Последние посты
Стр. 8 из 85 · 1,017 постов
Опубликован 12 апр.
ДАРСҲО АЗ УСТОД ШАКУРӢ (1) Савод ё хушсаводӣ нишонаи асосии одамият нест. Бисёр дидаем, ки шахсе савод надорад, вале ба дараҷаи баланди одамият расидааст, хислатҳои неки инсонӣ дорад, соҳиби маънавияти ботинист, яъне огоҳона ё бидунӣ огоҳӣ дараҷаи муаяни худшиносии маънавӣ ба ӯ муяассар шудааст. Одами бо фарҳанг он нест, ки танҳо ба зоҳири фарҳанг даст ёфтааст, танҳо либоси гаронбаҳо ва зебо , хонаи пуророиш ва карру фар, бархе аз аломатҳои бернуии маданиятро соҳиб асту бас. Шахси бафарҳанг он аст, ки фарҳанги ботинӣ дорад, ботинан хушхулқ аст, аз аломатҳои зоҳириву моддии фарҳанг гузашта, ба сари фарҳанги маънавӣ омадааст, қобил аст дар сари маънии ҳаёт ва моҳияти ҳастии инсон андеша биронад. 📝Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Аз китоби “ Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ “ Душанбе-2003, саҳ / 83. 📖 Китобхонро дар 📱Telegram📱Instagram📱Facebook📱TikTok📱Вконтакт пайгир бошед
Агар эълон кунанд, ки пагоҳ, яъне якшанбе кор биёед... ❤️- бо ҷону дил мерафтам ❤️🔥- ҳаминаш намерасид 🔥- мегуфтам, беморам, рафта наметавонам 😡- ту ҷӯраи мо ҳастӣ ё ҷӯраи хирс? 👍- хайрият ман кор намекунам 👎- намерафтам, тамом вассалом —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj #пурсиш
Hashtags
Опубликован 11 апр.
"Агар 50-то санг аз осмон биборад, 49-тоаш ба сари ман бармехӯрад, яктои дигараш ҳам дар навбат меистад ва дар шароит ва мавқеи мушкил ба сарам мезанад". Аз силсилафилми ҳаҷвии "Пойтахт", сохтаи Эрон Ҷойи ёдоварист, ки дар мавсими 7-и ин сериол ҳунармандони тоҷик ҳам нақш бозӣ кардаанд. Дар "Фонус" перомуни ин мавсими "Пойтахт" муҳтавое таҳия карда будем, ки инҷост: https://www.youtube.com/watch?v=EOJCGt8Rrsk
Опубликован 11 апр.
✍Генрих Гейне Мо бояд душманони худро бибахшем, аммо на қаблтар аз онки онҳоро эъдом кунем. ___ ❤️- 100 дарсад мувофиқам 👎- ба Худо гузаронд #иқтибос
Hashtags
Опубликован 10 апр.
БАРОИ ТАМОШО "Дидани ин филм ҷурм аст". Тавсияи "Фонус" барои ин ҳафта. Филми эронии хуб ва тамошобоб https://youtu.be/71DC6BnC6x8?si=38NJJ_lywtefWt7i
ФИКРИ БИКР (18) ...ин орзӯ мебарад ба гӯр Ризо Паҳлавӣ, ки худро "роҳбари даврони гузор" мехонад, чандин бор ба қавли худаш фарохон дод. Мардумро ба қиёму эътирозҳо алайҳи давлати исломӣ даъват мекарду мекунад. Ҳар бор таъкид мекунад, ки то расидан ба пирӯзӣ ками дигар мондааст. Бо ваъдаи"кумак дар роҳ аст", мардумро ба хиёбонҳо кашонд. Натиҷа ин шуд, ки даҳҳо нафар кушта шуданд. Аз ҳамлаи Амрико-Исроил ба хоки Эрон хушҳолӣ мекард ва эълони оташбас устухоне дар гулӯяш монд. Ва ҳоло дар фарохони дигар, муҳоҷирони муқими Эрон, азҷумла афғонҳоро "террорист" мехонад. Ризо онқадр ба тахти шоҳӣ муҳаббат дорад, ки барои такя задан ба он барои ҳама кор розӣ аст, ҷуз инки дар қатори муътаризон бошад. Розист ки Эрон бомборон шавад, ҳазорон нафар кушта шаванд, зерсохтҳо маҳв шаванд. То инҷо ҳеч нишоне барои расидан ба ин орзӯи ӯ дар ояндаи наздик дида намешавад... мисле ки дар ояндаи дур ҳам. Оқибат шоҳзода шоҳ нашавад) Ё бо каме тағйир: Оқибат шоҳзода шох шавад 📸акс аз саҳфаи Dr. Atiqullah Basiri #фикри_бикр
Hashtags
МЕМИ РӮЗ ©️Dr. Atiqullah Basiri #фонус #мем —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj
Шумо одами зудбоваре ҳастед? ❤️- бале ❤️🔥- не #фонус #пурсиш —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj
Опубликован 10 апр.
Рӯзу рӯзгор хуш, дӯстони хуб!
ДАР УН ПАРА ТУ ШИШТӢ, ДАР ИН ПАРА МАН ЁРЕ...😁 Хоҳишмандони қисмҳои эҳтиётии Дилноза ва Сафарали саф кашед) #фонус #акс —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj
#фонус #ҳарфи_хуб —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред:@fonustj
Hashtags