TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,213Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 31 of 40 · 473 posts

Posted Mar 25

ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ ИДОМА ДОРАД Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия 36 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷогиршавии шӯъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред. Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

131 views

Posted Mar 23

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки дар расонаҳои хабарии Россия ва Тоҷикистон, ахбор вобаста ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 20.03.2025, №159 “Дар бораи хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар сурати гузаштани расмиёти изи ангушт ва ташхиси тиббӣ бобати истифодаи маводи мухаддир ва мавҷудияти бемориҳои хатарноки сироятӣ, метавонанд дар Россия бидуни патент кор кунанд, расонаӣ шуда истодааст. Бояд қайд кард, ки қаблан дар асоси дар ҳайати Федератсияи Россия ба вуҷуд омадани субъектҳои нав: Ҷумҳурии Халқии Донетск, Ҷумҳурии Халқии Луганск, вилояти Запорожие ва вилояти Херсон, Президенти Федератсияи Россия фармонеро (Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 27.04.2023 №307 "Дар бораи хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия") нашр карда буд. Вобаста ба ин, мутобиқи фармони нав фаъолияти меҳнатӣ бидуни патент танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Донетск, Ҷумҳурии Халқии Луганск, вилояти Запорожие ва вилояти Херсон пас гузаштани ташхиси дактилоскопӣ ва тиббӣ иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

391 views

Posted Mar 20

ТАБРИКОТ БАХШИДА БА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ Ҳамватанони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират фаро расидани фасли эҳёи табиат, ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст, табрику муборакбод менамояд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти Наврӯз оғоз гардида, ин ҷашни ниёгони миллӣ ба феҳристи мероси мадании ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар саросари олам ҷашни миллии ниёгони мо бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадофари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тавонистем арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ, маданӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ, расму оинҳои мардумиро ҳифз гардида, ҳамчун мероси гаронбаҳои миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуданд. Ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостонӣ, ки ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, роҳи пурпечутоби таърихи миллиро тай намуда, асолат ва рисолати таърихии хешро ҳифз намудааст. Наврӯз, тарғибгари беҳтарин суннатҳои волои аҷдодӣ буда, оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, густариши дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Маҳз, ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси рӯзгор ба ягонагӣ, нангу номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд. Ин ҷашни зебою бостонӣ бо қудуми хуҷастааш ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат меорад, боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад. Дар ин айёми фараҳафзои Наврӯзи хуҷастапай Шумо ва наздикону пайвандонатонро ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуда, ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоии абадӣ ва дар фаъолияти минбаъда муваффақияту комёбиҳои беназир таманно дорем. Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

459 views

Posted Mar 18

ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ ИДОМА ДОРАД Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия 43 рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷогиршавии шӯъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред. Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

440 views

Posted Mar 17

17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт. Маросими гусели меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ гусел карданд. 17 марта завершился официальный визит Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в Российскую Федерацию. Церемония проводов высокочтимого гостя — Президента Республики Таджикистан состоялась в аэропорту Внуково-2 в Москве. Главу государства уважаемого Эмомали Рахмона тепло проводили высокопоставленные представители Правительства Российской Федерации. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

147 views

Posted Mar 17

Баъди имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, оид ба натиҷаи музокироти сатҳи олӣ бо изҳорот суханронӣ намуданд. После подписания новых документов о сотрудничестве главы государств уважаемый Эмомали Рахмон и уважаемый Владимир Путин провели пресс-конференцию для широкого круга журналистов и выступили с заявлениями об итогах переговоров на высшем уровне. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

133 views

Posted Mar 17

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Переговоры на высшем уровне между Таджикистаном и Россией Были подробно обсуждены ключевые вопросы взаимоотношений двух стран, а также актуальные региональные и международные вопросы. Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон выразил удовлетворение положительной динамикой политического диалога на всех уровнях. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

93 views

Posted Mar 17

17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсия Русия дар толори Қасри Кремл маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд. 17 марта в рамках официального визита Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в Российскую Федерацию в зале Кремлёвского дворца состоялась виртуальная церемония начала строительства двух важных социально-гуманитарных объектов в Республике Таджикистан. На церемонии открытия Государственного русского драматического театра имени Владимира Маяковского и Международного образовательного центра для одарённых детей в городе Душанбе с места строительства объектов с докладом о готовности к началу строительства выступили Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали и заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан Дилрабо Мансури. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

42 views

Posted Mar 17

17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсия Русия дар толори Қасри Кремл маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд. 17 марта в рамках официального визита Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в Российскую Федерацию в зале Кремлёвского дворца состоялась виртуальная церемония начала строительства двух важных социально-гуманитарных объектов в Республике Таджикистан. На церемонии открытия Государственного русского драматического театра имени Владимира Маяковского и Международного образовательного центра для одарённых детей в городе Душанбе с места строительства объектов с докладом о готовности к началу строительства выступили Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали и заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан Дилрабо Мансури. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

67 views

Posted Mar 17

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардид. Сипас, музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баргузор гардида, аз натиҷаҳои он як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид. Обсуждение вопросов сотрудничества Таджикистана и России началось на встрече в формате тет-а-тет глав государств уважаемого Эмомали Рахмона и уважаемого Владимира Путина. Затем состоятся переговоры на высшем уровне с участием официальных делегаций обеих сторон, по итогам которых будет подписан ряд новых документов о сотрудничестве. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

108 views

Posted Mar 17

17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид. Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар боғи Александр қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд. Коменданти ҳарбии Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониён ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод. 17 марта официальный визит Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона, в Российскую Федерацию начался с возложения венка к Могиле Неизвестного Cолдата. По случаю церемонии возложения венка в Александровском саду был выстроен почётный караул и оркестр. Военный комендант Москвы доложил Президенту Республики Таджикистан о построении и готовности Почётной гвардии к проведению церемонии почитания памяти павщих героев. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

104 views

Posted Mar 16

Оғози сафари расмӣ ба Федератсияи Русия Начало официального визита в Российскую Федерацию #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СафариРасмӣ#ОфициальныйВизит#OfficialVisit President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

98 views
12•••10•••20•••2930313233•••3940