TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach1,674Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 28 of 40 · 473 posts

Posted Apr 26

ФИДОКОРИИ ТОҶИК БАРОИ ҲИФЗИ ҶОНИ ДИГАРОН ДАР МОСКВА Қаҳрамониҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар ҳазорон нафар дар хотир доранду барои фидокорӣ ва далерию ҷасуриашон изҳори сипос менамоянд. Дар Федератсияи Россия тоҷикон дар ҳолатҳои ногувор, сар задани офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои офатбор, матонату ҷасурӣ нишон дода, дар ин кишвар қаҳрамониҳои зиёде намудаанд. 24 апрели соли 2025 корманди хоҷагии комуналии ноҳиявии «Хорошёво Мневники» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Мадраҳимов, ки муваққатан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият менамояд, дар яке аз шоҳроҳҳо шоҳиди оташ гирифтани нақлиёти сабукрав шуда, далерию шуҷоат нишон дода, сухтори баамаломадаро хомуш намуд. Отабек Мадраҳимов дар дохили нақлиёти хизматии худ қарор дошта, чашмаш ба мошине мерасад, ки дар миёни роҳ оташ гирифтааст. Бо гумони он, кӣ дар дохили нақлиёт эҳтимол одамон қарор доранд, новобаста аз он, ки хатари ба амал омадани таркиш вуҷуд дошт, ҷасорат нишон дода, фидокорона оташро хомуш намуд. Ӯ зимни суҳбати телефонӣ бо масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иброз намуд, ки “ман қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овардам. Гумон кардам, ки дар дохили нақлиёт касе ҳаст. Мо тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунем”. Намояндагӣ ба Отабек Мадраҳимов барои ҷасорату матонаташ изҳори миннатдорӣ намуда, рафтори ҷавонмардонаи ӯро намунаи олии ибрат номид. ГЕРОИЗМ ТАДЖИКА РАДИ ЖИЗНЕЙ ДРУГИХ В МОСКВЕ Тысячи людей помнят и благодарят граждан Республики Таджикистан за рубежом за их самоотверженность, смелость и отвагу. В Российской Федерации таджики не раз проявляли стойкость и мужество в сложных ситуациях, во время стихийных бедствий и других чрезвычайных происшествий, становясь настоящими героями. 24 апреля 2025 года сотрудник коммунального хозяйства района «Хорошёво-Мнёвники», гражданин Республики Таджикистан Отабек Мадрахимов, временно работающий в Москве, проявил героизм и отвагу, потушив пожар в легковом автомобиле. Находясь за рулём служебной машины, Отабек Мадрахимов заметил возгорание в легковом автомобиле на трассе. Несмотря на опасность для собственного здоровья, он действовал решительно, предполагая, что внутри могут находиться люди. В телефонном разговоре с представителем Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации он заявил: «Я выполнил свой гражданский долг, потому что подумал, что в машине могут быть люди. Мы, таджики, всегда протягиваем руку помощи тем, кто оказался в трудной ситуации». Представительство выразило благодарность Отабеку Мадрахимову за мужество и отвагу, назвав его поступок высшим примером для подражания.

165 views

Posted Apr 25

Дар Москва ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд апрел дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи 58-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар кори онҳо сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд. Дар ҷаласаҳо иҷрои қарорҳои дар аввалин вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабулгардида, тамоюлҳои сиёсати рақобат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, самтҳо ва қолаби кори минбаъдаи мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва танзими зиддиинҳисории комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар доираи ҷаласаи 58-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин бо нишони фахрии шуро сарфароз гардонида шуд. Тибқи қарори шуро, ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад. Дар доираи ин ҷаласаҳо ҳамзамон бахшида ба 35-солагии мақомоти зиддиинҳисории Федератсияи Русия конференсияи байналмилалии ҳайати васеи мушовараи Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия баргузор шуд.

130 views

Posted Apr 24

ВОХӮРИИ ДУҶОНИБАИ РОҲБАРИЯТИ ХАДАМОТИ ИҶРОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ХАДАМОТИ ФЕДЕРАЛИИ ИҶРОЧИЁНИ СУДИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ 23 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷониба байни сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Россия Дмитрий Аристов баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои ҳуқукӣ, мубодилаи таҷриба, густариши иқтидори институтсионалӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ табодули назар намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ташкили бозомӯзии кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти иҷро, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, тақвияти мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нави баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро зоҳир карда шуд. Дар доираи ин вохӯрӣ, бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, ки 21 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Россия барои солҳои 2025–2026 ба имзо расонида шуд. Имзои Барномаи мазкур ифодаи иродаи қавии ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои корӣ, густариши доираи ҳамкориҳо ва муттаҳид сохтани талошҳо баҳри ташаккули низоми муосири иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.

168 views

Posted Apr 22

ТАВСИЯИ ҲУҚУҚӢ БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кӯдакони ноболиғ вориди қаламрави Федератсияи Россия мегарданд, онҳоро зарур аст, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро нисбати ноболиғон риоя намоянд. Дар қаламрави Федератсияи Россия кӯдакони ноболиғ ҳамроҳ бо яке аз волидон бояд дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Қонунгузории Россия номнавишти муҳоҷиратии кӯдакони ноболиғро бо яке аз волидайни он иҷозат медиҳад. Номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад. Бақайдгирӣ дар Федератсияи Россия дар асоси розигии соҳибмулк ва волидайни кӯдак сурат мегирад. Ё ин ки дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши кӯдаки ноболиғ дар ҷойи иқомати муваққатии шаҳрванд ба қайд гирифта мешавад. Дар баробари ин, кӯдакони аз 6 сола боло, ки зиёда аз 90 шабонарӯз дар қаламрави Федератсияи Россия қарор мегиранд, волидайни онҳоро зарур аст, ки кӯдаки ноболиғро аз қайди изи ангушт ва расмгирии давлатӣ гузаронанд. Дар ҳолати зиёда аз 90 шабонарӯз зиёд дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштани шаҳрванди хориҷии ноболиғ, волидайнд дар асосҳои зерин метавонад, муҳлати будубоши шаҳрванди ноболиғро дароз намояд: - Дар асоси муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва ё иҷозати фаъолияти меҳнатӣ барои кадрҳои баландихтисос; - Дар асоси ҳуҷҷати волидайн - иҷозатномаи зисти муваққатӣ, иҷозати зист(РВП, ВНЖ) ва шаҳрвандии ФР; - Донишҷӯ будани волидайни кӯдаки ноболиғ дар кишвари иқомат. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазкур тибқи талаботи қанунгузории Федератсияи Россия пас аз 90 шабонарӯз будубоши шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат ғарийқонунӣ мебошад. Тибқи меъёрҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари пазиранда муввақатан зиндагӣ доранд, тавсия медиҳад, ки будубоши кӯдакони ноболиғро дар Федератсияи Россия қонунӣ гардонида, меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.

167 views

Posted Apr 18

Субҳи 18 апрел дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ - ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд. Утром 18 апреля в рамках своего рабочего визита в город Санкт-Петербург Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали вместе с руководителями парламентских делегаций государств – участников Содружества Независимых Государств принял участие в церемонии возложения цветов на мемориальном кладбище Пискарёвское. Уважаемый Рустам Эмомали также возложил цветы у Памятной плиты в честь героических таджикских воинов — защитников города Ленинграда в годы Великой Отечественной войны, отдав дань памяти павшим. On the morning of April 18, as part of his working visit to the city of St. Petersburg, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, together with the heads of parliamentary delegations of the CIS member states, took part in a flower-laying ceremony at the Piskaryovskoye Memorial Cemetery. Honorable Rustam Emomali also laid flowers at the commemorative plaque dedicated to the heroic Tajik soldiers - defenders of the city of Leningrad during the Great Patriotic War - paying tribute to the memory of the fallen. @RustamEmomali

220 views

Posted Apr 18

Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик намуда, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳод, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд. Зикр карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд. Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардиданд. Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд. Дар фарҷом, ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд. В течение дня Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали принял участие и выступил на торжественном заседании Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств, посвящённом 80-летию Победы в Великой Отечественной войне 1941–1945 годов. В своей речи уважаемый Рустам Эмомали искренне поздравил коллег и всех присутствующих с наступающим праздником – 80-летием Победы, назвав его одной из важнейших исторических традиций стран Содружества, символом единства, солидарности и общей защиты мира во всём мире. Было отмечено, что в годы этой трагической войны только из Таджикистана на фронт были мобилизованы и отправлены более 300 тысяч человек. Из них более 100 тысяч погибли на полях сражений. Около 45 тысяч жителей Таджикистана были направлены на работу в предприятия других регионов бывшего Советского Союза, откуда большинство также ушли на фронт. В завершение участникам торжественного заседания была представлена культурная программа, посвящённая 80-летию Победы в Великой Отечественной войне 1941–1945 годов. During the day, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, participated in and delivered a speech at the ceremonial session of the Interparliamentary Assembly of the CIS Member States, dedicated to the 80th anniversary of Victory in the Great Patriotic War of 1941–1945. In his address, honorable Rustam Emomali sincerely congratulated his colleagues and all attendees on the upcoming celebration of the 80th anniversary of Victory, describing it as one of the most important historical traditions of the Commonwealth countries, a symbol of unity, solidarity, and the shared defense of peace throughout the world. It was noted that during this tragic war, more than 300,000 people were mobilized and sent to the front from Tajikistan alone. Over 100,000 of them died in battle. Approximately 45,000 residents of Tajikistan were sent to work at enterprises in other regions of the former Soviet Union, with the majority of them eventually joining the front lines as well. At the end of the session, a cultural program dedicated to the 80th anniversary of Victory in the Great Patriotic War of 1941–1945 was presented to the participants. @RustamEmomali

114 views

Posted Apr 17

Сегодня в рамках заседания Совета и 58-го пленарного заседания Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств в городе Санкт-Петербург Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали провёл встречу с Председателем Межпарламентской Ассамблеи государств – участников СНГ, Председателем Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации уважаемой Валентиной Матвиенко. В ходе встречи были обсуждены текущее состояние и перспективы стратегического партнёрства и союзнических отношений между Таджикистаном и Россией, в развитии и углублении которых ключевая роль принадлежит совместным усилиям Глав двух государств.

98 views

Posted Apr 17

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд. В городе Санкт-Петербург состоялось очередное заседание Совета Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств, в котором принял участие и выступил с речью Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали. В ходе своего выступления Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали высказал своё мнение по итогам парламентских выборов в Республике Таджикистан и выразил удовлетворение работой международных наблюдателей Межпарламентской Ассамблеи государств – участников СНГ.

91 views

Posted Apr 17

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия, ки дар рушду тавсеаи мунтазами онҳо талошҳои муштараки Сарони ду давлат нақши калидӣ доранд, баррасӣ гардид. Сегодня в рамках заседания Совета и 58-го пленарного заседания Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств в городе Санкт-Петербург Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали провёл встречу с Председателем Межпарламентской Ассамблеи государств – участников СНГ, Председателем Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации уважаемой Валентиной Матвиенко. В ходе встречи были обсуждены текущее состояние и перспективы стратегического партнёрства и союзнических отношений между Таджикистаном и Россией, в развитии и углублении которых ключевая роль принадлежит совместным усилиям Глав двух государств. Today, within the framework of the Council meeting and the 58th plenary session of the Interparliamentary Assembly of the Member States of the Commonwealth of Independent States in the city of St. Petersburg, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, held a meeting with the Chairperson of the Interparliamentary Assembly of the CIS Member States and Chairperson of the Federation Council of the Federal Assembly of the Russian Federation, honorable Valentina Matviyenko. During the meeting, the current state and prospects of strategic partnership and allied relations between Tajikistan and Russia were discussed. It was noted that the joint efforts of the Heads of the two states play a key role in the development and deepening of these relations.

159 views

Posted Apr 17

ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муввақатан дар Ҷумҳурии Тотористон қарор доранд, мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон новобаста аз рӯзи истироҳатӣ 19 апрели соли 2025 қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати қонунигардонии будубош ба роҳ мондааст. Қабули шаҳрвандон дар шаҳри Қазон, кӯчаи Михаила Миля 63А аз соати 9:00 то 15:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақаи Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд барои қонунигардонӣ дар Ҷумҳурии Тотористон ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон муроҷиат намоянд. Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва тавсия дар ин самт шаҳрвандон метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Уфа ба рақамҳои +7 (994) 100 95 59 муроҷиат намоянд.

92 views

Posted Apr 17

Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ вориди шаҳри Санкт-Петербург шуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони расмии Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

91 views

Posted Apr 17

17 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Федератсияи Россия сафар карданд. Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 17 апреля Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали отбыл в Российскую Федерацию для участия в очередном заседании Совета и 58-м пленарном заседании Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств. В этой поездке Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустама Эмомали сопровождают председатели комитетов Маджлиси милли и другие официальные лица. On April 17, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, left for the Russian Federation to participate in the regular meeting of the Council and the 58th plenary session of the Interparliamentary Assembly of the Member States of the Commonwealth of Independent States. During this visit, honorable Rustam Emomali is accompanied by chairmen of the committees of the Majlisi milli and other official representatives.

179 views
12•••10•••20•••2627282930•••3940