Recent posts
Page 12 of 40 · 473 posts
Posted Nov 28
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ 27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Москва ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки дар доираи Созишномаи байни Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, баргузор гардид. Тарафи тоҷикистониро дар ҷаласа Раиси гурӯҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистон – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод роҳбарӣ намуд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои калидии зеринро ба таври муфассал баррасӣ карданд: • тағйиру иловаҳои асосӣ ва навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2024–2025 ба амал омадаанд; • вазъи кунунии муҳоҷират дар ҳудуди ҳар ду давлат, аз ҷумла тағйирёбии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ, роҳҳои ошкоршудаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва чораҳо барои пешгирии онҳо; • таҷрибаи татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба реадмиссияи соли 2013, инчунин масъалаҳои мушкилзое, ки дар ин самт ба миён меоянд ва роҳҳои ҳалли онҳо; • раванди иҷрои тавофуқоте, ки 28 майи соли 2024 дар машваратҳои мукаммали байниидоравии коршиносони Русия ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба даст омада буданд. Ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият мекунанд, инчунин чораҳои муштарак оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла мубориза бо бақайдгирии сохта ва шуғли ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар асоси натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкории созандаи дуҷониба дар самти муҳоҷират тасдиқ карданд, оид ба фаъолтар намудани мубодилаи иттилоот ва маълумоти фаврӣ, инчунин таҳияи нақшаи навшудаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2026 ба мувофиқа расиданд. Иштироки муовини вазир Норзода Шариф Сангимурод дар ҷаласаи Маскав марҳилаи муҳими сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Федератсияи Русия гардид ва сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва ҳамкории шарикии миёни сохторҳои дахлдори ду давлатро дар ҳалли масъалаҳои муҳими муҳоҷиратӣ таъкид намуд.
Posted Nov 27
Posted Nov 27
Мулоқоти муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Москва, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират боздид намуда, бо ҳайати кормандони Намояндагӣ мулоқоти васеъ доир намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрам вобаста ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Федератсияи Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Таъкиди хоса ба самтҳои зерин дода шуд: •тақвияти чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон; •баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иттилоотӣ-ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон; •вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар ҳалли ҳолатҳои баҳсӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ байни коргарони тоҷик ва корфармоёни рус; •такмили механизмҳои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фиристодани онҳо аз Тоҷикистон ба Русия; •ҳамкории зич бо мақомоти Русия ва созмонҳои иҷтимоӣ барои пешгирии нақзи қонунгузории муҳоҷиратӣ ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ. Муовини Вазир кори ҳайати Намояндагиро баланд арзёбӣ намуда, саҳми назарраси кормандонро дар ҳифзи манфиатҳои садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолият доранд, таъкид кард. Норзода Шариф ба Намояндагӣ як қатор вазифаҳои мушаххасро барои давраи наздик, азҷумла зарурати афзоиши сафарҳои сайёрӣ ба минтақаҳое, ки шумораи муҳоҷирони тоҷик зиёд аст, муайян намуд. Инчунин бобати густариши ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои касабавӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Русия, таъкид гардид. Дар натиҷаи мулоқот, нақшаҳои минбаъда барои таҳкими низоми ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти намояндагӣ дар шароити нав, муҳокима гардиданд. Ёдовар мешавем, ки 27–28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Москва ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор мегардад.
Posted Nov 27
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 27.11.2025 #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#Путин#Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Nov 27
Posted Nov 27
Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 27.11.2025 https://president.tj/event/news/54006 Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зоҳир гардид. Зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#Путин#Putin
Posted Nov 25
Posted Nov 25
Ҳамватанони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои Шумо мерасонад, ки аз 5 феврали соли 2025 Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Феҳристи шахсони назоратшавандаро (ФШН)-ро роҳандозӣ намуд. Ба ҳолати ноябри соли 2025 дар он зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд. Чӣ тавр худро дар ФШН санҷидан мумкин аст Пайванд: https://гувм.мвд.рф/rkl Ворид кунед: Ному насаб (бо забони русӣ), санаи таваллуд, шаҳрванди «Ҷумҳурии Тоҷикистон». Санҷиш ройгон аст ва ҳамагӣ 10 сония вақт мегирад. Сабабҳои ворид шудан ба реестр • Анҷом ёфтани муҳлати патент, ИБИМ (РВП), ИБИ (ВНЖ) ё қайдгирӣ • Сари вақт тамдид накардани ҳуҷҷатҳо • Бекор шудани патент бинобар қонуншиканиҳои маъмурӣ Паёмадҳо • Уҳдадоранд дар давоми 15 рӯз Русияро тарк кунанд • Мамнуъияти вуруд барои муддати муайян • Депортатсия ва ҷарима ба корфармо Агар шумо дар реестр бошед, чӣ бояд кард 1.Агар асос вуҷуд дошта бошад, фавран ба шуъбаҳои ноҳиявии Сарраесати муҳоҷиратии ВКД (ГУВМ ВКД)-и Русия барои додани ариза муроҷиат кунед. 2.Дар муҳлати муқарраршуда ихтиёран кишварро тарк намоед (то ки мамнуъияти вуруд нагиред). Ҳолати худро мунтазам санҷед, ҳуҷҷатҳоро сари вақт тартиб диҳед ва онҳоро саривақтона тамдид намоед! Иловатан ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонанд ба Намояндагӣ аз соати 09:00 то 18:00 бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: 🌐 [email protected]
Posted Nov 25
Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористон, масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие ба шаҳри Чистопол ташриф овард. Дар ҷараёни сафар бо роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Чистопол ва муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои риояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳамияти саривақт ба тартиб даровардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ (бақайдгирӣ, патент, шартномаи меҳнатӣ) барои будубоши қонунӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия муфассал баррасӣ гардид. Дар қисмати дуюми мулоқот масъули Намояндагӣ қатъиян таъкид намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд нисбат ба ташкилотҳои шубҳанок ва шахсони сеюм, ки метавонанд онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ё гурӯҳҳои ҷиноӣ ҷалб намоянд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд. Дар охир масъули Намояндагӣ ба ҳамаи саволҳои матраҳшуда посух дод ва аз иштирокчиён барои фаъол буданашон изҳори миннатдорӣ баён кард.
Posted Nov 20
Posted Nov 20
*Паёми иттилоотӣ барои шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд* Ҳамватанони гиромӣ! Ба маълумоти шумо расонида мешавад, ки дар қаламрави бузургтарин фурудгоҳҳои Россия 12 нуқтаи назорати муҳоҷиратии мақомоти корҳои дохилӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ин нуқтаҳо бо ҳамоҳангсозии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия ва Сарраёсат оид ба нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Россия фаъолият мекунанд. Нуқтаҳои назорати муҳоҷиратӣ аллакай дар маҷмааи ҳавоии Москва, инчунин дар фурудгоҳҳои Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва шаҳрҳои дигар таъсис ёфтаанд. Дар марҳилаҳои минбаъда, ифтитоҳи чунин нуқтаҳо дар истгоҳҳои сарҳадии роҳи оҳан, дар наздикии гузаргоҳҳои обӣ ва автомобилӣ пешбинӣ шудааст. Мақсади асосии фаъолияти ин сохторҳо — ошкор ва пешгирии вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки меъёрҳои қонунигузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро вайрон мекунанд. Бо дарназардошти ин, аз шаҳрвандонамон, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди Россия мешаванд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад: қаблан дурустии ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури марз санҷанд; ба муҳлати эътибори шиноснома (на кам аз як солу ду моҳ), патент ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд пас аз воридшавӣ тартиб дода шаванд, диққати ҷиддӣ диҳанд; қоидаҳои будубош ва номнавишти муҳоҷиратиро дар қаламрави Федератсияи Россия қатъиян риоя намоянд; дар ҳолатҳои зарурӣ аз намояндагиҳои расмӣ ва мақомоти ваколатдор машварат гиранд. Омодагии саривақтии ҳуҷҷатҳо ва риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ имкон медиҳад, ки аз таъхир ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми воридшавӣ пешгирӣ карда шавад. Иловатан ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонанд ба Намояндагӣ аз соати 09:00 то 18:00 бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: 🌐 [email protected]
Posted Nov 20