TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,968Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 29 of 40 · 473 posts

Posted Apr 16

ВАЪЗИ ҲУҚУҚИИ ХУДРО БА ТАНЗИМ ДАРОРЕД ВА ҚОНУНӢ ФАЪОЛИЯТ НАМОЕД Барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия 14 рӯзи дигар мондаааст, ки вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд. Дар ҳолати ба танзим даровардани будубоши худ шаҳрвандони хориҷӣ аз Феҳристи шахсони назоратшавандаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия хориҷ карда мешаванд. Хотирасон менамоем, ки аз 5 феврали соли 2025 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, раванди ихроҷи онҳо амалӣ шуда истодааст. Дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Феҳристи шахсони назоратшаванда қарор доранд, метавонанд то 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд. Барои қонунигардонӣ шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ниҳодҳои мазкур муроҷиат намоянд: - ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия вобаста ба ҷойи зист; - шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия; - Маркази бисёрсоҳавии “Сахарово” (барои шаҳрвандони хориҷиев, ки дар шаҳри Москва қарор доранд). Ҳуҷҷатҳое, ки барои будубоши расмӣ ҳатмӣ мебошанд: – корти биометрӣ; – муоинаи тиббӣ (ҷиҳати мавҷуд набудани бемориҳои хавфноки сироятӣ, истеъмоли маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ); – мавҷуд набудани қарзҳои пардохтнашуда оид ба боҷҳо, андозҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ. Пас аз 1 майи соли 2025 масъалаи танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия ғайриимкон хоҳад буд ва тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун вобаста ба ихроҷ, инчунин манъи вуруд ба Русия дар оянда нисбати хориҷиёне, ки вазъи ҳуқуқии худро танзим накардаанд, татбиқ карда мешаванд.

105 views

Posted Apr 14

БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!! Намояндагӣ бори дигар хотирасон менамояд, ки аз 5 феврали соли 2025 дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ Феҳристи шахсони назоратшаванда амал мекунад, ки ба он шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуқуқи будубоши қонунии худро дар Федератсияи Россия аз даст додаанд, дохил гардидаанд. Шаҳрвандоне, ки ба феҳристи мазкур шомил гардидаанд, наметавонанд ҷои истиқомат ё будубоши худро иваз намоянд ва ё аз минтақаи фаъолияти худ берун раванд. Инчунин нисбати ин гуруҳи шаҳрвандон маҳдудиятҳои идора кардани воситаи нақлиёт, супоридани имтиҳон барои ҳуҷҷати ронандагӣ, иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ, харидории амволи манқул ва ғайриманқул ва бақайдгрии ҳуқуқии он ҳамчун моликияти шахсӣ, ақди никоҳи расмӣ, таъсиси ширкати ҳуқуқӣ ё сабти ширкат ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷом додани амалиётҳои бонкӣ нисбаташон татбиқ карда мешавад. Таъкид мегардад, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар феҳрист дохил карда шудаанд, наметавонанд фарзандони худро ба муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ дохил намоянд. Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия 19 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароранд. Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

135 views

Posted Apr 11

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МИЁНИ МУҲОҶИРОН ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масҷиди маҳалаи “Левобережный рынок” шаҳри Новосибирск бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд намуданд. Зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд. Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурурҳҳои ифротгароӣ, терорристиву экстремистӣ, гуруҳҳои ҷиноӣ, нашъаҷалобӣ иттилоъ дода шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз ҳар гуна гуруҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои аоилаи худро эмин нигоҳ доред. Тавсия дода шуд, ки фориғ аз фаъолияти меҳнатӣ барои омӯзиши расму оин ва фарҳанги кишвари иқомат, бозомӯзии илмҳои муосир ва касбҳои муҳим дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба осорхона, театр, китобхона ва курсҳои бозомӯзӣ рафта, ба омӯзиш машғул шаванд. Дар охир аз ҷониби шаҳрвандон вобаста ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб ба масъулини Намояндагӣ саволҳо дода, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

361 views

Posted Apr 11

ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНИИ КОРУ ИСТИҚОМАТ ДАР РОССИЯ 19 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ! Намояндагӣ ба самъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонии вазъи ҳуқуқӣ дар Россия танҳо 19 рӯз боқӣ мондааст. Барои танзими ҳуҷҷатҳои будубош дар Россия, ба шуъбаҳои КВФД «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷҷавии шаҳри Москва -«Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред. Ёдовар мешавем, ки муҳлати танзими вазъи ҳуқуқӣ то 30 апрели соли 2025 аст! Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

150 views

Posted Apr 10

ҶИҲАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ 20 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия танҳо 20 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред. Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44 , шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 ;

633 views

Posted Apr 10

ҚАБУЛИ ИЛОВАГӢ: ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муввақатан дар Ҷумҳурии Тотористон қарор доранд, мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон новобаста аз рӯзи истироҳатӣ 12 апрели соли 2025 қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати қонунигардонии будубош ба роҳ мондааст. Қабули шаҳрвандон дар шаҳри Қазон, кӯчаи Михаила Миля аз соати 9:00 то 15:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақаи Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд барои қонунигардонӣ дар Ҷумҳурии Тотористон ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон муроҷиат намоянд. Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва тавсия дар ин самт шаҳрвандон метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Уфа ба рақамҳои +7 (994) 100 95 59 муроҷиат намоянд.

122 views

Posted Apr 10

МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ҲАЙАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҳайати меҳмононро аз Федератсияи Россия, ки ҷиҳати баррасии масъалаҳои шуғл, муҳоҷирати аҳолӣ ва омода намудани мутахассисон дар ҷумуҳурӣ қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти корӣ дар Федератсияи Россия тавассути сафарбаркунии муташаккилона, омодагии пеш аз сафари онҳо, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо, таъмини шароити меҳнат барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои корфармоёни Федератсияи Россия бо ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувваи кориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, ҷиҳати тақвияти фаъолият таъсиси филиалҳои намояндагии МДБ “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷиратӣ” дар назди марказҳои навтаъсиси рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ бо мақсади ба роҳ мондани супоридани имтиҳони донистани забони русӣ, ки ҳайати мазкур бо фаъолияти яке аз марказҳои мазкур дар ноҳияи Данғара шинос шуданд, тезонидани раванди баимзорасонии лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 пешниҳод гардид. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба, омодагии худро барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

376 views

Posted Apr 9

МУСОИДАТ ҶИҲАТИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ШАҲРВАНДОН Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” барои кӯмаки моддӣ ва ҳуқуқӣ расонидани модари танҳо бо 6 фарзанди ноболиғаш дар шаҳри Нижний Новгород мусоидат намуданд. Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти модар ва фарзандони ноболиғашонро омода намуда, ҷиҳати сафарбарӣ намудан ба кишвар ҳуҷҷатҳои лозимаи онҳоро таҳия намуда, барои интиёол ёфтан муосидат намуд. Дар ин давра аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” барои зисти муваққатии модар ва фарзандони ноболиғи он шароит фароҳам оварда шуда, сару либос ва хӯроки гарм, маводҳои санитариву гигиенӣ омода намуда, дар шароити хуб шаҳрвандони ноболиғи кишвар муддати се моҳ нигоҳдорӣ карда мешуданд. Бо мусоидати Намояндагӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” чиптаҳои парвози модар ва 6 фарзанди ноболиғаш бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст харидорӣ карда шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

181 views

Posted Apr 8

Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 2 апрели соли 2025 дар заминаи Раёсати кор бо муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Хадамот оид ба шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва танзими раванди муҳоҷират ва қонунигардонии вазъи будубоши худ дар кишвари қаблукунандаи қувваи корӣ минбаъд ба раёсату шуъбаҳои ноҳиявии Хадамот оид ба шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат менамоянд. Иттилоъ дода мешавад, ки масъалаи қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 тибқи меъёрҳои муайяншуда амалӣ гардида истодааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати қонунуигардонии будубош дар кишвари иқомат то 30 апрели соли 2025 ба мақомотҳои марбута дар ин самт муроҷиат намоянд. Барои гирифтани маълумот ва машваратшҳои ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

170 views

Posted Apr 7

ДАР ШАҲРИ КЛИН БА МУҲРОҶИРОН ТАВСИЯҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД Дар шаҳри Клини Федератсияи Россия вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки фаъолияти меҳнатӣ намуда истодаанд, баргузор гардид. Вохӯрӣ дар ширкати ООО “Алексеевский Карйер” баргузор гардида, ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, дарёфти ҷойи кори муносиб, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, риояи қонунгузории кишвари иқомат машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур зиёда аз 70 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ дошта, корхона ба масъалаи дуруст будани ҳуҷҷатҳои будубоши кормандон, риояи меъёрҳои Кодекси меҳнати Россия ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, фароҳам овардани шароит ва фазои хуби корӣ барои кормандон, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои муваққатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ доранд то 30 апрели соли 2025 идома дорад. Дар робита ба ин тавсия дода шуд, ки муҳоҷироне, ки вобаста ба ин масъала огоҳӣ надоранд, ба онҳо ин маълумот расонида шавад. Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, гуруҳҳои террориству экстремистӣ ва пешгирии онҳо аз бемориҳои сироятӣ маълумот манзур гардида, тавсияҳои муфид расонида шуд. Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба мушкилоти муҳоҷиратӣ, тағийротҳо дар самти қонунгузории кишвари иқомат саволҳо дода шуда, ба онҳо масъулини Намояндагӣ посухҳои мушаххас гардониданд. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ дода шуд, ки сомонаи расмии Намояндагӣ www.tajmigration.ru саҳифаҳои расмии Намояндагӣ дар телеграмм https://t.me/predmintrud_rt_rf, фейсбук https://www.facebook.com/share/p/1YBtb4oy9e/?mibextid=wwXIfr ва инстаграм https://www.instagram.com/tajmigration_tj?igsh=MTJ6YXo4cXJsb24ycw%3D%3D&utm_source=qr фаъол буда, онҳо метавонанд маълумоти саҳеҳ ва дақиқро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия тавассути сомона ва саҳифаҳои мазкур мутолиа намоянд.

171 views

Posted Apr 4

ҚАБУЛИ ИЛОВАГӢ: ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муввақатан дар Ҷумҳурии Тотористон қарор доранд, мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон новобаста аз рӯзи истироҳатӣ 5 апрели соли 2025 қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати қонунигардонии будубош ба роҳ мондааст. Қабули шаҳрвандон дар шаҳри Қазон, кӯчаи Михаила Миля хонаи 63А аз соати 9:00 то 15:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақаи Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд барои қонунигардонӣ дар Ҷумҳурии Тотористон ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тотористон муроҷиат намоянд. Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва тавсия дар ин самт шаҳрвандон метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Уфа ба рақамҳои +7 (994) 100 95 59 муроҷиат намоянд.

417 views

Posted Apr 4

Таҳти унвони "Тоҷикистон - Тотористон" бизнес-форум баргузор гардид Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бизнес-форум таҳти унвони "Тоҷикистон - Тотористон" баргузор гардид. Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии ду тараф ва доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат қайд намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ ва саноат, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, пайваста аҳамияти хоса дода мешавад. Имрўзҳо дар вилояти Суғд зиёда 1200 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят беш аз 3 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва Суғд дорои таъриху анъанаҳои бостонӣ, мавқеи муносиби ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ, замини ҳосилхез, саноати пешрафта ва фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад. Вилояти Суғд аз захираҳои табиӣ бой буда, дар ҳудуди он корхонаҳои маъдану металлургии истихроxи тилло, нуқра, сурбу руҳ, ангишт, мармар ва ғайраҳо мавҷуданд. Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд бо манотиқи кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаву меморандуми ҳамкорӣ дошта, бо зиёда аз 60 кишвари олам ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ҳаҷми солонаи гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, аз вилояти Суғд асосан маъдану консентрасия, масолеҳи сохтмонӣ, нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад. Вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия низ ҳамкории самаранок дорад. Ҳаҷми гардиши савдои вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Россия дар соли гузашта ба 680 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки гувоҳи афзоиши табодули молу маҳсулот мебошад. Дар идомаи кори форум ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ барои зиёд намудани содироти маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон ба Тотористон, татбиқи лоиҳаҳои нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ташкили корхонаҳои муштарак, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ба рушди бештари муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.

147 views
12•••10•••20•••2728293031•••3940