Recent posts
Page 6 of 40 · 473 posts
Posted Feb 5
Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ссилкаи мазкур https://www.instagram.com/reel/DUYavq9iOfc/?igsh=dnlxNWdydTk1c3d4
Posted Feb 5
БА САВОЛҲОИ ШУМО ПОСУХ МЕДИҲЕМ: ҷавоби мушаххас ва ҳалталаб Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё пеш омадани мушкилот оид ба будубош ва ё фаъолияти меҳнатӣ дар Россия метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намуда, посухҳои ҳуқуқиву мушаххасро аз масъулини соҳа дастрас намоянд.
Posted Feb 5
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода ва нашр гардид. Матни Солномаи Пешвои миллат дар соли 2025 дар сомонаҳои расмии president.tj, khovar.tj ва матбуоти даврӣ пешкаши хонандагон карда мешавад. Подготовлена и опубликована Летопись Лидера нации под названием «Эмомали Рахмон и Международный год сохранения ледников - 2025», посвящённая деятельности Президента Республики Таджикистан и Правительства страны с анализом развития национальной экономики. Текст Летописи Лидера нации за 2025 год будет представлен читателям на официальных сайтах president.tj, khovar.tj, а также в периодической печати. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Солнома2025#Летопись2025
Posted Feb 4
Фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия таҳти № 34 аз 4 феврали соли 2025 Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия аз 4 феврали соли 2025 таҳти № 34, дар Метрополитени шаҳри Москва ҳангоми зарурат, иловатан ба чораҳои амалкунандаи амнияти нақлиётӣ, санҷиши телефонҳои мобилии мусофирон метавонад татбиқ карда шавад. Бо назардошти ҳолати мазкур, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метрополитен, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд. Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки тибқи фармони зикршудаи Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия, санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад. Приказ Министерства транспорта Российской Федерации № 34 от 4 февраля 2025 года Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по миграции доводит до сведения граждан Республики Таджикистан, что в соответствии с приказом Министерства транспорта Российской Федерации от 4 февраля 2025 года № 34 в Московском метрополитене, при необходимости, может применяться досмотр мобильных телефонов пассажиров в дополнение к действующим мерам транспортной безопасности. В связи с изложенным настоятельно рекомендуем гражданам Республики Таджикистан соблюдать законодательство страны пребывания и, в случае проведения проверки, не препятствовать сотрудникам службы безопасности метрополитена в исполнении ими своих служебных обязанностей. Также сообщаем, что согласно вышеуказанному приказу Минтранса РФ, досмотр аудио- и видеотехники, мобильных телефонов и персональных компьютеров осуществляется путем их включения и проверки работоспособности.
Posted Feb 3
НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ШУД Имрӯз, 3 юми феврали соли 2026 нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, сардорони Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, директорони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои давлатии низоми вазорат ва 55 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд. Дар нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО саволҳо доир ба ҳамаи самтҳои фаъолияти вазорат пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, роҳбарони хадамотҳо ва Агентиву муассисаҳои низоми вазорат посухҳои мушаххас доданд.
Posted Jan 31
ТАБРИКОТ БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамаи ҳамватанони гиромӣ ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни Сада самимона табрик менамояд. Ҷашни Сада ҳамчун рамзи нур, гармӣ, умед ва оғози омодагӣ ба баҳор, аз умқи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик сарчашма гирифта, арзишҳои меҳнатдӯстӣ, созандагӣ ва ҳамбастагии мардумро таҷассум менамояд. Ин ҷашн моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон раҳнамун месозад. Ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, файзу баракат, муваффақият дар фаъолият, осоиштагӣ дар зиндагӣ ва сарбаландӣ дар роҳи меҳнату заҳмат орзу менамоем. Бигзор нури Сада қалбҳоро гарм намуда, дар рӯзгори ҳар хонадон хушбахтӣ ва умеди нав оварад. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Posted Jan 31
31 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати ҷашни Сада самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат сулҳу осоиш, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу намуданд. «Бо вуҷуди монеаҳои сунъии дар тӯли асрҳои зиёд барои баргузории ҷашни Сада эҷодшуда миллати тоҷик онро ҳамчун арзиши зиндагисоз дар хотираи худ ҳифз намудааст. Зеро дар меҳвари Сада ғояҳои инсондӯстӣ қарор дошта, ин ойини бостонӣ мисли дигар ҷашнҳои миллии мо ифодагари пайванди азалии инсон бо табиат ва коинот, рамзи шодиву хурсандӣ, ободиву хуррамӣ, покиву озодагӣ, сулҳу осоиш ва пояндагии гармиву рӯшноӣ мебошад»,-қайд намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 31 января Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон, искренне поздравив весь славный народ страны с праздником Сада, пожелал каждой семье страны мира, счастья и благоденствия. «Несмотря на созданные на протяжении веков искусственные преграды для празднования Сада, таджикская нация сохранила его как жизненную ценность в своей памяти. Потому что в сущности Сада лежат гуманистические идеи, этот древний обряд, как и другие наши национальные праздники, символизирует вечную связь человека с природой и космосом, является символом радости и веселья, процветания, чистоты и свободы, мира, постоянства тепла и света», - отметил Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Сада#Sada#UNESCO
Posted Jan 30
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд. Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон, утвердил символ «35-летия государственной независимости Республики Таджикистан». Министерства и ведомства, организации и учреждения, органы исполнительной власти областей, городов и районов, а также средства массовой информации могут широко использовать утверждённый символ. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Jan 29
Posted Jan 29
Граждане Республики Таджикистан, прибывшие в Российскую Федерацию с целью осуществления трудовой деятельности, обязаны в установленном порядке встать на миграционный учёт и оформить патент на работу. Постановка на миграционный учёт осуществляется по месту фактического проживания через принимающую сторону (работодатель, арендодатель либо физическое лицо). Срок пребывания продлевается при наличии действующего патента и своевременной оплате авансовых платежей. По вопросам оформления регистрации, патента и продления срока пребывания необходимо обращаться в территориальные подразделения по вопросам миграции МВД России или многофункциональные центры. Дополнительно сообщаем, что с 1 сентября 2025 года в городе Москве и Московской области введён экспериментальный цифровой порядок миграционного учёта иностранных граждан с использованием мобильного приложения «Амина». 1. Цель и правовое назначение Приложение «Амина» — это официальный цифровой сервис, предназначенный для дистанционной постановки на миграционный учёт иностранных граждан, прибывших в Россию в безвизовом порядке с целью трудовой деятельности в Москве и Московской области. Сервис позволяет удалённо уведомлять органы внутренних дел Российской Федерации о фактическом месте пребывания мигранта и о его изменениях. Цель внедрения приложения: • повышение эффективности миграционного учёта; • сокращение необходимости физического посещения Многофункционального миграционного центра (ММЦ) или территориальных подразделений МВД; • оптимизация контроля за соблюдением миграционного законодательства и повышение безопасности. 2. Кому необходимо использовать приложение Установка и использование приложения «Амина» являются обязательными для иностранных граждан, прибывающих и проживающих в г. Москве и Московской области без визы с целью трудовой деятельности, в том числе граждан Республики Таджикистан. 3. Как работает приложение Иностранный гражданин обязан: 1. установить приложение «Амина» на мобильное устройство (официально доступно в магазине приложений — RuStore); 2. зарегистрироваться в приложении, используя карту иностранного гражданина или паспортные данные; 3. указать фактическое место пребывания в г. Москве или Московской области; 4. передавать сведения о своём местоположении (геолокации) в установленном порядке. Приложение обеспечивает передачу данных об адресе проживания и его изменениях в режиме реального времени, включая геолокационные данные. 4. Техническая поддержка и помощь В случае возникновения технических трудностей с установкой, регистрацией или работой приложения «Амина» гражданам и пользователям предоставляется служба технической поддержки. 📞 Контакт горячей линии техподдержки приложения «Амина»: +7 (499) 530-56-88. 5. Последствия несоблюдения требований Невыполнение обязательства по установке и использованию приложения, а также прекращение передачи данных о местоположении более чем на установленный период может повлечь: • автоматическое снятие с миграционного учёта в ММЦ; • включение иностранного гражданина в реестр контролируемых лиц; • последующие административные меры в соответствии с действующим законодательством Российской Федерации. 6. Дополнительные рекомендации Гражданам рекомендуется: • устанавливать приложение только из официальных источников (например, RuStore); • внимательно заполнять данные о месте пребывания и своевременно обновлять информацию при смене адреса; • сохранять контакт техподдержки для обращения при любых системных проблемах. Представительство обращает внимание, что нарушение правил миграционного учёта влечёт административную ответственность в соответствии с законодательством Российской Федерации.
Posted Jan 29
3. Тартиби истифодаи замима Муҳоҷири меҳнатӣ уҳдадор аст: 1. замимаи мобилии «Амина»-ро ба телефони мобилии худ насб намояд (аз мағозаи рақамии Rustore); 2. дар замима сабти ном шавад ва маълумоти шахсиро ворид намояд; 3. суроғаи воқеии будубошро дар ҳудуди шаҳри Москва ё вилояти Москва нишон диҳад; 4. дар доираи талаботи муқарраргардида маълумот дар бораи ҷойгиршавии худро (геолокатсия) пешниҳод намояд; 5. дар ҳолати иваз намудани ҷои иқомат маълумотро сари вақт навсозӣ кунад. 4. Дастгирии техникии замимаи Амина Дар ҳолати ба миён омадани мушкилоти техникӣ ҳангоми насб, сабти ном ё истифодаи замимаи мобилии «Амина», шаҳрвандон метавонанд ба хадамоти дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд. 📞 Хатти оҷилии хадамоти дастгирии техникии замимаи «Амина»: +7 (499) 530-56-88 5. Оқибатҳои риоя накардани талабот Иҷро накардани талаботи вобаста ба насб ва истифодаи замимаи «Амина», инчунин қатъ гардидани пешниҳоди маълумот дар бораи будубош метавонад боиси: • хориҷ шудан аз бақайдгирии муҳоҷиратӣ; • ворид гардидани маълумоти шахс ба феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ); • татбиқи чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия. 6. Тавсияҳо Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад: • замимаро танҳо аз манбаъҳои расмӣ насб намоянд; • маълумотро бодиққат ва дуруст ворид кунанд; • дар ҳолати пайдо шудани мушкилот фавран ба хадамоти дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд; • қоидаҳои будубош ва бақайдгирии муҳоҷиратиро қатъиян риоя намоянд. *Намояндагӣ таваҷҷуҳ медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷиратӣ мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.* Представительство доводит до сведения граждан Республики Таджикистан, что порядок пребывания и регистрации граждан на территории Российской Федерации регулируется законодательством Российской Федерации в сфере миграционного учёта иностранных граждан. Граждане Республики Таджикистан, прибывшие в Российскую Федерацию, обязаны в установленном порядке встать на миграционный учёт по месту пребывания. Постановка на миграционный учёт осуществляется принимающей стороной в установленные законом сроки. В зависимости от цели въезда порядок регистрации и обращения различается по следующим категориям: 1. Студенты Граждане Республики Таджикистан, прибывшие в Российскую Федерацию с целью обучения, подлежат постановке на миграционный учёт по месту фактического проживания. При проживании в общежитии образовательной организации постановка на миграционный учёт осуществляется образовательной организацией. В случае проживания по иному адресу обязанность по уведомлению о прибытии возлагается на принимающую сторону. Для оформления регистрации студентам необходимо обращаться в администрацию образовательной организации либо в территориальные подразделения по вопросам миграции МВД России. 2. Туристы, в том числе лица, прибывающие для участия в форумах, конференциях и иных мероприятиях Граждане Республики Таджикистан, прибывшие в Российскую Федерацию с туристическими, деловыми или краткосрочными целями, подлежат миграционному учёту на период пребывания. При размещении в гостиницах, хостелах, санаториях постановка на миграционный учёт осуществляется администрацией средства размещения. При проживании в частном жилом помещении уведомление о прибытии подаётся принимающей стороной. Обращение осуществляется через принимающую сторону в подразделения по вопросам миграции МВД России, многофункциональные центры либо отделения почтовой связи. 3. Лица, прибывающие на лечение Граждане Республики Таджикистан, прибывшие в Российскую Федерацию с целью получения медицинской помощи, подлежат постановке на миграционный учёт на период лечения. В случае размещения в медицинском учреждении или санаторно-курортной организации регистрация осуществляется соответствующей организацией. При проживании вне медицинского учреждения обязанность по регистрации возлагается на принимающую сторону. По вопросам регистрации и продления срока пребывания следует обращаться в территориальные подразделения по вопросам миграции МВД России. 4. Трудовые мигранты
Posted Jan 29
Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тартиби будубош ва бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ танзим мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, уҳдадоранд тибқи тартиби муқарраргардида дар ҷои будубош ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Номнавишт аз ҷониби қабулкунанда дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад. Вобаста ба мақсади воридшавӣ тартиби бақайдгирӣ ва муроҷиат барои категорияҳои зерин фарқ мекунад: 1. Донишҷӯён, ки бо мақсади таҳсил ба Россия омадаанд, бояд дар ҷои иқомати воқеии худ ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Дар ҳолати иқомат дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ, номнавишти муҳоҷиратӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ анҷом дода мешавад. Ҳангоми истиқомат дар суроғаи дигар, уҳдадории пешниҳоди огоҳинома дар бораи омадан ба зиммаи ҷониби қабулкунанда вогузор мегардад. Барои бақайдгирӣ донишҷӯён бояд ба маъмурияти муассисаи таълимӣ ё ба шуъбаҳои ҳудудии масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия муроҷиат намоянд. 2. Сайёҳон, аз ҷумла шахсоне, ки ҷиҳати ширкат дар форумҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо меоянд, бояд барои давраи будубош ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Дар ҳолати ҷойгиршавӣ дар меҳмонхонаҳо, хостелҳо, осоишгоҳҳо, бақайдгирӣ аз ҷониби маъмурияти ҷойи иқомат анҷом дода мешавад. Ҳангоми истиқомат дар манзили хусусӣ, огоҳинома дар бораи омадан аз ҷониби ҷониби қабулкунанда пешниҳод мегардад. Муроҷиат тавассути ҷониби қабулкунанда ба шуъбаҳои масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР, марказҳои бисёрфунксионалӣ, шуъбаҳои почта ё портали давлатии хидматрасонӣ “Госуслуги” анҷом дода мешавад. 3. Шахсоне, ки бо мақсади гирифтани ёрии тиббӣ ба Россия меоянд, бояд барои давраи табобат ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Дар ҳолати ҷойгиршавӣ дар муассисаи тиббӣ ё ташкилоти санаторию табобатӣ, бақайдгирӣ аз ҷониби муассисаи мазкур анҷом дода мешавад. Ҳангоми истиқомат берун аз муассисаи тиббӣ, уҳдадории бақайдгирӣ ба зиммаи ҷониби қабулкунанда вогузор мегардад. Барои масъалаҳои бақайдгирӣ ва тамдиди муҳлати будубош бояд ба шуъбаҳои ҳудудии масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намуд. 4. Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Россия меоянд, уҳдадоранд тибқи тартиби муқарраргардида ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шуда, патенти фаъолияти меҳнатӣ ба расмият дароранд. Бақайдгирӣ дар ҷои иқомати воқеӣ тавассути ҷониби қабулкунанда (корфармо, иҷорадеҳ ё шахси воқеӣ) анҷом дода мешавад. Муҳлати будубош дар ҳолати мавҷуд будани патенти амалкунанда ва пардохти саривақтии маблағи патент тамдид карда мешавад. Барои масъалаҳои бақайдгирӣ, гирифтани патент ва тамдиди муҳлати будубош зарур аст ба шуъбаҳои ҳудудии масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР ё марказҳои бисёрфунксионалӣ муроҷиат карда шавад. Илова бар ин хабар медиҳем, ки дар шаҳри Москва ва вилояти Москва тартиби нави рақамии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ бо истифода аз замимаи мобилии «Амина» ҷорӣ гардидааст. 1. Мақсад ва таъиноти ҳуқуқӣ Замимаи мобилии «Амина» хизматрасонии расмии рақамӣ буда, барои бақайдгирии муҳоҷиратии фосилавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия бо тартиби бераводид ва бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ворид шудаанд, дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва пешбинӣ шудааст. Истифодаи замима ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия имкон медиҳад, ки маълумот дар бораи ҷои воқеии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва тағйирёбии он сари вақт қабул карда шавад. Мақсади ҷорӣ намудани замимаи Амина: • баланд бардоштани самаранокии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ; • коҳиш додани зарурати ҳузури шахсӣ дар марказҳо ва мақомоти муҳоҷиратӣ; • таҳкими назорати риояи қонунгузории муҳоҷиратӣ. 2. Барои кӣ истифодаи замима ҳатмӣ мебошад? Насб ва истифодаи замимаи мобилии «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки: • дар шаҳри Москва ё вилояти Москва иқомат менамоянд; • бо тартиби бераводид ба Федератсияи Россия ворид шудаанд; • бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ қарор доранд, ҳатмӣ мебошад, аз ҷумла барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.