Recent posts
Page 11 of 40 · 473 posts
Posted Dec 10
Санаи 8 декабри соли ҷорӣ масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволже дар толори махсуси Маркази савдои “Порт”-и шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрии судманд баргузор намуд. Вохӯрӣ дар ҳуҷраи намозгузории марказ оғоз гардида, дар он масъалаҳои муҳим марбут ба риояи қонунгузории соҳаи муҳоҷиратӣ, зарурати омӯзиши забони русӣ барои мутобиқшавии беҳтар, инчунин аз худ намудани касбу ҳунарҳои иловагӣ барои боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни мулоқот инчунин ба аҳамияти худдорӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳо, ҳаракатҳо ва ҳизбҳои ифротгарою экстремистӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар анҷоми мулоқот ҳозирин имконият пайдо карданд саволҳои худро ба масъулини Намояндагӣ пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда гирифтанд.
Posted Dec 10
Posted Dec 10
ҶОЙҲОИ КОРИИ МУВОФИҚ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳҳомии (АО) «Аякс Инжиниринг» қабули кормандонро ба ҳайси монолитчӣ ва коргарони умуми (ёрдамчиён) эълон намудааст. Тибқи иттилои ширкати мазкур, ҷойи кор дар вилояти Амур, ноҳияи Свободненский ва маош аз 130 000 рубли русиро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки ба ширкат айни замон 20 нафар монолитчиён ва 20 нафар коргарони умумӣ (ёрдамчиён) зарур мебошанд. Пардохти музди меҳнати кормандон ду маротиба дар як моҳ ба корти бонкӣ, ки дар доираи лоиҳаи маошӣ барои кормандон кушода мешавад, ба таври пурра анҷом дода мешавад. Ширкат иҷрои пурраи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат, фароҳам овардани шароити зист ва таъмини ғизои кормандонро кафолат медиҳад. Таҷрибаи кории довталабон барои монолитчиён зиёда аз 2 сол ва барои коргарони умумӣ муҳим набуда, донистани забонӣ рӯсӣ ҳатмӣ ва синни ниҳоӣ то 55 соларо ташкил медиҳад. Хароҷоти роҳкиро аз Ватан то минтақаи фаъолият, гирифтани патент ва маблағи ҳармоҳаи он, бақайдгирии муҳоҷиратӣ, ҷойи хоб, хӯрок ва омӯзиш пурра аз ҳисоби корфармо пардохт мегардад. Рақамҳои тамоси масъулини ширкат: Ҷаҳонгирова Томирис – ёрдамчии директори генералӣ (+79771305941) ва Алимова Ирина – мутахассиси шуъбаи кадрҳо (+79858923203). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: +74959679844 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp”, Telegram +7 (999) 912-58-68.
Posted Dec 4
Posted Dec 4
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ҷойи аввалро гирифт. Қобили қайд аст, ки қаблан Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид. Ба иттилои директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода, моҳи ноябри соли 2024 аз рӯи «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуот барои солҳои 2022-2026» бо ҷалби олимону донишмандон нашриёти «Ирфон» аз осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду китоб- «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»-ро дар таҳрири нав бо сифати баланди полиграфӣ ба нашр расонид. «Аҳамияти ин асарҳо барои баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватану миллат хеле назаррас аст. Мақсади асосии Сарвари давлат ин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пуртазод мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафту ободӣ ва суботи мамлакат саҳм гузоранд»,-гуфт Абдувалӣ Абдураҳмонзода. Директори нашриёт даъват намуд, ки ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа бояд аз муҳтавои асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ бошанд ва онҳоро ба таври амиқ мутолиа намоянд, зеро дар ин асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи мамлакат маълумоти зиёд оварда шудаанд. «Гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик заминаи мусоид мегузорад. Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст»,- чунин баён доштаанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо». Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», ки унвони рамзии «Бишнав аз най…» — ро гирифтааст, аз ҷараёни муносибати густардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба афкор ва андешаҳои оламгири Мавлоно баргашта, бар пояи сабаб ва омилҳои аслӣ зарурати таълифи чунин асари арзишмандро ба таври амиқ ва равшану барҷаста чунин тавзеҳ додаанд: «Бо рушди босуръат ва печидаи ҷомеаи башарӣ, таҳаввулоти навин ва амиқи иҷтимоӣ, афзоиши мушкилот ва зиддияти гуногун, бахусус зарурати таъхирнопазири робита ва ҳамкории созандаи халқҳо, минтақаҳо ва тамаддунҳо башарият бештару бештар ба Мавлонои мо рӯ хоҳад овард.
Posted Dec 4
Posted Dec 4
ҶОЙҲОИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи буҷетии давлатии «Жилишники ноҳияи Зюзино»-и шаҳри Москва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кори доимӣ даъват менамояд. Зимни фаъолияти меҳнатӣ дар муассисаи давлатии мазкур корфармо тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро таъмин намуда, шароити арзандаро дар раванди фаъолияти меҳнатӣ фароҳам овардааст. Корфармо барои довталабон вазифаҳои холии зеринро пешбарӣ менамояд. Ҷорӯбкаш (дворник) — аз 85 000 рубл Бомпӯш (кровельщик) — аз 105 000 рубл Роҳсоз (дорожный рабочий) — аз 85 000 рубл Фаррош (уборщица) — аз 41 000 рубл Талабот барои довталабон: Доштани иҷозатномаи расмии фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва дигар ҳуҷҷатҳои талаботи қонунгузории амалкунандаи муҳоҷирати Федератсияи Россия. Барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар муассисаи мазкур фаъолият кардан мехоҳанд, корфармо бақайдгирии расмии шартномаи меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Федератсияи Россия, пардохти саривақтии музди меҳнат (2 маротиба дар як моҳ бо имкони гирифтани мукофотпулӣ), таъмини ҷойи хоб (хобгоҳ), таъмини либоси махсуси кориро фароҳам меоварад. Довталабон метавонанд барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба суроғаи шаҳри Москва, булвари Симферопол, хонаи 16, бинои 1 ё тавассути телефони шахси масъул Антон Юревич Пошешулин +7 (495) 318-86-36 дар тамос шаванд.
Posted Dec 3
Posted Dec 3
МАЪЛУМОТИ ИТТИЛООТӢ оид ба боло рафтани (афзоиши) арзиши патент дар шаҳри Москва дар соли 2026 Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оиб ба муҳоҷират Муҳтарам шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оиб ба муҳоҷират ба маълумоти Шумо мерасонад, ки арзиши патент барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва дар соли 2026 меафзояд. Аз 1 январи соли 2026 арзиши моҳонаи патент барои шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, зиёд гардида, 10 000 рубл-ро ташкил медиҳад (ба ҷои 8 900 рубл дар соли 2025). Асос: Қонуни шаҳри Москва аз 01.11.2025 № 41 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунҳои алоҳидаи шаҳри Москва дар соҳаи андозбандӣ», ки мувофиқи он коэффисиенте, ки хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнатро дар шаҳри Москва барои соли 2026 инъикос мекунад, ба андозаи 2,9323 муқаррар шудааст (дар соли 2025 — 2,8592). Муҳим барои онҳое, ки ният доранд дар соли 2026 дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатиро шуруъ кунанд ё идома диҳанд: • Агар шумо барои як ё якчанд моҳи соли 2026 патентро бо нархи кӯҳна (8 900 рубл) пешакӣ пардохт карда бошед, ҳеҷ гуна пардохти иловагӣ талаб намешавад. Қабзҳои пардохтшуда амалкунанда мемонанд. • Шумо метавонед маблағи зиёдеро сарфа кунед, агар патентро барои соли 2026 то 31 декабри соли 2025 пешакӣ пардохт намоед. Дар ин сурат арзиши ҳар моҳи соли 2026 8 900 рубл, на 10 000 рубл мешавад. • Сарфа барои як моҳ — 1 100 рубл. • Агар патентро барои тамоми соли 2026 (12 моҳ) пешпардохт кунед, сарфа 13 200 рубл-ро ташкил медиҳад. Тавсия медиҳем, ки пардохтро ба рӯзҳои охири декабр нагузоред, то аз навбатҳо дар бонкҳо ва ноқисиҳои техникии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад. Оид ба масъалаҳои вобаста ба тартиб ва пардохти патент, Шумо ҳамеша метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оиб ба муҳоҷират ё ба масъулини Ҳавзаҳои минтақавии мо муроҷиат намоед. Рақамҳо барои тамос: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: 🌐 [email protected] Худро эҳтиёт кунед ва қонунӣ фаъолият намоед! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Posted Nov 28
Posted Nov 28
ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИР ДАР 17-УМИН ҶАЛАСАИ ГУРУҲИ КОРИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ОИД БА АМАЛИСОЗИИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОНИ ДУ КИШВАР АЗ 16 ОКТЯБРИ 2004 СОЛ 27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Москва таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод 17-умин ҷаласаи Гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар аз 16 октябри 2004 сол баргузор гардид. Инчунин, дар вохӯрӣ иштирок намуданд: муовини якуми вазири тандурустӣ – Юсуфӣ Саломуддин, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - Самадов Баҳром, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ – Раҷабзода Боймаҳмад, муовини сардори раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ – Носирзода Анвар, муовини сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ – Ҳалимзода Заррина ва сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ – Исматзода Фатҳиддин. Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо натиҷаи иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблӣ – 16-умро ҷамъбаст намуда, вазъияти кунунии муҳоҷиратро таҳлил карданд ва бо маълумоти омории нав оид ба ҷараёнҳои меҳнатӣ мубодила намуданд. Ба таъсири тағйироти охирини қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тадбирҳо оид ба сари вақт огоҳ намудани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокчиён масъалаҳои таҳкими корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатии содиршаванда, ташкили имтиҳонҳои забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунигузории Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин имкони гузарондани муоинаи тиббӣ ва гирифтани изи ангушт қабл аз сафар ба корро ба таври муфассал баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи ҷудогона ба такмили механизми ҷалби муташаккил равона гардид: тарафҳо оид ба таҳияи тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Қаламрави Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 мувофиқа карданд, ки ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон тартиби мазкурро осонтару шаффофтар мегардонад. Ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии кори Намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Душанбе (ФГУП ПВС МВД России) ва ҳалли фаврии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар поёни ҷаласа ҷо ва замони баргузории ҷаласаи 18-ум дар соли 2026 муайян гардида, омодагии тарафайн барои рушди минбаъдаи муҳоҷирати танзимшаванда, бехатар ва судманди меҳнатӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба манфиати шаҳрвандони ҳар ду кишвар тасдиқ карда шуд.
Posted Nov 28