Recent posts
Page 20 of 40 · 473 posts
Posted Aug 20
20 РӮЗИ ДИГАР: РАВАНДИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУ БОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 20 рӯзи дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Aug 20
ДАР НОВОСИБИРСК БА МУҲОҶИРОН ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД 19 августи соли ҷорӣ мусъулини Намояндагӣ аз ҷараёни сохтмони мактаби миёна дар шаҳри Новосибирск боздид намуда, бо гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки шаҳрвандон дар ширкати сохтмонии соҳибкори инфиродӣ - ИП «Низомиддин Мавлавиев» фаъолияти меҳнатӣ дошта, зимни боздид масъалаҳои вобаста ба шароити корӣ, зист ва таъминоти моддиву молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Роҳбари ширкат, Низомиддини Билол, соҳибкори муваффақи тоҷик буда, солҳои тӯлонӣ дар соҳаи сохтмон фаъолият менамояд. Айни ҳол ширкат дар беш аз панҷ иншооти сохтмонии вилояти Новосибирск кор мебарад, ки зиёда аз 90 фоизи кормандони онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳамаи кормандон мутобиқи қонунгузории кишвари иқомат фаъолият менамоянд. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбари ширкат масъалаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ дар Россия баррасӣ гардид. Тибқи натиҷаҳои гуфтушунид, роҳбарияти ширкат омодагӣ изҳор намуд, ки дар ҳолати мавҷуд будани хоҳишмандон маблағи роҳкиро аз Тоҷикистон то Россияро ҷудо намуда, инчунин дар самти таъмини ҷойи истиқомат ва қонунигардонии ҳузури муҳоҷирон мусоидат хоҳад кард. Мулоқот дар фазои самимӣ баргузор шуда, ба саволу ҷавобҳои зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ масъулини Намояндагӣ посух ва масъалаҳои муҳимро шарҳу тавзеҳ доданд. Аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват гардид, ки барои дарёфти маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон ба масъулини Намояндагӣ дар тамос шаванд.
Posted Aug 19
Мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва 18 августи соли ҷорӣ аз ҷониби Намояндагӣ вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 46 фаъолият доранд, баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуд. Вохӯрӣ дар майдони сохтмонӣ баргузор гардид, ки муҳоҷирон дар он ҷо ба корҳои сангфаршкунӣ ва асфалтрезӣ ҷалб гардидаанд. Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи ободонии шаҳри Москва сурат мегирад. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби ГУП «Мосводосток» (ш. Москва, кӯчаи Набережная Тарас Шевченко, хонаи 31) амалӣ мегардад, ки дар он зиёда аз 300 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Аз ҷониби кормандони Намояндагӣ суҳбати профилактикӣ гузаронида шуд. Ба шаҳрвандон зарурати риояи қонунҳои кишвари иқомат ва сари вақт расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, диққати махсус ба масъалаи пешгирии ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ равона шуд, ки фаъолияти худро бо шиорҳои динӣ пинҳон карда, ҷавононро ба амалҳои террористӣ даъват менамоянд. Қайд гардид, ки сабаби асосии муҳоҷират беҳтар кардани вазъи моддӣ мебошад ва маҳз аз ҳамин сабаб шаҳрвандон бояд диққати худро ба фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қонунҳо равона созанд. Илова бар ин, ба иштирокчиён зарурати пешгирии бемориҳо ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ хотиррасон карда шуд, зеро бемориҳои вирусӣ на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ҷараёни суҳбат, муҳоҷирони меҳнатӣ изҳор доштанд, ки зиёда аз се сол дар ширкат фаъолият дошта, аз шароити корӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ширкат ба онҳо манзил, кумак дар расмӣ намудани ҳуҷҷатҳо ва музди кори арзанда (тақрибан 5000 рубл дар як рӯз) фароҳам меорад. Дар анҷоми вохӯрӣ, кормандони Намояндагӣ шумораҳои «хатти доғ»-ро пешниҳод намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пайдо шудани ҳар гуна мушкилот, ҳар як шаҳрванд метавонад ба ин рақамҳо муроҷиат намояд.
Posted Aug 18
ВОХӮРИИ МУФИД БО ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК 15 августи соли ҷорӣ дар Масҷиди ҷомеии “Красина” шаҳри Новосибирск баъд аз намози ҷумъа, бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор маълумот пешкаш гардида, вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, ба тозагии сару либос, ришу рӯй аҳамият додан, саломатии худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намудан таъкид карда шуд. Инчунин вобаста ба қонунгузориҳоии кишвари иқомат оид ба муҳоҷират, хусусан Фармони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам, В.В Путин аз 30.12.2024 №1126, ки то 10 сентябри солӣ 2025 тамдид гардид, ки имконият медиҳад будубоши худро қонунӣ гардонанд. Ҳамзамон, дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас дошта, барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ба ҳар роҳу восита ҷалб менамоянд. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Тик-Ток, хостингҳои наворӣ ва дигар платформаҳои сифриро фаъолона истифода мебаранд, то паёми худро ба ҳадди аксар расонанд ва боиси ҷалби ҷавонон, намоянд. Даъват оварда шуд, ки аз ҳар гуна гуруҳҳои иртиҷоиву ифротгароӣ дурӣ ҷуста, масълумотҳоро аз сомонаҳои расмӣ мутолиа намоянд. Дар вохурӣ низ Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Сомониён” -и шаҳри Новосибирск Маҳмадӣ Давлатов иштирок намуд ва суханронии худро вобаста ба дастовардҳои миллати тоҷик дар самти тиб, ки зиёда аз чил табибони тоҷик дар муассисаҳои тиббии шаҳри Новосибирск фаъолият анҷом медиҳанд, иброз намуд. Ҳамчунин ба муҳоҷирон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода бурда, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономӯзӣ, ки бо мусоидати Намояндагӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ройгон ташкил карда шуд, ҷалб намоянд, ба осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо ташриф оранд ва барои соҳиб шудани касби нав ва баланд маоши ба курсҳои бозомӯзӣ таҳсил кунанд. Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз ҳамватанон даъват гардид, ки барои маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бо Намояндагӣ тамос гиранд.
Posted Aug 18
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 18.08.2025 https://president.tj/event/news/52306 18 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Пешвои миллат бо таъкид бар аҳамияти хоссаи сиёсии натиҷаҳои музокироти Президентҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аляска барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ карданд. Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доранд, табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо дар робита ба идомаи муколама ва тамосҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia
Posted Aug 15
Вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ Нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Масҷиди Ҷомеи ноҳияи «Левобережный»-и шаҳри Новосибирск вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар ҳудуди Федератсияи Россия, тартиби бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои ҳифзи меҳнат мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Корманди Намояндагӣ аҳамияти махсуси шуғли расмиро ҳамчун воситаи асосии ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар кишвари иқомат таъкид намуда, тавсия доданд, ки ба фаъолияти расмӣ шуғл варзанд. Ба шарҳи муқаррароти қонунгузории ФР таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷумла Фармони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам В.В. Путин аз 30 декабри соли 2024 № 1126, ки муҳлати амали он то 10 сентябри соли ҷорӣ дароз карда шудааст, шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ҳозирин иттилоъ дар бораи хатарҳое гирифтанд, ки бо ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷинояткор вобастаанд. Иштирокчиён ба ҳушёрӣ, дурӣ аз ҳар гуна сохторҳои вайронкор ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба таҳсил ва ҷалби фарзандон ба раванди таълим даъват гардиданд. Таъкид карда шуд, ки риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳо, инчунин андешидани чораҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ) барои муҳоҷирони меҳнатӣ биёр муҳим ва зарур аст. Илова бар ин, ба муҳоҷирон тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Posted Aug 13
28 РӮЗИ ДИГАР: РАВАНДИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУ БОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 28 рӯзи дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Aug 11
Манъи парвариш, нигоҳдорӣ ва интиқоли баъзе намудҳои растаниҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия, парвариш, нигоҳдорӣ ва интиқоли як қатор намудҳои растаниҳо, ки дорои моддаҳои нашъаовар ё психотропӣ мебошанд, манъ карда шудааст. Имрӯз дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растаниҳо таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парвариши ин растаниҳо тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст. Намудҳои манъшуда ё номатлуб дар Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия, ки аз 7 феврали соли 2024 № 135 зикр гардидаанд: «Дар бораи тасдиқи рӯйхати растаниҳо, ки дорои маводи нашъаовар ё моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо мебошанд ва бояд таҳти назорат бошанд». Рӯйхати 10 растании манъшуда, ки дар заминҳои кишоварзӣ ва боғҳои Россия ба назар мерасанд: 1. Лотуси кабуд (кувшинка кабуд) — растании обии оилаи кувшинкагулҳо бо гулҳои зебои ранги кабуд. Дар таркибаш алкалоидҳо дорад ва ҳангоми истеъмол таъсири сабуки галлюциногенӣ мебахшад. 2. Ипомеяи сесабза (Ipomoea tricolor) — токмонанди яксола бо гулҳои калони рангобаранги диданӣ, ки бисёриҳо онро ҳамчун ороишӣ парвариш мекунанд. Дар тухмаш моддаҳои нашъаовари галлюциногенӣ мавҷуданд. 3. Конопляи киштӣ (Cannabis sativa) — барг ва гули он дорои каннабиноидҳо мебошанд, ки ба рӯҳия ва эҳсоси инсон таъсир мерасонанд, хоболудӣ ё баръакс ҳаяҷонро ба вуҷуд меоранд. Парвариши конопляи техникӣ ё ғизоӣ таҳти танзими шадиди давлатӣ қарор дорад. 4. Шалфейи пешгӯён (Salvia divinorum) — дорои моддаи психоактивии салвинорин мебошад. 5. Маки хобовар (Papaver somniferum) — шираи ширинаки он дорои опиатҳо — маводи нашъаовари пурқувват мебошад, ки вобастагии ҷисмонӣ ба вуҷуд меоранд. 6. Розаи гавайӣ (Argyreia nervosa) — ё худ Аргиреяи асабдор, дорои алкалоидҳост, ки ҳангоми истеъмол метавонанд галлюцинация, тағйироти дар шуур ва таъсири номатлуб ба вуҷуд оранд. 7. Турбинаи сипаршакл (Turbina corymbosa) — тухмаш дорои моддаҳои психоактивӣ буда, дар байни аҳолии бумии Амрико чун воситаи галлюциногенӣ истифода мешуд. 8. Эфедра (Ephedra) — маъруф бо номи "малинаи саҳроӣ" ё "алафи Кузмич", дорои алкалоиди эфедрин мебошад, ки фаъолияти асабро таҳрик медиҳад. Маводи мазкур аз сабаби истифодааш дар истеҳсоли маводи мухаддири метамфетамин манъ шудааст. 9. Петрушкаи мӯйнок (Petroselinum crispum) — худи растании сабзи он барои парвариш иҷозат дода шудааст, вале дар қабати тухми он моддаи психоактивии миристицин мавҷуд аст, ки барои истеҳсоли амфетаминҳо истифода мешавад. Барои харид ва нигоҳдории тухми петрушкаи мӯйнок бо ҳадафи коркард низ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. 10. Ҳазориспанд ё ин ки Гармала (Peganum harmala) — растанӣ аст, ки алкалоидҳо ба монанди гармалин ва гармин дорад, ки хусусиятҳои психоактивӣ доранд. Ин растанӣ барои воридот, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ шудааст. Илова ба растаниҳои болозикршуда, хабар медиҳем ки инчунин Нос (Насвай, тамокуи сабз) - истеҳсол ва фурӯши он, аз ҷумла савдои яклухт ва чакана, манъ аст. Воридоти насвай барои истифодаи шахсӣ иҷозат дода шудааст, вале на бештар аз 250 грамм. Мувофиқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъаовар ё психотропӣ бо ҳаҷми зиёд бо ҷазои то 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таҳти таъқиб қарор мегирад. Ҳамчунин, барои парвариши миқдори ками ин растаниҳо ҷазои маъмурӣ дар назар дошта шудааст — ҷарима ё ҳабси маъмурӣ. Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, тавсия медиҳад, ки аз парвариш ва истифодаи ҳама гуна растаниҳое, ки метавонанд зери манъи қонунгузорӣ бошанд, худдорӣ намоянд, то аз оқибатҳои ҳуқуқӣ эмин монанд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.
Posted Aug 11
30 РӮЗИ ДИГАР: РАВАНДИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУ БОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 30 рӯзи дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Aug 10
10 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Зимни он масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Русия оид ба натиҷаҳои асосии музокирот бо ҷониби ИМА маълумот дод. Пешвои миллат зимни изҳори сипос аз пешниҳоди маълумот аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина пуштибонӣ карданд. 10 августа состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным. В ходе беседы обсуждены актуальные вопросы развития двустороннего сотрудничества и международной повестки. Президент России сообщил об основных результатах переговорного процесса с США. Лидер нации выразил признательность за информацию и поддержал усилия по поиску политико-дипломатических путей урегулирования украинского кризиса. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Aug 10
31 РӮЗИ ДИГАР: РАВАНДИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУ БОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 31 рӯзи дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Aug 9
32 РӮЗИ ДИГАР: РАВАНДИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУ БОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 32 рӯзи дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97