Recent posts
Page 30 of 40 · 473 posts
Posted Apr 4
Рустам Минниханов: «Тотористон бо минтақаҳои Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ менамояд» 3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Тотористонро баррасӣ намуданд. Тавре Рустам Минниханов дар брифинг оид ба натиҷаҳои мулоқот изҳор намуд, «бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти самимӣ доир шуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре шумо медонед, Президенти Тоҷикистон чанде пеш ба Федератсияи Русия сафари расмӣ намуда, гуфтушунидҳои муҳим анҷом доданд. Дар доираи ҳамкории мутақобили Сарони давлатҳои мо байни минтақаҳо робитаҳои мустаҳкам барқарор шудаанд. Ҷумҳурии Тотористон низ ҳамкориро бо минтақаҳои Тоҷикистон фаъолона густариш хоҳад дод». Ба таъкиди Рустам Минниханов, дар чаҳорчӯби ин сафар чорабиниҳои муаррифии Ҷумҳурии Тотористон дар Тоҷикистон доир карда мешавад. Шиносоӣ бо якчанд корхона низ дар назар дошта шудааст, ки барои тавсеаи робитаҳои дуҷониба имконияти хуб мегардад. «Соли гузашта дар Тотористон истиқбол гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо шарафи бузург буд. Ин дар чаҳорчӯби Бозиҳои оянда ва ҳамоиши БРИКС, ки дар Қазон баргузор шуданд, доир гардид», — таъкид намуд Раиси Ҷумҳурии Тотористон. Рустам Минниханов инчунин иброз дошт, ки муносибот байни Тотористон ва Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, балки дар самти фарҳангу маориф низ дар сатҳи зарурӣ рушд менамоянд. Ҳоло беш аз 900 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Тотористон таҳсил доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар корхонаҳои Тотористон фаъолият менамоянд, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми калон мегузоранд. Раиси Ҷумҳурии Тотористон мавқеъ ва аҳамияти фаъоли Анҷумани миллии тоҷикони Тотористонро, ки аз пуштибонии ҳамаҷонибаи мақомот бархӯрдор буда, дар баргузории барномаҳои зиёди муштарак иштирок менамояд, махсусан таъкид намуд.
Posted Apr 4
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов 3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзалиятҳои ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон ба марҳилаи фаъол ворид мегардад. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, мошинсозӣ, логистикаву нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуд. Имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд. Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд. Дурнамои ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ низ таъкид гардид. Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳам аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд. Афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур дониста шуд. Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.
Posted Apr 3
ДАР ТАМБОВ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағийротҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии масъулинии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар масҷиди ҷомеаи шаҳри Тамбови Федератсияи Россия баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию бешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷии аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандон метавонанд то санаи 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвари иқомат муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд. Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намуда, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд. Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағийротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии оила ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд. Инчунин ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ба масъулини Намояндагӣ саволҳо дода, мутахассисон ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас гардониданд.
Posted Apr 2
ЧӢ ТАВР КОРТИ МУҲОҶИРАТИРО БАРҚАРОР НАМОЕМ? Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми гум кардани корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) барқарор намудан ва ё аз нам дастрас намудани он дар қаламрави Федератсияи Россия имконпазир мебошад. Корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) барои шаҳрвандони хориҷӣ дар сарҳади давлатии Федератсияи Россия аз ҷониби сарҳадбонони кишвари иқомат дода шуда, дар он санаи воридшавии шаҳрванди хориҷӣ ва мақсади омадан ба кишвари қабулкунанда нишон дода шудааст. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ин ҳуҷҷати муҳимро хуб ҳифз намоянд, чунки таҳияи ҳуҷҷатҳои минбаъда дар кишвари иқомат дар асоси корти муҳоҷиратӣ омода карда мешаванд. Дар ҳолати гум кардани корти муҳоҷиратӣ шаҳрванди хориҷиро зарур аст, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат намуда, оид ба гум шудани ҳуҷҷати мазкур ариза пешниҳод менамояд. Пас аз навиштани ариза ба шаҳрванди хориҷӣ маълумотнома дар бораи гум кардани корти муҳоҷиратӣ дода мешавад. Шаҳрванди хориҷӣ бо маълумотномаи Раёсати ноҳиявии ВКД Федератсияи Россия ва маҷмуи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), номнавишти муҳоҷиратӣ, шартномаи меҳнатӣ, нусхаи расидҳои пардохти моҳонаи иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), корти сабзи муҳоҷири меҳнатӣ(изи ангушт ва расм), ба Раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати ҷойи зисти муваққатӣ муроҷиат намуда, пас аз гузашти ду ҳафта ҳуҷҷати мазкур омода мегардад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки нусхаи ҳуҷҷатҳои зикршударо низ ҳамроҳ гиранд. Шаҳрвандони хориҷӣ дар хотир бояд дошта бошанд, ки корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро вайрон накардаанд. Шаҳрванди хориҷи нусхаи корти муҳоҷиратиро гирифта, чун нусхаи аслии он метавонад зимни таҳияи ҳуҷҷатҳо дар кишвари иқомат онро истифода намояд. Барои гум кардани корти муҳоҷиратӣ тибқи моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ҷарима аз 2000 то 5000 рубл пешбинӣ карда шудааст. Ба шаҳрвандон иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба гирифтани кӯмакҳои ҳуқуқии ройгон дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия +7(495) 967-98-44 ; +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоянд.
Posted Apr 2
ҶИҲАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ 29 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия танҳо 29 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред. Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
Posted Apr 1
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, ҳуқуқ доранд, ки аз шаҳодатномаи ронандагии миллӣ (Тоҷикистон) ҳангоми идораи воситаи нақлиёт бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ истифода намоянд. Пас аз ҳукми амал даромадани талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия аз 1 апрели соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ва байналмилалии худро истифода намоянд. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки нафароне, ки то 1 апрели соли 2024 шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул намудаанд ё иҷозатномаи зисти муваққатиро (ВНЖ) дар кишвари иқомат дарёфт кардаанд аз 1 апрели соли 2025 муҳлати иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаҳои ронандагии Федератсияи Россия нисбат ба онҳо ба анҷом расидааст. Шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд, зимни фаъолияти меҳнатӣ наметавонанд аз шаҳодатномаҳои ронандагии кишвари хориҷӣ ё байналмилалӣ истифода намоянд. Агар идора кардани воситаи нақлиёт як бахше аз фаъолияти меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бошад, ӯ наметавонад, зимни фаъолият воситаи нақлиётро тавассути шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ истифода барад. Шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи зисти муваққатӣ (ВНЖ) ва шаҳрванди ФР мегиранд, вазифадор карда мешаванд, ки шаҳодатномаҳои ронандагии худро ба шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия дар муҳлати як сол иваз намоянд. Шаҳрвандони Федератсияи Россия, ки дар хориҷ шаҳодатномаи ронандагии кишвари дигарро соҳиб гардидаанд, баъди ворид шудан ба Федератсияи Россия бо гузашти як сол шаҳодатномаи роанандагии онҳо низ аз эътибор соқит мегардад. Агар шаҳрвандони Россия ва ё шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозатномаи зисти муваққатӣ (ВНЖ) ҳастанд дар кишвари иқомат ҳуҷҷати ронандагии кишвари хориҷиро истифода намоянд, тибқи модаи 12.7 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия нисбаташон парвандаҳои маръмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Тағийроти мазкур пас аз ҳукми амал даромадани Қонуни федералии Федератсияи Россия аз 10 июли соли 2023, № 313-ФЗ мебошад, ки аз 1 апрели соли 2025 ба ҳукми иҷро медарояд. Иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ дар кишвари иқомат аз рӯи категорияҳои «М», «А», «B», «А1», «B1» пас аз супоридани санҷиши назариявӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ амалӣ гардида, категорияҳои "С", "D", "СЕ", "DЕ" бошад пас аз таҳсил дар курси кутоҳмуддати ронандагӣ, супоридани имтиҳони назариявӣ ва амалӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ иваз карда мешаванд. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд. +7(495) 967-98-44 ; +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp)
Posted Mar 31
ШИНОСНОМАИ ГУМШУДАРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БАРҚАРОР КАРД? Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бинобар муроҷиати зиед ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият - шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони барқарор намудани он вуҷуд дорад. Нахуст, барои расман ба қайд гирифтани ҳолати гумшудани ҳуҷҷатҳо шаҳрвандро зарур аст, ки ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ рафта, ба номи мақомот ариза дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод намояд. Аз ҷониби мақомот ба шаҳрванди хориҷӣ маълумотнома (талон) дар бораи пешниҳод кардани ариза медиҳанд. Пас аз навиштани ариза дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбург муроҷиат намуда, барои гум шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ариза пешниҳод менамояд. Пас аз навиштани ариза аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дар ин самт шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян омода карда шуда, ба шаҳрванд дастрас карда мешавад. МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС: Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Суроға:121069, Москва, Скатертный переулок, бинои 19 Моб: +7 (985) 740 – 02 - 12 , E-mail:[email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Тел: +7 (812) 490-47-46 E-mail: [email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфа Тел: +7 (347) 276-52-96 , E-mail: [email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург Тел: (+343) 370-23-60, Е-mail: [email protected] Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Новосибирск Тел: +7 383 305 4461 , +7 383 305 4463 , +7 383 316 28 50 , 8 +7 800 350 65 65 E-mail: [email protected] Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат кунанд. Телефонҳо барои тамос: +7(495) 967-98-44; +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp) Е-mail: [email protected]
Posted Mar 31
Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон 31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақомро самимона истиқбол намуданд ва маросими аксбардории муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои ҳамсояро самимона хайрамақдам гуфта, бори дигар онҳоро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва изҳор доштанд, ки «ин ҷашн давоми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хизмат намудааст». Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд». «Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», — зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ. Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд. Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро «рӯйдоди бисёр муҳим» арзёбӣ намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд. Сарвари давлати мо аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бо имзои ин санади таърихӣ «дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон марҳилаи сифатан нави рушд оғоз ёфт». Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон хушбинии баланд дорем». Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».
Posted Mar 29
Табрикот бахшида ба иди саиди Фитр Ҳамватанони гиромӣ! Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯем. Ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол ва таҷлил менамоем. Моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд. Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад. Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳад кард. Бори дигар фарорасии иди саиди Фитр¬ро ба Шумо табрик намуда, ба ҳар як хонадони Шумо сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодати зиндагӣ, файзу баракати фаровон ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоем. Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!
Posted Mar 28
27 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои ҳатмӣ, саривақтӣ ва босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 27 марта под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства страны уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан. Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон дал конкретные указания и поручения министерствам, ведомствам, организациям и местным органам государственной власти по обязательному, своевременному и качественному выполнению поручений Правительства Республики Таджикистан.
Posted Mar 26
ҶИҲАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ 35 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия танҳо 35 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред. Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
Posted Mar 25
САНҶИШИ ПЕШ АЗ САФАР – КАФОЛАТИ МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат дар ҳолати риоя накардани қонунгузориҳои кишвари иқомат татбиқ карда мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки пеш аз сафар ба қаламрави Федератсияи Россия манъи воридоти худро санҷиш намуда, баъдан чиптаи парвоз харидорӣ намоянд, чун ҳангоми ворид шудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ наметавонанд аз сарҳади давлатӣ гузаранд ё худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранду иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд. Вобаста ба манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат раёсату шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар ҳолатҳои зерин метавонанд чунин қарор содир намоянд: - пешниҳоди маълумоти бардуруғ дар бораи худ ва мақсади будубош дар кишвари иқомат; - дар муддати се сол якчанд маротиба содир намудани ҳуқуқвайрокуниии маъмурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия (вобаста ба минтақаи фаъолияти шаҳрванди хориҷӣ); - ҳангоми хатар ба амнияти миллӣ ва саломатии аҳолии Федератсияи Россия; - ҳангоми доштани қарори суд дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия; - ҳангоми пардохт накардани ҷаримаи суд муайянкардашуда оид ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия; -ҳангоми пардохт накардани андоз аз даромад ва ё пардохт накардани ҷаримаи татбиқшуда; - дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ, риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии амнияти миллӣ ва ё вайрон намудани қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат; Агар вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Россия манъ шуда бошад ва дар қаламрави он қарор дошта бошад, ӯро зарур аст, ки дар муҳлати кутоҳтарин аз қаламрави Федератсияи Россия баромада равад. Дар ҳолати баромада нарафтан тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат вурудаш ба муҳлати 3, 5 ва ё 10 сол манъ карда мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд зарур аст, ки талаботҳои будубоши кишвари иқоматро риоя намуда, дар доираи қонунугузории Федератсияи Россия фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо гардидани савол вобаста ба будубош ва талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванд метавонанд ба Намояндагӣ тавассути рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва ё +7 (999) 912-58-68 (whatsapp) муроҷиат намоянд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар метавонад, ки тавассути линки мазкур https://xn--b1afk4ade4e.xn--b1ab2a0a.xn--b1aew.xn--p1ai/entry-ban вазъи ҳуқуқии худро санҷиш намуда, баъдан ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ азми сафар намояд. Ба миёнаравҳо, ки хизматрасонии мазкурро ба ивази маблағ анҷом медиҳанд бовар накарда, худатон санҷиш намоед.