TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,646Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 9 of 40 · 473 posts

Posted Dec 29

Таваҷҷуҳ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар давраи рӯзҳои идона аз 30 декабр то 12 январ реҷаи кории Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии «Сахарово» тағйир дода мешавад. Дар ин давра Марказ тибқи реҷаи зерин фаъолият хоҳад кард: 30 декабр реҷаи муқаррарӣ, 31 декабр реҷаи кӯтоҳ то соати 14:00 ва аз 1 то 9 январи соли 2026 рӯзҳои истироҳатӣ. Аз 12 январ Марказ фаъолиятро дар реҷаи муқаррарӣ идома медиҳад. Лутфан ҳангоми банақшагирии боздид ин маълумотро ба инобат гиред.

281 views

Posted Dec 25

ҶОЙҲОИ КОРИИ МУВОФИҚ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳҳомии (АО) «Аякс Инжиниринг» қабули кормандонро ба ҳайси монолитчӣ ва коргарони умуми (ёрдамчиён) эълон намудааст. Тибқи иттилои ширкати мазкур, ҷойи кор дар вилояти Амур, ноҳияи Свободненский ва маош аз 130 000 рубли русиро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки ба ширкат айни замон 20 нафар монолитчиён ва 20 нафар коргарони умумӣ (ёрдамчиён) зарур мебошанд. Пардохти музди меҳнати кормандон ду маротиба дар як моҳ ба корти бонкӣ, ки дар доираи лоиҳаи маошӣ барои кормандон кушода мешавад, ба таври пурра анҷом дода мешавад. Ширкат иҷрои пурраи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат, фароҳам овардани шароити зист ва таъмини ғизои кормандонро кафолат медиҳад. Таҷрибаи кории довталабон барои монолитчиён зиёда аз 2 сол ва барои коргарони умумӣ муҳим набуда, донистани забонӣ рӯсӣ ҳатмӣ ва синни ниҳоӣ то 55 соларо ташкил медиҳад. Хароҷоти роҳкиро аз Ватан то минтақаи фаъолият, гирифтани патент ва маблағи ҳармоҳаи он, бақайдгирии муҳоҷиратӣ, ҷойи хоб, хӯрок ва омӯзиш пурра аз ҳисоби корфармо пардохт мегардад. Рақамҳои тамоси масъулини ширкат: Ёрдамчии директори генералӣ: +79771305941; Мутахассиси шуъбаи кадрҳо: +79858923203. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: +74959679844 Шабакаи иҷтимоии “WhatsApp”, Telegram +7 (999) 912-58-68.

324 views

Posted Dec 25

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия.

289 views

Posted Dec 24

Дорогие друзья! С огромной радостью и чувством особой гордости сообщаем, что студент Сибирского государственного медицинского университета города Томска, Ахтамов Ахтам Алиджонович стал победителем Всероссийской национальной премии «Студент года – 2025» в номинации «Иностранный студент года», одержав победу в городе Москве среди 850 участников со всей страны! Этот выдающийся успех — не только личное достижение Ахтамова Ахтама Алиджоновича, но и большая гордость для Республики Таджикистан. Его целеустремлённость, трудолюбие и высокий уровень знаний являются ярким примером для всей молодежи Таджикистана, вдохновляя новое поколение стремиться к знаниям, развитию и международному признанию. От всей души поздравляем с заслуженной победой и искренне благодарим за достойное представление молодого поколения и родной страны на столь высоком уровне! Дӯстони азиз! Бо камоли хушнудӣ ва ифтихори бузург ба иттилои шумо мерасонем, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Сибири шаҳри Томск, Аҳтамов Аҳтам Алиҷонович дар шаҳри Москва миёни 850 иштирокчӣ ғолиби Мукофоти миллии умуми Россия «Донишҷӯи сол – 2025» дар номинатсияи «Донишҷӯи хориҷии сол» гардид! Ин дастоварди назаррас на танҳо муваффақияти шахсии Аҳтамов Аҳтам Алиҷонович, балки мояи ифтихори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Меҳнатдӯстӣ, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди донишу маҳорати ӯ намунаи ибрат барои тамоми ҷавонони Тоҷикистон буда, онҳоро ба омӯзиш, рушд ва расидан ба комёбиҳои байналмилалӣ илҳом мебахшад. Аз самими дил ин пирӯзии арзандаро табрик гуфта, барои намояндагии шоистаи насли ҷавони мо ва Ватани азизамон дар сатҳи баланд изҳори сипос менамоем!

384 views

Posted Dec 23

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Встреча Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

219 views

Posted Dec 22

22 декабр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. Сарони давлатҳо куштори бераҳмонаи шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шадидан маҳкум карда, зарурати тафтишоти беғаразонаи ин ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид карданд. 22 декабря состоялась встреча Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным. В ходе встречи были обсуждены важные аспекты двустороннего и многостороннего сотрудничества между Таджикистаном и Россией. Главы государств решительно осудили жестокое убийство гражданина Республики Таджикистан, 10-летнего Алиева Кобилджона, подчеркнув необходимость беспристрастного расследования данного преступления и привлечения всех виновных к строгой уголовной ответственности. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

167 views

Posted Dec 22

22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федаратсияи Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари кишвари мизбон ва дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд. Роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башариро баррасӣ намуданд. 22 декабря в Санкт-Петербурге Российской Федерации состоялась неофициальная встреча глав государств-участников Содружества Независимых Государств. Во встрече приняли участие Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон, Глава принимающей страны и другие главы государств-участников Содружества Независимых Государств. Главы государств-участников Содружества обсудили комплекс вопросов межгосударственного сотрудничества в торгово-экономической, социальной и культурно-гуманитарной сферах. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia#ИДМ#СНГ#CIS President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

229 views

Posted Dec 22

22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд. Ба роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона ва санъати меъмории он маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи фарҳангӣ соли 1764 таъсис ёфта, аз ҳафт бинои таърихӣ, аз ҷумла Қасри зимистона, иборат аст. 22 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках рабочей поездки в Санкт-Петербург Российской Федерации совместно с другими главами государств-участников Содружества Независимых Государств посетил исторические достопримечательности Санкт-Петербурга, в том числе Государственный Эрмитаж. Руководителям государств-участников Содружества Независимых Государств была предоставлена подробная информация об истории музея и его важнейших историко-культурных артефактах. Было сообщено, что этот культурный комплекс был основан в 1764 году и состоит из семи исторических зданий, включая Зимний дворец. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia#ИДМ#СНГ#CIS President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

165 views

Posted Dec 21

21 декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

135 views

Posted Dec 21

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи “Пулково” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд. 21 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон прибыл с рабочим визитом в город Санкт-Петербург Российской Федерации. В аэропорту «Пулково» Президента Республики Таджикистан тепло и искренне встретили высокопоставленные представители Российской Федерации. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia#ИДМ#СНГ#CIS President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

125 views

Posted Dec 21

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 21 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл в город Санкт-Петербург Российской Федерации для участия в неформальной встрече лидеров государств-участников Содружества Независимых Государств. В этой поездке Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона сопровождают министр иностранных дел, помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей и другие официальные лица. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia#ИДМ#СНГ#CIS President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

155 views

Posted Dec 20

ДАР ҲОЛАТИ ПЕШ ОМАДАНИ МУШКИЛОТ БА МАҚОМОТИ РАСМӢ МУРОҶИАТ НАМОЕД Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷиратӣ ба мақомоти дахлдори давлатии қабулкунандаи қувваи корӣ ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед. Ба миёнаравҳо ва шахсони алоҳида бовар накунед.

173 views
12•••7891011•••20•••30•••3940