

Он ки аз ҳаққи “башар” лофи фаровон мезанад, “Ба” ба шамшер ҷудо кардаву “шар” монда ҳанӯз. ✍️Наҷиби Бовар

197 views

Опубликован 6 апр.

Адолат зебост, дар роҳбарон зеботар — Ҳазрати Умар (р.а)

179 views
12•••5•••7891011•••15•••20•••25•••30•••35•••40•••45•••50•••55•••60•••65•••70•••75•••80•••8485