TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,101Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 10 of 40 · 473 posts

Posted Dec 18

Ҳамватанони азиз, муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Шуморо бо Рӯзи байналмилалии муҳоҷир самимона табрик менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати беҳтар намудани фазои муҳоҷирати меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити арзанда, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, такмили ихтисос ва фароҳамоварии шароитҳои фании шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷи мамлакат фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, тадбирҳои мушаххасу заруриро роҳандозӣ намуда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва кафолатҳои шаҳрвандони кишвар дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин самт Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои худ дар доираи созмонҳои байналмилалии минтақавию ҷаҳонӣ таклиф ва ташаббусҳои беназирро ҷиҳати ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд, роҳандозӣ намуда, дар ин самт таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи муҳоҷиронро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷират табрик намуда, саодати рӯзгор, донишу малака ва шароити арзандаи меҳнатиро бароятон таманно менамоем. Итминони комил дорем, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Федератсияи Россия бо дониш, маҳорати баланди касбӣ, ҳунари воло ва истеъдодҳои нотакрори худ дар рушди иқтисоди кишвари қабулкунанда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд гузошта, баҳри таҳкими дӯстии халқҳо, густариши робитаҳо саҳми арзишманд мегузоранд.

201 views

Posted Dec 18

Иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир 18 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Демография, муҳоҷират ва рушди устувор: равандҳои муосири демографӣ ва муҳоҷират дар миқёси ҷаҳонӣ», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир баргузор гардид. Дар кори конфронс коршиносони соҳа, намояндагони иниститутҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, Думаи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии халқҳои муқими Россия иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори конфронс масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳое муҳими иқтисодию иҷтимоии Россия фаъолият мекунанд, ки дар рушди иқтисоди миллии кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ саҳмгузорӣ намуда, баҳри таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоянд. Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия фаъолият дар самти муҳоҷирати бехатар тақвият дода шуда, дар ин давра як қатор санадҳои муҳими давлатӣ ба тасвиб расидааст, ки ҷиҳати фароҳамоварии шароити арзанда, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия заминагузорӣ менамояд. Дар кори конфронс намояндагони 32 давлат иштирок намуда, аз натиҷаи кори конфронс тавсиянома ба тасвиб мерасад.

167 views

Posted Dec 17

Вохӯрии кории масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Подолск 17 декабри соли 2025 дар шаҳри Подолски вилояти Москва вохӯрии кории масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият доранд, баргузор гардид. Чорабинӣ дар бинои Хонаи савдои «Дубровский» доир шуда, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин рушди муколамаи созанда равона гардида буд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокчиён зарурати риояи қатъии қонунгузории муҳоҷирати кишвари иқомат, иҷрои талаботи вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ, инчунин риояи ҳатмии меъёрҳои ҳифзи меҳнат, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва эҳтиёткорӣ дар ҷойҳои корӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуд. Ба масъалаҳои пешгирии ҷалб гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ ва ғайриқонунӣ, инчунин аҳамияти рафтори бошуурона ва қонунпазир дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Илова бар ин, дар доираи чорабинӣ мавзӯи пешбурди тарзи ҳаёти солим ҳамчун омили муҳимми ҳифзи саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ, баланд бардоштани қобилияти меҳнатӣ ва таъмин намудани некӯаҳволии устувори оила мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба иштирокчиён оид ба ташаккули муносибати масъулона нисбат ба саломатии худ ва муҳити иҷтимоӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ муҳоҷирони меҳнатӣ имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро ба кормандони Намояндагӣ пешниҳод намоянд ва ба онҳо ҷавобҳои тахассусӣ ва машваратҳои ҳуқуқӣ дастрас кунанд. Вохӯрӣ дар фазои ошкоро, эҳтироми мутақобил, дӯстона ва мубодилаи самараноки иттилоот баргузор гардида, ба таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷонибҳо мусоидат намуд.

180 views

Posted Dec 17

14 декабри соли ҷорӣ вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ бо директори маркази тиббии «СВ ПРОФИ ПЛЮС» Маҳмадҷонов Идибек Абдуназарович баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои расонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар муассисаҳои дахлдор, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маркази тиббии «СВ ПРОФИ ПЛЮС» маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои тиббиро барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод намуда, мунтазам тахфифҳои гуногун ҷорӣ мекунад, то хизматрасониҳо бо нархҳои дастрас пешниҳод шаванд, инчунин пайваста барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ чора меандешад. Директори маркази тиббӣ ба Намояндагӣ барои ҳамкории доимӣ ва ғамхорӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори сипос намуда, сатҳи баланди интизом ва меҳнатдӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсус таъкид кард.

199 views

Posted Dec 16

202 views

Posted Dec 16

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли ҷорӣ дар ҳавзаҳои Федератсияи Россия кормандони Намояндагӣ дар биноҳои Консулгариҳои генералӣ бо иштироки ҳайати кормандони консулгариҳо Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд. Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеаи демократӣ ва давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Зимни ироаи Паём самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ барои солҳои минбаъда ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро, ки дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, дастовардҳои назаррас аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ироа гардиданд.

188 views

Posted Dec 16

180 views

Posted Dec 16

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 дар бинои Сафорат пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷамъомади мазкур кормандони Сафорат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар Федератсияи Россия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ҳузур доштанд. Пас аз анҷоми тамошо, Сафир қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими стратегии давлат мебошад, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди кишвар дар соли сипаригашта арзёбӣ гардида, самтҳои авлавитҳои рушди кишвар дар соли оянда ва баъдии тарҳрезӣ карда мешавад. https://mfa.tj/tg/moscow/view/17977/pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-ba-majlisi-olii-jumhurii-tojikiston

169 views

Posted Dec 16

164 views

Posted Dec 16

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” 16.12.2025 https://president.tj/event/news/54179 16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян менамоянд. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доранд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Паём#Послание#Address

150 views

Posted Dec 16

147 views

Posted Dec 16

Вохӯрии муфид бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Иркутск 12 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Иркутски, вилояти Иркустк вохӯрии масъули Намояндагӣ бо роҳбарияти шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Иркутск баргузор гардид. Дар вохӯрӣ декани факултаи муносибатҳои байналмилалӣ Крупская Тамара Семёновна, сардори шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ Кукушкина Инга Николаевна, сардори шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ Ловчагина Оксана Викторовна, инчунин донишҷӯёни фаъол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд, иштирок доштанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба сатҳи таҳсили донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти таълимӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон ба мушкилоте, ки вақтҳои охир бо донишҷӯён ба миён меоянд, аз ҷумла ворид гардидани онҳо ба Феҳристи шахсони назоратшаванда, диққати махсус дода шуд. Роҳбарияти донишгоҳ қайд намуд, ки чунин ҳолатҳо нисбат ба донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд, вале бо мусоидати шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сохторҳои салоҳиятдори ВКД Федератсияи Русия дар вилояти Иркутск ин масъалаҳо фавран ва ба манфиати донишҷӯён ҳаллу фасл мегарданд, зеро онҳо барои иқомат ва таҳсил дар қаламрави Федератсияи Русия асосҳои қонунӣ доранд. Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ зарурати баргузории суҳбатҳои профилактикӣ ва иттилоотӣ бо донишҷӯён таъкид карда шуд, зеро ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа буда, бояд аз ҷалб шудан ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ ва харобкорона ҳифз карда шаванд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, муколамаи созанда ва табодули иттилоот баргузор гардид. Донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал дарёфт намоянд. Роҳбарияти донишгоҳ ба Намояндагӣ барои таваҷҷуҳ ва иштироки фаъолона дар вохӯрӣ изҳори сипос намуда, фаъолияти пурсамари корманди Намояндагӣ ва сатҳи баланди ҳамкориро махсусан қадрдонӣ намуд.

154 views
12•••89101112•••20•••30•••3940