TGINSIGHT CHAT
Вазорати меҳнат
@mlmert
CareerСаҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Неодамнешни објави
Страница 6 од 17 · 204 објави
Објавено 29 јан.
Баргузории машварати байниидоравии Тоҷикистон ва Россия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ 29 январи соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷиҳати иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти роҳбарияти олии ду кишвар машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Россия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ баргузор гардид. Машваратро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия Плутнитский Андрей Николаевич роҳбарӣ карданд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат варзиданд. #Таджикистан#Россия#труда#мигрант #Тоҷикистон#Россия#муҳоҷират#меҳнат Ба канали мо обуна шавед❗️✅@mlmert
Објавено 28 јан.
Органы внутренних дел Российской Федерации дали срок иностранным гражданам для получения законных документов на проживание ДОрганы внутренних дел Российской Федерации принимают заявления от иностранных граждан, не имеющих документов на законных основаниях пребывания, о продлении срока пребывания. С 1 января по 30 апреля 2025 года любой иностранный гражданин, нарушивший правила пребывания, обязан обратиться в территориальные органы миграционной службы МВД России или представительства ФГУ «Паспортно-визовая служба» МВД России по месту жительства, поскольку с 1 мая 2025 года урегулирование этого вопроса станет невозможным. Об этом сообщает Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан обращает внимание граждан Таджикистана на Указ Президента Российской Федерации от 30 декабря 2024 года, направленного на усиление контроля в сфере миграции. Согласно этому Указу, иностранные граждане, лица, находящиеся на территории Российской Федерации с нарушением срока пребывания, или их работодатели вправе обратиться в органы внутренних дел Российской Федерации, в том числе через уполномоченные учреждения (представительства органов государственной власти субъектов Российской Федерации). Федеральное государственное учреждение «Паспортно-визовая служба» МВД России, действующее практически во всех регионах страны, или Государственное бюджетное учреждение МВД «Сахарово» уполномочены регулировать правовую ситуацию и помочь получить обратившимся лицам необходимые разрешения. После 1 мая 2025 года решить вопрос правового статуса будет невозможно. С этой даты к иностранным гражданам, утратившим законные основания для пребывания на территории Российской Федерации, будут применяться все предусмотренные законом меры по ограничению некоторых прав, в том числе и на будущий въезд в Россию, вплоть до их высылки из России.
Објавено 28 јан.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.24, №1126 нашр шудааст, ки ба пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират равона гардида, хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро, ки бояд ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда шаванд, муайян мекунад. Фармон бо мақсади татбиқи Қонуни федералии аз 8 августи соли 2024, №260-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» инчунин мӯҳлати чормоҳаро (аз 1 январи соли 2025 то 30 апрели соли 2025) муқаррар кардааст, ки дар давоми он шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо вайрон кардани мӯҳлати будубош қарор доранд ва ё корфармоёни онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз ҷумла тавассути муассисаҳои ваколатдор (намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия, ки қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд ё Муассисаи давлатии буҷетӣ ММБ "Сахарово") барои танзими вазъи ҳуқуқӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузаронидани расмиёти муайянкунии биометрии шаҳрвандони хориҷӣ, ташхиси тиббӣ барои бемориҳои хатарнок, истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин санҷиши қарзҳо оид ба пардохти боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст. Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия аризаҳоро оид ба дароз кардани муҳлатҳои иқомат аз шаҳрвандони хориҷие қабул мекунад, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат надоранд. Аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки қоидаҳои иқоматро вайрон кардааст, барои танзими вазъи ҳуқуқии худ бояд ба мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД Россия ё намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия дар ҷойи иқомати худ муроҷиат кунад. Мутобиқи Фармони мазкур нисбати шахсони муроҷиатнамуда чораҳои вобаста ба ихроҷ, ҷойгир кардан дар муассисаҳои махсус ва инчунин манъи вуруд татбиқ карда намешаванд. Баъд аз гузаштани расмиётҳои муайяншуда, ба онҳо ҳуҷҷати қонунӣ барои будубош дода мешавад. Ҳалли масъалаи барасмиятдарории вазъи ҳуқуқӣ пас аз 1 майи соли 2025 ғайриимкон мегардад. Аз санаи мазкур нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Федератсияи Россия асосҳои қонуниро аз даст додаанд, то ихроҷ шудани онҳо аз Россия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани қисме аз ҳуқуқҳо, аз ҷумла дар оянда ворид шудан ба Россия татбиқ карда мешаванд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Објавено 22 јан.
Објавено 22 јан.
ҶАЛАСАИ ҲАФТУМИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БАЙНИИДОРАВӢ ДОИР ГАРДИД 22 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазоати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.
Објавено 20 јан.
Эълон Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонем! кор дар Ҷумҳурии Литва, Аврупо 40 нафар коргар лозим аст. - Кафшергар (сварщик) - Электрик (барқчӣ) - Сантехник Таҷрибаи корӣ на кам аз 1 сол. - доғи судӣ надоштан - донистани забони русӣ Доштани диплом ё сертификат. Иҷозатномаи иқомат ВНЖ барои ду сол дода мешавад. Маош дар Литва аз 1500 евро боло. Манзили зист дода мешавад. Хоҳишмандон метавонанд бо ин рақамҳо дар тамос бошанд: 225-05-75 ва 225 02 21. Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
Објавено 20 јан.
Эълон Ба тавҷҷуҳи шарҳвандони ҷумҳури мерасонем! кор дар Ҷумҳурии Литва, Аврупо 20 нафар ронандаи нақлиётҳои боркашон лозим аст. Талабот - таҷриба на кам аз 1 сол. - доштани ҳуҷҷати ронандагии дараҷаҳои С D E. музди маош аз 1900 евро боло. Хоҳишмандон метавонанд бо ин рақамҳо дар тамос бошанд: 225-05-75 ва 225 02 21. Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
Објавено 20 јан.
БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ САФОРАТИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА 18 январи соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлатзода Қ., менеҷери лоиҳа - Сафаров Д. бо намояндагони сафоратхонаи Кореяи Ҷануби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташрифи эшон боздид аз шарту шароити марказ ва дастаҷамъона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Диққати махсуси меҳмононро синфхонаи омӯзиши забони кореягӣ ҷалб намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар марказ дар баробари омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин омӯзиши забони кореягӣ дар доираи ҳар як касб пешбинӣ шудааст, ки барои фаъолият намудан дар Ҷумҳурии Корея ба шаҳрвандони ҷумҳуриамон шароити мусоид фароҳам месозад.
Објавено 17 јан.
Аз хизматрасонии "Хати оҷилӣ" истифода баред!
Објавено 16 јан.
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
Објавено 16 јан.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд. Подписание новых документов о сотрудничестве между Таджикистаном и Ираном По итогам встреч и переговоров на высшем уровне Таджикистана и Ирана с участием и в присутствии Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона и Президента Исламской Республики Иран уважаемого Масъуда Пезешкияна подписано 23 новых документа о сотрудничестве. Под совместным заявлением Президента Республики Таджикистан и Президента Исламской Республики Иран поставили свои подписи главы двух государств – уважаемый Эмомали Рахмон и уважаемый Масъуд Пезешкиян. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Эрон#Иран#Iran President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Објавено 13 јан.
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”–и дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро барои кор дар Давлати Қатар барои соли 2025 даъват менамояд: Кор дар самтҳои: 1. Фермаи чорвопарварӣ аз ҷумла: - оператори калон коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - лабараторон, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нушокиҳо; - назоратчии системаи ETP/RO, дараҷаи бакалавр дар муҳандиси кимиёвӣ; - ширҷушӣ; 2. Мутахасисони соҳаи автомобилсозӣ ва таъмири автомобилҳо аз қабили: - назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи автомобилсозӣ; - механики дизел; - ёрдамчӣ, дар анборҳои мошинҳои боркаш; Аз ҷониби корфармо чунин афзалиятҳо пешниҳод карда мешавад: Музди маош аз 550доллари ИМА боло вобаста ба ихтисос; Харидории чипта ва раводид (виза),ҷойи хоб, хурду хурок, либоси корӣ ва корти нақлиётии ройгон, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пешбинӣ мегардад; Кор факат барои шахрвандони донандагони забонхои англиси ё араби пешниход карда мешавад; Сину сол аз 20-40 сола ; Барои номнавис кардан бояд CV-и худро бо забони англиси пешниход намояд