TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach6,653Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 4 of 40 · 473 posts

Posted Feb 21

Афсарони муҳтарам, ҳамватанони арҷманд! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморо ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик менамояд! Ин рӯзи таърихӣ рамзи шуҷоат, матонат, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷассумгари қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Мо ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизмати содиқона ва саҳмашон дар ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи мамлакат изҳори сипос менамоем. Ба шумо саломатии бардавом, иродаи қавӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар хизмати пуршараф ба Ватан орзу дорем. Бигзор сулҳу оромӣ ва субот ҳамеша пойдор бошад ва осмони Ватани азизамон софу беғубор монад! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Уважаемые офицеры, дорогие соотечественники! Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет вас с Днём защитника Отечества! Этот знаменательный день является символом мужества, стойкости, патриотизма и преданности государству и нации. День защитника отечества олицетворяет силу и мощь Вооружённых сил и является предметом гордости каждого гражданина страны. Мы выражаем искреннюю признательность всем военнослужащим, офицерам, солдатам и ветеранам Вооружённых сил за их добросовестную службу и вклад в защиту независимости, безопасности и стабильности государства. Желаем вам крепкого здоровья, твёрдости духа, благополучия и новых успехов в почётной службе на благо Родины. Пусть мир, спокойствие и стабильность всегда остаются незыблемыми, а небо над нами будет ясным и чистым! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции

704 views

Posted Feb 20

Боздиди масъули Намояндагӣ ба идораи муҳоҷират дар шаҳри Иркутск ва баррасии масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ 17 феврали соли ҷорӣ масъули сафарбаршудаи Намояндагӣ ба Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ ба идораи Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Иркутск ташриф овард. Зимни боздид масъули Намояндагӣ бо раванди бақайдгирӣ ва тамдиди ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуда, бо ҳозирин суҳбат анҷом дод ва аз мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта пурсон гардид. Ҳамзамон ҷиҳати баррасӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои матраҳгардида бо кормандони масъули хадамоти мазкур мулоқоту гуфтушунид доир намуд. Муҳоҷирони меҳнатӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии зоҳиргардида, инчунин барои машваратҳои ҳуқуқии пешниҳодшуда ба масъули Намояндагӣ изҳори сипос ва қадрдонӣ карданд. Рабочий визит откомандированного сотрудника Представительства в миграционное подразделение г. Иркутска и рассмотрение вопросов трудовых мигрантов 17 февраля текущего года сотрудник Представительства посетил Управление по вопросам паспортно-регистрационной службы Министерства внутренних дел Российской Федерации в городе Иркутске. В ходе визита он ознакомился с процессом регистрации и продления документов трудовых мигрантов — граждан Республики Таджикистан, провёл беседы с присутствующими и поинтересовался имеющимися проблемами и вопросами. Одновременно были проведены встречи и переговоры с ответственными сотрудниками указанной службы с целью рассмотрения и содействия в решении обозначенных вопросов. Трудовые мигранты выразили признательность за проявленное внимание и оказанную поддержку, а также за предоставленные правовые консультации.

538 views

Posted Feb 20

Ҳамватанони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шуморо бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ самимона табрик менамояд! Ин ҷашн, ки бо ташаббуси ЮНЕСКО таъсис дода шудааст, моро ба арзиш ва аҳамияти забони модарӣ ҳамчун рукни асосии ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои маънавии халқ ёдрас мекунад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои куҳантарини ҷаҳон буда, решаҳои он ба тамаддуни ғании форсӣ мерасад. Ташаккул ва рушди он ба давраи давлатдории Сомониён рост меояд, замоне ки забони тоҷикӣ ба сифати забони илм, адабиёт ва идораи давлатӣ мақоми баланд дошт. Маҳз бо ин забон бузургон ва мутафаккирони Шарқ — Рудакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Ҷомӣ, Айнӣ, Турсунзода, Лоиқ, Бозори Собир ва дигарон осори ҷовидонаи худро офаридаанд, ки имрӯз ганҷинаи фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Забони модарӣ танҳо воситаи муошират нест. Он пайванди зиндаи наслҳо, хотираи ниёгон ва инъикоси ҷаҳонбинӣ ва тафаккури мост. Тавассути забон анъанаҳо, расму оинҳо, арзишҳои оилавӣ ва ҳувияти миллӣ ба наслҳои оянда интиқол меёбанд. Имрӯз, ки чандин аз ҳамватанони мо дур аз Ватан қарор доранд, ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Муҳим аст, ки мо бо фарзандонамон ба забони модарӣ суҳбат намоем, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба фарҳанг ва решаҳои миллӣ тарбия кунем. Бигзор забони тоҷикӣ дар ҳар хонадон танинандоз бошад, дилҳоро муттаҳид созад ва ҳамчун пули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо хизмат намояд! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират *Уважаемые соотечественники!* Представительство Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет вас с Международным днём родного языка! Этот праздник, учреждённый ЮНЕСКО, напоминает нам о бесценной роли родного языка в сохранении культурного наследия, национальной самобытности и духовных ценностей народа. Таджикский язык — один из древнейших языков мира, берущий свои истоки из богатого наследия персидской цивилизации. Его формирование связано с эпохой Государства Саманидов, когда таджикский язык получил статус языка науки, литературы и государственного управления. Именно на этом языке творили великие мыслители и поэты Востока — Рудаки, Фирдауси, Саади, Хафиз и многие другие, чьё творчество стало достоянием мировой культуры. Родной язык — это не только средство общения. Это живая связь поколений, память предков, отражение нашего мировоззрения и образа мышления. Через язык передаются традиции, обычаи, семейные ценности и национальная идентичность. Сегодня, находясь вдали от Родины, особенно важно сохранять и передавать таджикский язык нашим детям, говорить на нём в семье, обучать подрастающее поколение уважению к своим корням и культуре. Бережное отношение к родному языку — это вклад в будущее нашей страны и сохранение её богатого духовного наследия. Пусть таджикский язык звучит в каждом доме, объединяет сердца и служит мостом дружбы и взаимопонимания между народами! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции

495 views

Posted Feb 20

https://rutube.ru/video/1cf55840a38e6ae401686673c630df72/ Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии маводҳои зараровар ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон

509 views

Posted Feb 19

Ҳушдор роҷеъ ба худдории истифодаи хизматрасониҳои миёнаравон дар Федератсияи Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд. Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё «шарикони расмӣ» муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд. Таваҷҷуҳи шуморо ба нуктаҳои зерин ҷалб менамоем: • Намояндагӣ бо миёнаравони хусусӣ оид ба масъалаи «тезонидани» расмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҳамкорӣ намекунад. • Ҳамаи изҳорот ва шарҳҳои расмӣ танҳо тавассути манбаъҳои ваколатдори давлатӣ нашр карда мешаванд. • Машваратҳо ва кумаки ҳуқуқӣ дар Намояндагӣ тибқи тартиби муқарраргардида ройгон пешниҳод карда мешаванд. • Дар ҳеҷ сурат ҳуҷҷатҳо ва маълумоти шахсии худро бе санҷиши ваколати шахсони муроҷиаткунанда ба дасти ашхоси бегона насупоред. Намояндагӣ тавсия медиҳад, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии ҶТ дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ё ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ, хоҳиш менамоем, ки фавран ба Намояндагӣ муроҷиат намоед, то шарҳу машварати ҳуқуқӣ дастрас намоед. Ҳуҷҷатҳо, маълумоти шахсӣ ва маблағҳои худро ҳифз намоед. Амнияти шумо ва ҳимояи ҳуқуқиатон аз ҳушёрии шумо вобаста аст. Предостережение об использовании услуг посредников в Российской Федерации Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции информирует граждан Республики Таджикистан, находящихся на территории Российской Федерации, о необходимости проявлять особую осторожность при обращении к посредникам, частным агентствам и иным лицам, предлагающим услуги по оформлению документов, трудоустройству, продлению регистрации, получению патентов и иных разрешительных документов. В последнее время участились случаи мошенничества, когда недобросовестные лица, представляясь сотрудниками государственных органов или «официальными партнёрами», вводят граждан в заблуждение, взимают денежные средства за услуги, не имея на то законных оснований, либо предоставляют недостоверную информацию. Обращаем ваше внимание, что: • Представительство не сотрудничает с частными посредниками по вопросам ускоренного оформления документов. • Все официальные заявления и разъяснения публикуются исключительно через уполномоченные государственные источники. • Консультации в Представительстве предоставляются в установленном порядке на безвозмездной основе. • Ни при каких обстоятельствах не передавайте свои документы и персональные данные посторонним лицам без подтверждения их полномочий. Рекомендуем получать информацию только из официальных источников, в том числе с официальных сайтов представительств, Посольства, Генеральных Консульств РТ в РФ и компетентных органов Российской Федерации. В случае возникновения сомнений или при выявлении фактов мошенничества просим незамедлительно обращаться в Представительство для получения разъяснений и правовой консультации. Берегите свои документы, персональные данные и финансовые средства. Ваша безопасность и правовая защищённость зависят от вашей бдительности.

881 views

Posted Feb 19

Қадамҳо барои муҳоҷири меҳнатӣ ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳо дар Федератсияи Россия Шумо — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, ки дар Россия кор мекунед ва ҳуҷҷатҳои худро (шиносномаи хориҷӣ, корти муҳоҷиратӣ, патент ё дигар ҳуҷҷат) гум кардед. Муҳим аст, ки зудтар амал кунед, то аз ҷарима, ихроҷ (депортатсия) ё мушкилот бо корфармо пешгирӣ намоед. Гум кардани ҳуҷҷат худ аз худ сабаби ихроҷ ё бекоршавии патент (иҷозатномаи корӣ) намегардад, вале барқарор кардани он барои қонуниву расмӣ мондан дар Россия ҳатмӣ аст. Барои барқарор кардани шиноснома — ба Консулгарии наздиктарини Тоҷикистон муроҷиат кунед; барои дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ ё корӣ — ба шӯъбаи Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (УВМ МВД России) ё маркази хидматрасонии наздиктарин (МФЦ). Хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 (800) 222-74-47 Қадамҳо: 1. Фавран ба шуъбаи пулис хабар диҳед • Ба шуъбаи наздиктарини пулис (ВКД-и Россия) дар ҷое, ки ҳуҷҷат гум шудааст, муроҷиат кунед. • Ариза дар бораи гумшавӣ ё дуздӣ нависед. Ба шумо маълумотнома (протокол) медиҳанд — ин ҳуҷҷати асосӣ барои қадамҳои минбаъда аст. • Агар корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) гум шуда бошад, дар ариза маълумот вобаста ба вурудро нишон диҳед (тамға дар шиноснома, агар боқӣ мондааст). 2. Ба консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунед • Консулгарӣ барои барқарор кардани шиносномаи хориҷӣ кӯмак мекунад. • Суроға ва тамосҳои консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия: https://mfa.tj/tg/moscow/view/9545/konsulgarihoi-generali 3. Барқарор кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ дар Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (ГУВМ МВД России) • Ба шӯъбаи Шуъбаи муҳоҷиратии ВКД-и Россия (ГУВМ МВД России) дар маҳалли зист ё МБФ (Маркази бисерфунксионалӣ) муроҷиат кунед. • Барои корти муҳоҷиратӣ: ариза, нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз пулис пешниҳод кунед. • Барои бақайдгирӣ: агар муҳлати бақайдгирӣ гузашта бошад, бо соҳиби манзили иҷоравӣ нав кунед. Лозим аст: шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, шартномаи иҷора. • Барои патенти корӣ: ариза диҳед ва расиди пардохтро (агар бошад) замима кунед. Патенти гумшуда бекор мешавад ва нусхаи нав дода мешавад. • Муҳлат: o корти муҳоҷиратӣ — то 15 рӯз o патент — то 30 рӯз • Муҳим: бе ҳуҷҷат кор кардан манъ аст. Корфармо метавонад рухсатии 30-рӯза диҳад, то ҳуҷҷатҳоро барқарор кунед. Рақамҳо барои тамос бо Намояндагӣ: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48; 7. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99; 8. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48; 9. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха, ш. Якутск +7 924 463-55-19 Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected]

618 views

Posted Feb 19

Инструкция для трудового мигранта при утрате документов в Российской Федерации Вы — гражданин Республики Таджикистан, работающий в России, и потеряли свои документы (заграничный паспорт, миграционную карту, патент или другие документы). Важно как можно быстрее принять меры, чтобы избежать штрафа, выдворения (депортации) или проблем с работодателем. Утрата документов сама по себе не является основанием для выдворения или аннулирования патента (разрешения на работу), однако их восстановление обязательно для законного пребывания в России. Ниже приведена пошаговая инструкция. Для восстановления паспорта обратитесь в ближайшее консульское учреждение Республики Таджикистан; для восстановления других миграционных документов — в подразделение по вопросам миграции Службы Министерства внутренних дел Российской Федерации либо в ближайший миграционный центр. Горячая линия МВД России: 8 (800) 222-74-47. Дальнейшие шаги: 1. Срочно обратитесь в ближайшее отделение полиции (МВД России) по месту утраты документа. • Напишите заявление об утере или краже. Вам выдадут справку (протокол) — это основной документ для дальнейших действий. • Если утрачена миграционная карта, укажите в заявлении сведения о вашем въезде в Российскую Федерацию (штамп в паспорте, если сохранился). • Срок: желательно обратиться в день утраты, чтобы избежать подозрений в подделке документов. 2. Обратитесь в консульское учреждение Республики Таджикистан • Консульство оказывает содействие в восстановлении заграничного паспорта. • Адреса и контакты консульских учреждений Таджикистана в России размещены на официальном сайте Министерства иностранных дел Республики Таджикистан: https://mfa.tj/ru/moscow/konsulskie-voprosy/generalnye-konsulstva/kontakty-generalnykh-konsulstv-tadzhikistana-v-rossii 3. Восстановление миграционных документов в ГУВМ МВД России • Обратитесь в подразделение по вопросам миграции МВД России по месту проживания либо в МФЦ (многофункциональный центр). • Для восстановления миграционной карты: подайте заявление, копию паспорта и справку из полиции. • Для регистрации по месту пребывания: если срок регистрации истёк, продлите её совместно с собственником жилья. Потребуются паспорт, миграционная карта и договор аренды. • Для восстановления патента на работу: подайте заявление и приложите квитанцию об оплате (при наличии). Утраченный патент будет аннулирован, и выдан новый. • Сроки рассмотрения: - миграционная карта — до 15 дней; - патент — до 30 дней. • Важно: работать без документов запрещено!Работодатель вправе предоставить отпуск сроком до 30 дней для восстановления документов. Контактные телефоны Представительства: 1. Центральный федеральный округ, г. Москва, ул. Чаянова, 3/40 +7 (967) 271-02-02 +7 (988) 676-00-00 +7 (966) 031-22-22 +7 (936) 174-19-92 +7 (926) 586-03-00 WhatsApp: +7 (999) 912-58-68 Режим работы: с 9:00 до 18:00 2. Приволжский федеральный округ, г. Уфа: +7 (926) 311-52-53 3. Северо-Западный федеральный округ, г. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 4. Западно-Сибирский федеральный округ, г. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 5. Восточно-Сибирский федеральный округ, г. Иркутск: +7 (929) 388-54-11 6. Дальневосточный федеральный округ, г. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 7. Уральский федеральный округ, г. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99 8. Руководитель общественной организации в Дальневосточном регионе, г. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 9. Руководитель общественной организации в Республике Саха (Якутия), г. Якутск: +7 (924) 463-55-19 Электронная почта Представительства: [email protected]

410 views

Posted Feb 18

18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон мардуми шарифи кишварро табрик гуфта, ба ҳар фарди миллат дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд ва сулҳу оромии абадӣ орзу намуданд. «Моҳи шарифи Рамазон бо ҳикматҳои худ дар таълимоти дини мубини ислом ҷойгоҳи хосса дорад, зеро Худованд дар ин моҳ сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хайру саховатро аз миёни дигар ибодатҳо интихоб кардааст ва ба онҳо мақоми махсус додааст. Дар хотир бояд дошт, ки ҳикмати рӯзаи моҳи Рамазон танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва ибодат кардан иборат нест, балки дар ин моҳи муборак покизагии ботину зоҳир, дурӣ ҷустан аз кинаву адоват, ихтиёрдории нафс ва бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад», - таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 18 февраля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон, в своем поздравительном послании по случаю наступления благословенного месяца Рамазан поздравил славный народ страны и пожелал каждому гражданину радости в сердце, благополучия в доме, успехов и удач, а также мира и стабильности. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил: «Священный месяц Рамазан занимает особое место в учении священной религии ислама благодаря своей мудрости, поскольку Всевышний в этом месяце избрал среди других видов поклонения терпение и выдержку, любовь и милосердие, добро и щедрость и придал им особый статус. Следует помнить, что мудрость поста в месяце Рамазан заключается не только в воздержании от еды и питья и совершении поклонения, но и в особом значении очищения внутреннего и внешнего, избегания вражды и ненависти, самоконтроля и усиленного совершения добрых дел в обществе». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Рамазон#Рамазан#Ramadan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

387 views

Posted Feb 17

Вы в поисках работы, тогда взгляните на эти вакансии Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции информирует граждан Республики Таджикистан о возможности официального трудоустройства на территории Российской Федерации и объявляет приём заявок по вакансиям, предоставленным двумя работодателями Российской Федерации. 1. Общество с ограниченной ответственностью «Хайер Индастри РУС» В связи с расширением производства предприятие приглашает 50 работников для работы на конвейерных линиях на производственных площадках в г. Набережные Челны. Период прибытия кандидатов: с 01 марта по 15 марта 2026 года Период выхода на работу: с 01 апреля по 01 мая 2026 года Должность: сборщик Обязанности: Выполнение операций по подгонке, соединению и креплению отдельных деталей на конвейерной линии. График работы: Сменный (2/2 по 11 часов), дневные и ночные смены. Условия оплаты труда: • Оклад — 40 000 рублей; • Премия — 30% (12 000 рублей); • Компенсация питания — 2 450 рублей; • Доплата за вредные условия труда — 1 600 рублей; • Доплата за ночные смены — 1 702 рубля (для отдельных рабочих мест). Общая сумма начислений: 56 050 – 57 752 рублей. Заработная плата «на руки»: 48 764 – 50 244 рублей. Работодатель готов рассмотреть корректировку уровня заработной платы по взаимному согласованию сторон. Контакт для связи с работодателем: 📞 +7 962 579 7079 — Суворина Албина 2. Индивидуальный предприниматель Голубев Виктор Алексеевич Требуются работники на строительные объекты в г. Бердск, Новосибирская область. Вакансии: • монолитчик; • разнорабочий (с обучением на рабочем месте). Количество работников: 20 человек. График работы: с 08:00 до 18:00 Занятость: полная Заработная плата: До 100 000 рублей в месяц при выполнении установленного плана, включая премии. Работодатель гарантирует официальное трудоустройство и своевременную выплату заработной платы. Контакт для связи с работодателем: 📞 8 (383) 412-24-87 Просим соискателей напрямую связываться с работодателями по указанным официальным контактным данным. Не доверяйте сомнительным лицам, выдающим себя за посредников или представителей работодателей. Не передавайте личные документы и денежные средства третьим лицам. Пользуйтесь исключительно официальными источниками информации и проверенными контактами.

473 views

Posted Feb 17

Шумо дар ҷустуҷӯи кор мебошед, пас ба ин ҷойҳои корӣ назар андозед Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи имконияти ба таври расмӣ ба кор таъмин шудан дар қаламрави Федератсияи Россия иттилоъ дода, қабули дархостҳоро аз рӯи ҷойҳои кории пешниҳоднамудаи ду корфармои Федератсияи Россия эълон менамояд. 1. ҶДММ “Хайер Индасти РУС”, Набережние Челни, Ҷумҳурии Тотористон Бо сабаби зарурати истеҳсолӣ ва васеъ намудани ҳайати кормандон, корхона 50 нафар кормандро барои фаъолият дар хатҳои конвейерӣ дар майдонҳои истеҳсолии худ дар шаҳри Набережний Челни ба кор даъват менамояд. Номи вазифа: ҷамъкунанда (сборщик) Вазифаҳои хизматӣ: Иҷрои амалиётҳо вобаста ба мутобиқсозӣ, пайваст ва маҳкам намудани қисмҳои алоҳида дар хатти конвейерӣ дар қитъаҳои истеҳсолии вобасташуда. Низоми кор: Навбатӣ (2/2, 11 соат), бо навбатҳои рӯзона ва шабона. Шароити музди меҳнат: • Маоши асосӣ — 40 000 рубл; • Мукофотпулӣ — 30% аз маош (12 000 рубл); • Ҷуброни хароҷоти хӯрок — 2 450 рубл; • Илова барои шароити зараровари меҳнат — 1 600 рубл; • Илова барои кори шабона — 1 702 рубл (барои баъзе ҷойҳои корӣ). Ҳаҷми умумии ҳисобшуда: аз 56 050 то 57 752 рубл. Корфармо омодагии худро ҷиҳати баррасии масъалаи тағйир додани сатҳи музди меҳнат бо мувофиқаи тарафҳо дар ҳолати нокифоя арзёбӣ гардидани музди пешниҳодшуда изҳор менамояд. Тамос барои иртибот бо корфармо: 📞 +7 962 579 7079 — Суворина Албина 2. ИП Голубев В.А., шаҳри Бердск, вилояти Новосибирск Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Бердск, кормандон ба кор қабул карда мешаванд. Ҷойҳои кории пешниҳодшуда: • монолитчӣ; • коргари ёрирасон (бо имконияти омӯзиш дар ҷойи кор). Шумораи кормандони лозим: 20 нафар. Навъи шуғл: пурра Низоми кор: аз соати 08:00 то 18:00 Музди меҳнат: То 100 000 рубл дар як моҳ ҳангоми иҷрои нақшаи муқарраршуда, бо дарназардошти мукофот барои иҷрои зиёда аз ҳаҷми кор. Корфармо ба тартиби расмӣ ба кор қабул намудан ва пардохти саривақтии музди меҳнатро кафолат медиҳад. Тамос барои иртибот бо корфармо: 📞 8 (383) 412-24-87 Аз довталабон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бевосита бо корфармоён тавассути рақамҳои расмии дар боло зикршуда тамос гиранд. Ба шахсони шубҳаноке, ки худро ҳамчун миёнарав ё намояндаи корфармо муаррифӣ менамоянд, бовар накунед. Ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва маблағҳои худро ба шахсони сеюм насупоред. Танҳо ба манбаъҳои расмӣ ва маълумоти боэътимод такя намоед.

509 views

Posted Feb 14

Пешгирии экстремизм ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён дар Бердск 13 феврали соли 2026 дар шаҳри Бердск вохӯрии корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии Бердск баргузор гардид. Дар чорабинӣ инчунин роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Бердск «Содружество» Турдибеков Ҷамол Шарипович иштирок намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти шиори «НЕСТ БОД МАВОДИ МУХАДДИР», инчунин чораҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои гуногуни деструктивӣ ва экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба донишҷӯён меъёрҳои қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия вобаста ба тартиби будубоши донишҷӯёни хориҷӣ дар ҳудуди кишвар шарҳ дода шуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ зикр гардид, ки 12 феврал Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки ба густариши терроризм мусоидат менамояд, таҷлил карда мешавад. Ба иштирокчиён таъкид шуд, ки нисбат ба чунин зуҳурот ҳам дар муҳити донишҷӯён ва ҳам дар шабакаи интернет ҳушёру зирак бошанд ва бар зидди он мубориза баранд. *Профилактика экстремизма и пропаганда здорового образа жизни среди студентов в Бердске* 13 февраля 2026 года в городе Бердске состоялась встреча сотрудника Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Западно-Сибирском округе Мирзозоды Хуршеда со студентами Бердского филиала Новосибирского медицинского колледжа. В мероприятии также принял участие глава таджикской общины «Содружество» города Бердска Турдибеков Джамол Шарипович. В ходе встречи были обсуждены вопросы формирования здорового образа жизни, проведения профилактической работы под девизом «НЕТ НАРКОТИКАМ», а также меры по противодействию вовлечению молодежи в различные деструктивные и экстремистские группы. Отдельное внимание было уделено разъяснению миграционного законодательства Российской Федерации, регулирующего порядок пребывания иностранных студентов на территории страны. В завершение встречи было отмечено, что 12 февраля отмечается Международный день предупреждения насильственного экстремизма, способствующего распространению терроризма. Участникам напомнили о необходимости проявлять бдительность и противодействовать подобным явлениям как в студенческой среде, так и в сети Интернет.

577 views

Posted Feb 13

Вохӯрии корӣ бо муассис ва директори ширкати сохтмонии "Кристалл" дар шаҳри Бердск 13 феврали соли 2026 вохӯрии корӣ байни Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ — Мирзозода Хуршед ва Виктор Алексеевич Голубев, муассис ва директори Ширкати сохтмонии «Кристалл» (шаҳри Бердск, вилояти Новосибирск), ки ба сохтмон ва иҷораи амволи ғайриманқул машғул мебошад, баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҷалб ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иншооти сохтмонии ширкат дар вилояти Новосибирск муфассал баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои ҷалби муташаккилонаи кормандон дар доираи татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия зоҳир гардид. Намояндаи ҷониби Тоҷикистон аҳамияти риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва кафолатҳои иҷтимоии кормандони хориҷӣ, инчунин зарурати таъмини механизмҳои шаффоф ва қонунии ҷалби онҳоро таъкид намуд. Дар навбати худ, роҳбарияти ширкат омодагии худро ҷиҳати ташаккули захираи устувори кадрӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибихтисос, ки омодаанд дар асоси дарозмуддат ва мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда фаъолият намоянд, изҳор дошт. Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкорӣ баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи шарикӣ ва таҳияи қадамҳои мушаххас ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Рабочая встреча с основателем и директором строительной компании «Кристалл» в городе Бердск 13 февраля 2026 года состоялась рабочая встреча Представителя Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Западно-Сибирском федеральном округе — Мирзозода Хуршед с Виктором Алексеевичем Голубевым, основателем и директором строительной компании «Кристалл» (г. Бердск, Новосибирская область), специализирующейся на строительстве и аренде объектов недвижимости. В ходе встречи стороны подробно обсудили вопросы привлечения и трудоустройства граждан Республики Таджикистан на строительные объекты компании в Новосибирской области. Особое внимание было уделено перспективам организованного набора работников в рамках реализации Соглашения между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории Российской Федерации. Представитель таджикской стороны подчеркнул важность соблюдения трудовых прав и социальных гарантий иностранных работников, а также необходимости обеспечения прозрачных и законных механизмов их привлечения. В свою очередь, руководство компании выразило заинтересованность в формировании стабильного кадрового потенциала за счёт квалифицированных специалистов, готовых работать на долгосрочной основе в соответствии с действующим законодательством. Встреча прошла в конструктивной и деловой атмосфере. По её итогам стороны подтвердили намерение развивать партнёрские отношения и проработать конкретные шаги по дальнейшему взаимодействию в сфере организованного трудоустройства граждан Республики Таджикистан.

552 views
123456•••10•••20•••30•••3940