Recent posts
Page 8 of 40 · 473 posts
Posted Jan 6
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилотии миёна, миёнаи касбӣ, таҳсилоти олӣ, таҳсилоти баъдидипломӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии дар ҳудуди Федератсияи Россия таҳсилкунанда, мерасонад, ки риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ҳатмӣ буда, иҷрои он кафолати қонунии ҳар яки шуморо таъмин менамояд. Дар ротиба ба тағийрот дар самти қонунгузории будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Россия Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, ки тамдид намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, дар робита ба таҳсил яке аз ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимию илмӣ буда, маъмурияти муассиса вазифадор аст, ки раванди будубоши қонунии шаҳрванди кишвари хориҷиро дар ҳудуди Федератсияи Россия таъмин намояд. Мувофиқи Қонуни Федеролии №115-ФЗ аз 25 июли соли 2002 «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» ва тағийротҳо ба қонуни мазкур муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки на дертар аз 20 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати будубоши донишҷӯи хориҷӣ бо дархост ба мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия муроҷиат намоянд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимию илмии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вазифадоранд, ки баъди ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия пас аз гузашти 90 шабонарӯз, дар ин муддат ба Раёсати кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ дар асоси мактуби расмии муассисаи таълимӣ муроҷиат намуда, корти муҳоҷиратии худро тамдид намоянд. Хотирасон менамоем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, дар асоси ҳуҷҷатҳои будубоши волидайн метавонанд, муҳлати корти муҳоҷиратии худро тамдид намоянд. Ба гуруҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои курси такмили ихтисос, курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ, иштирок дар экспедиятсияҳои илмӣ, тадқиқотҳои сотсиологии муштарак, курсҳои таҷрибаомӯзии байнидонишгоҳӣ ба муҳлати зиёда аз 90 шабонарӯз ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, онҳоро низ зарур аст, ки ин раванди тамдиднамоии корти муҳоҷиратиро вобаста ба мақоми ҷойгиршавӣ дар асоси мактуби расмии муассиса ба мақомоти салоҳитядори давлатии Россия муроҷиат намоянд. Гуруҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ба ҳайси унвонҷӯ, доктарант таҳсил доранд, онҳо низ вазифадоранд, ки раванди мазкурро тибқи меъёрҳои ҷоришуда (по пешниҳоди мактуби расмӣ, нусха аз протоколи ҷаласаи кафедра, фармоиши директори муассиса ва шартномаи тарафайн) риоя намоянд. Дар ҳолате ки муҳлати бақайдгирӣ сари вақт тамдид карда нашавад, донишҷӯи хориҷӣ метавонад ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда шавад, ки он аз 5 феврали соли 2025 дар ҳудуди Федератсияи Россия амал мекунад. Ворид шудан ба ин феҳрист метавонад боиси маҳдуд гардидани баъзе ҳуқуқҳо ва амалҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия гардад. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бояд раванди амалии қонунгузории кишвари иқоматро дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ қатъиян риоя намуда, талаботҳои зеринро ба таври ҳамешагӣ зери назорати доимӣ дошта бошанд: 1. Муҳлати бақайдгирӣ ва шартномаи таҳсили худро бо муассиса сари вақт назорат намоянд; 2. Барои дароз кардани муҳлати будубош пешакӣ ба шуъбаи байналмилалӣ ё Раёсати донишгоҳ тибқи талаботи қонунгузории Россия дар муҳлати муайянгардида, муроҷиат намоянд; 3. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё пеш омадани мушкилот дар ин самт, барои гирифтани машварат ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд;
Posted Jan 4
ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки корфармоёни зерин дар ҳудуди Федератсияи Россия ба кормандони пурмасъул ва меҳнатдӯст ниёз дошта, аз руи касбу кори гуногун мансабҳои маъмурии холиро эълон намудаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷуи кори муносиб мебошад, метавонанд барои фаъолият ба рақамҳои дар зербуда ба ширкатҳои мазкур дар тамос гарданд. Ҷамъияти саҳҳомии (АО) «Аякс Инжиниринг» Ҷойи кор: вилояти Амур, ноҳияи Свободненский Вазифаи холӣ: коргарони умумӣ (ёрдамчиён) – аз 130 000 рубл Маълумот барои тамос: 89858923203, 89771305941, Алимова Ирина Шароит: ҷойи хоб, пардохти патент, ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ ва ҳатто парвоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то ноҳияи Свободненский аз ҳисоби корфармо
Posted Jan 2
ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки корфармоёни зерин дар ҳудуди Федератсияи Россия ба кормандони пурмасъул ва меҳнатдӯст ниёз дошта, аз руи касбу кори гуногун мансабҳои маъмурии холиро эълон намудаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷуи кори муносиб мебошад, метавонанд барои фаъолият ба рақамҳои дар зербуда ба ширкатҳои мазкур дар тамос гарданд. ҶДММ Вогоноремонтное Депо Ҷойи кор: Москва, Санкт Пертербург, Череповетс, Узловская, Уфа, Перм, Иркутск, Вазифаҳои холӣ: кафшергар – аз 100 000 рубл, оҳангар – аз 90 000 рубл Маълумот барои тамос: +7 963 975 69 70 Озод Ташматов Шароит: ҳуҷҷатгузорӣ ва таъминот бо ҷойи хоб ва ғизои нисфирӯза
Posted Jan 1
ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки корфармоёни зерин дар ҳудуди Федератсияи Россия ба кормандони пурмасъул ва меҳнатдӯст ниёз дошта, аз руи касбу кори гуногун мансабҳои маъмурии холиро эълон намудаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷуи кори муносиб мебошад, метавонанд барои фаъолият ба рақамҳои дар зербуда ба ширкатҳои мазкур дар тамос гарданд. ҶДММ "ПРОГРЕСС М" Ҷойи кор: шаҳри Москва Вазифаи холӣ: Сангтарош (каменщик) – аз 60 000 рубл Маълумот барои тамос: +7 965 176 66 66 Дадаев Амирхан Шароит: ҳуҷҷатгузорӣ ва таъминот бо ҷойи хоб ва ғизои нисфирӯза
Posted Dec 31
Ҳамватанони гиромӣ! Ҳамкорони муҳтарам! Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик менамоем! Соли сипаришуда марҳилаи муҳим дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гардид. Дар доираи муколамаи созанда ва эътимоди мутақобила корҳои пайгирона ҷиҳати рушди механизмҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия идома ёфтанд. Натиҷаҳои мусбати фаъолияти муштараки мақомоти соҳавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин корфармоёни ҳар ду кишвар ва татбиқи бомуваффақияти созишномаҳо ва санадҳои байнидавлатӣ ва байниидоравии қаблан баимзорасида, ки ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва фароҳам овардани шароити бехатару арзандаи меҳнат равона шудаанд, махсусан қобили зикр мебошанд. Ба шарофати ҳамкории ҳамоҳангшудаи ҷонибҳо, густариши заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ, ҷалби муташаккилона ҳамчун воситаи самаранок ва шаффофи шуғли меҳнатӣ ташаккул ёфта, ба таҳкими суботи иҷтимоӣ ва мустаҳкам гардидани равобити дӯстона байни давлатҳои мо мусоидат менамояд. Ба ҳамаи шарикон барои ҳамкории пурсамар, сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва талош барои рушди минбаъдаи ташаббусҳои муштарак изҳори сипос менамоем. Бигзор Соли нави мелодии 2026 соли имкониятҳои нав, лоиҳаҳои муваффақ ва дастовардҳои назаррас гардад. Ба шумо саломатии бардавом, осоиштагӣ, некӯаҳволӣ, боварӣ ба фардо, комёбиҳои касбӣ ва сулҳу оромӣ дар ҳар як хонавода орзу менамоем. Бо беҳтарин таманниёт дар Соли нав! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Posted Dec 31
31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлати мо ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи Президенти Федератсияи Русия дар вилояти Новгородро маҳкум карданд. Бахусус таъкид гардид, ки чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд. 31 декабря состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным. Глава нашего государства осудил недавнюю атаку беспилотников на резиденцию Президента Российской Федерации в Новгородской области. Было особо подчеркнуто, что подобные действия, посягающие на государственные объекты и безопасность руководства страны, являются недопустимыми и препятствуют переговорному процессу по достижению мира и стабильности. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#СуҳбатиТелефонӣ#ТелефонныйРазговор#PhoneTalk#Русия#Россия#Russia#Путин#Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Dec 31
МУСОИДАТИ НАМОЯНДАГӢ ДАР БАРГАРДОНИДАНИ МУЗДИ НОПАРДОХТШУДАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар давоми соли 2025 бо кӯмаки Намояндагӣ бо роҳи муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия музди меҳнати нопардохтношудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 33 093 496 рубл (муодил ба 425 956 доллари ИМА) аз корфармоён ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагӣ дар Федератсияи Россия расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи шаҳрвандон ва мусоидат барои баргардонидани музди нопардохтшудаи онҳо ба шумор рафта, дар ин самт ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву мулоқотҳои судманд бо корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад. Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ дошта, дар ҳолати риоя нагардидани талаботҳои шартномаи меҳнатӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намоянд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоянд. Рақамҳо барои тамос: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48; 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99; 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48; Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected]
Posted Dec 31
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 31.12.2025 #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#СолиНав#НовыйГод#NewYear President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Dec 30
Маълумоти муҳим барои муҳоҷирони меҳнатӣ - истифодабарандагони барномаи «Амина» Намояндагӣ ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар арафаи таътилҳои тӯлонии солинавӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки ҳамарӯза кори дурусти замимаи мобилии «Амина»-ро инчунин фаъол будани хизматрасонии муайянкунии ҷойгиршавӣ (геолокатсия)-ро санҷанд, пайвандак: https://www.rustore.ru/catalog/app/ru.mos.amina.app Ин маълумот ба муҳоҷирони меҳнатӣ — иштирокчиёни озмоиш оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои нави баҳисобгирӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва гузаронида мешавад, дахл дорад. Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия ворид шуда, дар минтақаи Москва фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, уҳдадоранд мустақилона ба ВКД-и Россия дар бораи макони воқеии будубоши худ тавассути барномаи мобилии «Амина» иттилоъ диҳанд. Дар сурати ба миён омадани мушкилот бо муайян намудани геолокатсия, тавсия дода мешавад, ки ба хадамоти дастгирии техникии барномаи «Амина» тавассути сомонаи расмӣ ё бо рақами хати оҷилӣ муроҷиат намоед: 8 (499) 530-56-88. Барои гирифтани маълумот дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед. Рақамҳо барои тамос: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02 , +7 (988) 676-00-00 , +7 (966) 031-22-22 , +7 (936) 174-19-92 , +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 ; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53 ; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 ; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11 ; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 . 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: 🌐 [email protected]
Posted Dec 30
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоед. Рақамҳо барои тамос: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48; 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99; 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48; Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected]
Posted Dec 30
ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки корфармоёни зерин дар ҳудуди Федератсияи Россия ба кормандони пурмасъул ва меҳнатдӯст ниёз дошта, аз руи касбу кори гуногун мансабҳои маъмурии холиро эълон намудаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷуи кори муносиб мебошад, метавонанд барои фаъолият ба рақамҳои дар зербуда ба ширкатҳои мазкур дар тамос гарданд. ҶДММ "ПРОГРЕСС М" Ҷойи кор: шаҳри Москва Вазифаи холӣ: Сангтарош (каменщик) – аз 60 000 рубл Маълумот барои тамос: +7 965 176 66 66 Дадаев Амирхан Шароит: ҳуҷҷатгузорӣ ва таъминот бо ҷойи хоб ва ғизои нисфирӯза ҶДММ Вогоноремонтное Депо Ҷойи кор: Москва, Санкт Пертербург, Череповетс, Узловская, Уфа, Перм, Иркутск, Вазифаҳои холӣ: кафшергар – аз 100 000 рубл, оҳангар – аз 90 000 рубл Маълумот барои тамос: +7 963 975 69 70 Озод Ташматов Шароит: ҳуҷҷатгузорӣ ва таъминот бо ҷойи хоб ва ғизои нисфирӯза ҶДММ " Экосистемаи Маҳалли" Ҷойи кор: шаҳри Москва, Вазифаи холӣ: боркашон (курер) – соати кори 230 рубл ва 50 рубл барои як фармоиш (нуқта) Маълумот барои тамос: +7 937 639 00 04 Водолазский Александр ҶСК Петромакс Ҷойи кор: вилояти Москва шаҳри Лобня Вазифаи холӣ: ронандаи мошинҳои боркаш – аз 80 000 рубл Маълумот барои тамос: 89376390004 Водолазский Александр Шароит: ҷойи хоб, пардохти патент, бақайдгирӣ аз ҳисоби корфармо ИП Хабибулин Руслан РафаэлевичҶойи кор: шаҳрҳои Ҳавзаи мухтории Ямало-Ненетск (Новий Уренгой, Салехард, Надим, Губкинский) Вазифаи холӣ: электрик – аз 200 000 рубл Маълумот барои тамос: 89058242303 Селиванова Марина Владимировна Шароит: ҷойи хоб, пардохти патент, бақайдгирӣ аз ҳисоби корфармо ҶДММ "УК АЛЯНС" Ҷойи кор: вилояти Москва ва шаҳри Москва Вазифаи холӣ: фаррош – аз 80 000 рубл, коргари амбор – аз 100 000 рубл Маълумот барои тамос: 89773330320, 89269132685 Сапронова Кристина Алексеевна Шароит: ҷойи хоб, пардохти патент, бақайдгирӣ аз ҳисоби корфармо КВД "Жилишники ноҳияи Зюзино" Ҷойи кор: шаҳри Москва Вазифаи холӣ: дарбон – аз 60 000 рубл, коргарони умумӣ – аз 70 000 рубл Маълумот барои тамос: 84953188636 Антон Юриевич Пошешулин Шароит: ҷойи хоб ва пардохти патент Ҷамъияти саҳҳомии (АО) «Аякс Инжиниринг» Ҷойи кор: вилояти Амур, ноҳияи Свободненский Вазифаи холӣ: коргарони умумӣ (ёрдамчиён) – аз 130 000 рубл Маълумот барои тамос: 89858923203, 89771305941, Алимова Ирина Шароит: ҷойи хоб, пардохти патент, ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ ва ҳатто парвоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то ноҳияи Свободненский аз ҳисоби корфармо ҶДММ “ПЭК” Ҷойи кор: шаҳри Москва Вазифаи холӣ: коргарони амбор – аз 70 000 рубл Маълумот барои тамос: 89775507941 Шерхон, 89296036675 Зафар. Шароит: ҷойи хоб, ғизои нисфирӯза ва пардохти патент
Posted Dec 29
Маълумоти муҳим барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият кардан мехоҳанд.