Recent posts
Page 2 of 40 · 473 posts
Posted Mar 12
Вохӯрии Сафир бо ҳамватанон 12 марти соли 2026 дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти cафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони иттиҳодияи ҷамъиятии ҳамватанони муқими минтақа ҷиҳати шиносоӣ бо шароити зисту фаъолияти онҳо баргузор гардид. Зимни суҳбат, роҳбари Намояндагии дипломатӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод. Сафир оид ба тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат иттилоъ дода, таъкид кард, ки фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои мутобиқшавӣ ба шарту шароитҳои нав ба шаҳрвандон таҳким дода шуда, ба онҳо мусоидат ва роҳнамоии ҳуқуқӣ намоянд. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи ҳайёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавонон кӯшиш намоянд. Дар фарҷом, роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободонии Ватан ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъолона иштирок намоянд. https://mfa.tj/tg/moscow/view/18376/vokhurii-safir-bo-hamvatanon ———————— Встреча Посла с соотечественниками 12 марта 2026 года в рамках рабочей поездки в Санкт-Петербург состоялась встреча Посла Давлатшох Гулмахмадзода с руководителями содружества соотечественников региона, чтобы ознакомиться с условиями их жизни и деятельности. В ходе встречи Глава дипмиссии пояснил ключевые моменты Послания Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан, а также рассказал о достижениях страны в различных областях и укреплении её роли на международной арене. Посол проинформировал об изменениях в законодательстве страны проживания и подчеркнул, что деятельность руководителей общественных объединений должна быть усилена для содействия правовой поддержке и адаптации соотечественников. Кроме того, присутствующим предложили усилить деятельность в регионах пребывания. В частности, воспитывать подрастающее поколение в духе уважения к национальным ценностям и патриотизма, поощрять здоровый образ жизни, самопознание и трудолюбие, а также активно противодействовать экстремизму и терроризму и не допускать вовлечения молодёжи в экстремистские партии и группы. В завершении Глава Дипмиссии Таджикистана призвал руководителей содружества соотечественников принимать активное участие в обустройстве Родины для достойной встречи и празднования 35-летия Государственной независимости страны. https://mfa.tj/ru/moscow/view/18376/vstrecha-posla-s-sootechestvennikami
Posted Mar 12
Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленинград 11 марти соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҳолати кунонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленинград мавриди баррасӣ қарор гирифт. https://mfa.tj/tg/moscow/view/18369/vokhurii-safiri-jumhurii-tojikiston-bo-gubernatori-viloyati-leningrad ————— Встреча Посла Республики Таджикистан с Губернатором Ленинградской области 11 марта 2026 года Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации Давлатшох Гулмахмадзода провел встречу с Губернатором Ленинградской области Александром Дрозденко. На встрече обсудили текущее состояние и перспективы межрегионального сотрудничества между областями Республики Таджикистан и Ленинградской областью. https://mfa.tj/ru/moscow/view/18369/vstrecha-posla-respubliki-tadzhikistan-s-gubernatorom-leningradskoi-oblasti
Posted Mar 11
Встреча Посла Республики Таджикистан с Губернатором Санкт -Петербурга 11 марта 2026 года Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации Давлатшох Гулмахмадзода встретился с Губернатором г. Санкт-Петербурга Александром Бегловым. В ходе встречи Посол Таджикистана подчеркнул важность укрепления межрегионального сотрудничества для расширения двусторонних отношений, особенно в сферах экономики, торговли и инвестиций. В этом контексте также положительно оценили расширение сотрудничества в сферах образования, культуры и туризма. Вместе с тем на встрече был представлен вновь назначенный генеральный консул Республики Таджикистан в Санкт-Петербурге Хуршед Шерали.
Posted Mar 10
Асос барои тамдиди муҳлати будубоши қонунӣ дар ҳудуди ФР Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандонамон барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ бояд асоси қонунӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, агар Шумо муҳоҷири меҳнатӣ бошед, зарур аст бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонед. Дар асоси шартномаи меҳнатии басташуда муҳлати будубоши муваққатӣ ба давраи амали он тамдид карда мешавад. Инчунин, дар асоси шартнома муҳлати будубоши фарзандони ноболиғи муҳоҷири меҳнатӣ низ метавонад тамдид карда шавад. Агар Шумо дар ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади “хусусӣ” қарор доред ва хеши наздики шаҳрванди Россия ҳастед, ки доимӣ дар Россия иқомат дорад, метавонед муҳлати будубоши муваққатии худро дар асоси робитаи хешутаборӣ тамдид намоед. Дар ин ҳолат муҳлати будубош метавонад ба давраи ҳузур дар қаламрави Россия тамдид гардад, аммо на зиёда аз як сол. Агар Шумо донишҷӯ ҳастед, муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил мекунед, метавонад муҳлати будубоши Шуморо дар Федератсияи Россия то анҷоми таҳсил тамдид намояд. Барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ шаҳрвандони хориҷӣ ё ҷониби қабулкунанда, ва дар ҳолати донишҷӯ (таҳсил) — муассисаи таълимӣ ё илмӣ, бояд бо ариза барои тамдиди муҳлати будубош ба яке аз мақомотҳои зерин муроҷиат намоянд: • шуъбаи полис оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД-и Россия дар маҳалли будубош; • КВДФ «Хадамоти шиносномавию раводиди» ВКД-и Россия. Илова бар ин хотиррасон менамоем, ки донишҷӯён ва хешовандони шаҳрвандони Федератсияи Россия ҳатман бояд дар корти муҳоҷиратии худ муҳри тамдид(тамға) гиранд. Ин талабот тибқи Фармони ВКД-и Россия №926 аз 22.11.2021 муқаррар шудааст. Дар ҳолати гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед бо рақамҳои Намояндагӣ тамос гиред: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48; 8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 Суроғаи электронии Намояндагӣ: [email protected].
Posted Mar 10
Шарҳ дар бораи тартиби тамдиди муҳлати будубош ва гузоштани муҳр дар корти муҳоҷиратӣ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират хотиррасон мекунад, ки барои баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ гузоштани муҳр оид ба тамдиди муҳлати будубош тибқи тартибе амалӣ мегардад, ки бо Фармони ВКД-и Россия № 926 аз 22.11.2021 тасдиқ шудааст. Дар ҳолатҳое, ки мувофиқи тартиби мазкур ба мақомоти ВКД-и Россия барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ пешниҳод намудани ариза зарур мебошад, гузоштани муҳри дахлдор дар корти муҳоҷиратӣ ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Ин талабот ба категорияҳои зерини шаҳрвандон татбиқ мегардад: 1. Шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид (виза) вориди Федератсияи Россия шуда, барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозатномаи иқомати доимӣ (ВНЖ) ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд. 2. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия қабул мешаванд (донишҷӯён, магистрон, аспирантон, унвонҷӯён ва дигар категорияи шаҳрвандоне, ки ба таҳқиқ ва дар раванди экспедитсия иштирок менамоянд). 3. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои тамдиди муҳлати будубош ба таври инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд, аз ҷумла: o шахсоне, ки хешовандони шаҳрвандони Федератсияи Россия мебошанд; o шахсоне, ки бинобар табобат ё дигар сабабҳои ҷиддӣ имкони тарк намудани қаламрави Федератсияи Россияро надоранд. Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки ҳангоми пардохти боҷи патент (пардохти авансӣ) ба шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат намудан ба мақомоти ВКД-и Россия ва гирифтани муҳр оид ба тамдиди муҳлати будубош дар корти муҳоҷиратӣ талаб карда намешавад. Ин меъёр дар банди 3 қисми 5 моддаи 13.3 Қонуни федералии «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» пешбинӣ шудааст. Рақамҳо барои тамос бо Намояндагӣ: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48; 8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected].
Posted Mar 7
Поздравление Представительства по случаю Международного женского дня Дорогие женщины! Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет вас с Международным женским днем. Женщина — это источник любви и тепла, символ преданности, терпения и света домашнего очага. Благодаря вашему самоотверженному труду и искренним молитвам воспитываются достойные дети и формируется здоровое, крепкое общество. Ваша роль в укреплении семьи, сохранении национальных ценностей и воспитании подрастающего поколения поистине велика и бесценна. В этот праздничный день желаем вам крепкого здоровья, долголетия, семейного благополучия, счастья и новых достижений. Пусть любовь, забота и уважение всегда окружают вас, а каждый день будет наполнен радостью, теплом и весенним настроением. С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции
Posted Mar 7
7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азизро ба ифтихори Рӯзи модар аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва дар ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон барору комёбӣ орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Зан – модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад. Зеро рушди ҷомеа бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад». 7 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём праздничном послании сердечно поздравил дорогих матерей, женщин, сестёр и дочерей с Днём матери, пожелал каждой из них крепкого здоровья, счастья, благополучия, успехов и удач в деле созидания Родины и государства, укрепления мира и стабильности, национального единства и дальнейшего прогресса нашего любимого Таджикистана. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «Женщина-мать играет беспримерную и бесценную роль в формировании личности ребёнка, укреплении семьи, обеспечении спокойствия и стабильности общества, а также в развитии государства. Именно благодаря самоотверженному и ежедневному труду, терпению и искренней любви матерей к обучению и воспитанию здорового и созидательного поколения обеспечивается прогресс общества». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#РӯзиМодар#ДеньМатери#MothersDay President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Mar 6
Табрикоти Намояндагӣ бахшида ба Рӯзи Модарон Муҳтарам модарону бонувони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модарон табрик менамояд. Модар – сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи садоқат, сабру таҳаммул ва чароғи хонадон аст. Бо заҳмати шабонарӯзӣ ва дуои неки худ Шумо на танҳо фарзандони солеҳ, балки ҷомеаи солиму ободро тарбия менамоед. Нақши Шумо дар таҳкими оила, пойдории арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас бениҳоят бузург ва арзишманд мебошад. Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, умри дароз, рӯзгори осуда, хушбахтии хонаводагӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоем. Бигзор меҳру муҳаббат ва эҳтироме, ки Шумо сазоворед, ҳамеша гирди Шуморо иҳота намояд ва ҳар рӯзатон чун баҳори нав пур аз шодӣ ва шукуфоӣ бошад. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Posted Mar 6
Госуслуги RUID – ваш цифровой ассистент при поездке в Россию Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации информирует, что в последнее время участились случаи отказа во въезде на территорию Российской Федерации в пограничных пунктах аэропортов Москвы. В связи с этим настоятельно рекомендуем гражданам заранее планировать свою поездку и перед вылетом обязательно воспользоваться приложением «Госуслуги RuID» для прохождения цифровой регистрации и подачи заявления на въезд в Россию. Обращаем внимание, что с 1 июля 2026 года использование приложения «Госуслуги RuID» для предварительной цифровой регистрации станет обязательным для граждан безвизовых стран. Именно поэтому важно начать пользоваться данным сервисом уже сейчас, чтобы избежать возможных сложностей при пересечении границы. Кроме того, рекомендуем заранее обращаться в Представительство ПВС МВД России в Таджикистане, расположенное в городе Душанбе по адресу: улица Айни, 121. В Представительстве вы можете пройти обязательную процедуру дактилоскопии, а также получить справку о наличии либо отсутствии ограничений на въезд в Российскую Федерацию. Это позволит заранее убедиться в отсутствии препятствий и более уверенно планировать своё путешествие. Уважаемые граждане, помните, что своевременное выполнение указанных действий является залогом вашего безопасного и законного пребывания на территории России, а также успешной реализации целей визита, включая трудоустройство.
Posted Mar 6
Госуслуги RUID – ёвари рақамии шумо барои оғози сафар ба Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки вақтҳои охир ҳолатҳои рад кардани вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия дар гузаргоҳҳои сарҳадии фурудгоҳҳои шаҳри Москва зиёд гардидаанд. Бо назардошти ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки сафари худро пешакӣ ба нақша гирифта, пеш аз парвоз ҳатман аз замимаи «Госуслуги RuID» барои гузаштан аз бақайдгирии рақамӣ ва пешниҳоди ариза барои сафар ба Россия истифода намоянд. Ба таваҷҷуҳ мерасонем, ки аз 1 июли соли 2026 истифодаи замимаи «Госуслуги RuID» барои бақайдгирии пешакии рақамӣ ҳангоми ворид шудан ба Россия барои шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми бераводид ҳатмӣ мегардад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки истифодаи ин хизматрасониро аз ҳозир оғоз намоед, то ҳангоми убури сарҳад аз мушкилоти эҳтимолӣ пешгирӣ карда шавад. Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки пешакӣ ба Намояндагии ХШР ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, муроҷиат намоед. Дар намояндагӣ шумо метавонед тартиби ҳатмии дактилоскопияро гузаред, инчунин маълумотнома дар бораи мавҷуд ё набудани маҳдудият барои ворид шудан ба Федератсияи Россияро дастрас намоед. Ин иқдом ба шумо имкон медиҳад, ки набудани монеаҳоро пешакӣ санҷида, сафари худро бо итминон бештар ба нақша гиред. Шаҳрвандони муҳтарам, дар хотир нигоҳ доред, ки иҷрои саривақтии ин тадбирҳо кафили будубоши бехатар ва қонунии шумо дар қаламрави Россия ва инчунин амалӣ гардидани ҳадафҳои сафари шумо, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, мебошад.
Posted Mar 5
*Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунанда дар маркази савдои «Тёплый Стан»* 4 марти соли ҷорӣ дар маркази савдои «Тёплый Стан» масъулини Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Зиёзода корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунандаро бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди маркази савдо фаъолият менамоянд, баргузор намуданд. Зимни чорабинӣ талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ва меъёрҳои интизоми меҳнат ба ҳозирин шарҳ дода шуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби ҷомеъа, аз он ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, инчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дорои хусусияти тахрибкорона, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ тақсим гардида, рақамҳои тамоси хатти оҷилии Намояндагӣ барои гирифтани машварат ва дастгирии фаврӣ пешниҳод карда шуданд. Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор гардида, шаҳрвандон ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд ва барои ташкили чунин чорабинӣ изҳори сипос намуданд. *Информационно-профилактические работы в торговом центре «Тёплый Стан»* 4 марта 2026 года в торговом центре «Тёплый Стан» сотрудники Представительства совместно с Представителем Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан Фаррух Зиёзода провели информационно-профилактические работы с трудовыми мигрантами - гражданами Республики Таджикистан, осуществляющими трудовую деятельность на территории торгового центра. В ходе мероприятия были разъяснены требования миграционного законодательства Российской Федерации и нормы трудовой дисциплины. Отдельное внимание уделено профилактике употребления наркотических и психотропных веществ, а также вопросам вовлечения молодёжи в деструктивные и экстремистские группы, в том числе через социальные сети. Участникам были розданы информационные материалы и предоставлены контакты горячей линии Представительства. Встреча прошла в конструктивной обстановке, граждане получили ответы на интересующие вопросы и выразили благодарность за проведённую работу.
Posted Mar 4
БА МИЁНАРАВҲО ВА ШАХСОНИ МАНФИАТҶУ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ СОХТА ОМОДА МЕНАМОЯНД, БОВАР НАКУНЕД!!!