TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,489Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 13 of 40 · 473 posts

Posted Nov 20

*Паёми табрикотӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон* Ҳамватанони азиз! Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи муқаддаси давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳокимияти соҳибихтиёрии кишвар сидқан табрик менамоем. Парчами давлатӣ таҷассумгари роҳи таърихӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик буда, талош барои сулҳ, созандагӣ ва таҳкими давлати мустақил инъикос менамояд. Ин ҷашни бошукуҳ моро ба масъулияти баланд дар назди Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва садоқат ба идеалҳои истиқлолият ҳидоят месозад. Бо раҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисод, ҳифз ва густариши мероси фарҳангӣ, инчунин болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба марҳалаи нав ва босуръат ворид гардид. Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати ҷомеа, пойдории сулҳ, субот ва боло бурдани худшиносии миллӣ заминаи устувори пешрафти минбаъдаи кишвар мебошад. Бигзор ин рӯзи пуршукӯҳ ба ҳар яки мо нерӯи тоза бахшад, эҳсоси ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносиро тақвият диҳад ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро дар роҳи рушду пешрафти Ватани азизамон муттаҳид намояд. Бо таманниёти сулҳу амният, хушбахтӣ ва муваффақият ба ҳар яки шумо. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

205 views

Posted Nov 19

167 views

Posted Nov 19

*Истифодаи замимаи АМИНА ҳатмист!* Ҳамватанони азиз, Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар минтақаи Москва ва вилояти Москва озмоиш идома дорад ва шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд суроғаи зисти воқеии худро тавассути замимаи «Амина» нишон диҳанд. Ин шарти ҳатмӣ барои шаҳрвандоне мебошад, ки барои кор ба Россия бе раводид ворид мешаванд. Қоидаҳои истифодаи замимаи «Амина»: Амалҳои ҳатмӣ: •иҷозат додан ба фаъолсозии ҳамаи функсияҳои замима; •ворид кардани маълумот ҳангоми иваз шудани суроғаи зист; •навсозии замима тариқи RuStore Амалҳои манъшуда: •хомӯш кардани геолокатсия дар телефон; •насб ва истифода кардани замимаи VPN; •манъ кардани дастрасии замима ба функсияҳои смартфон; •хомӯш гузоштани телефон зиёда аз 3 рӯз. Шаҳрванди хориҷӣ аз қайд гирифта мешавад, агар: •аз Россия хориҷ шавад; •берун аз минтақаи Москва ба қайд гирифта шавад; •зиёда аз 3 рӯзи корӣ геолокатсия дастрас набошад; •вафот кунад ё аз ҷониби суд бедарак ё фавтида эълон гардад. *!!!Муҳим!!!* •Ҳангоми тағйир додани суроғаи будубош, иштирокчии озмоиш (эксперимент) вазифадор аст, ки дар муддати 3 рӯзи корӣ ба мақомоти минтақавии ВКД Русия тавассути ҳамин замима хабар диҳад. •Нишон додани суроғаи бардурӯғ ё кӯшиши ба гумроҳӣ бурдани намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сабаби ворид кардани шумо ба руйхати шахсони назоратшаванда ва изроҷи баъдӣ мегардад. •Истифодаи VPN тавсия дода намешавад, зеро ҳангоми ҳамоҳангсозии маълумоти геолокатсия, иттилооти нодуруст дар бораи ҷойгиршавии воқеӣ ба ВКД фиристода мешавад. 🤝 Агар дар истифодаи замимаи «Амина» мушкилӣ бо муайянкунии геолокатсия пеш ояд, тавсия дода мешавад ба хадамоти техникӣ муроҷиат намоед: 📞 +7 (499) 530-56-88 🌐https://mc.mos.ru/info/amina 📞 Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонед ба Намояндагӣ аз соати 09:00 то 18:00 бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 901 344-77-77, ш. Иркутск +7 (929) 388-54-11;⁠ 3. ⁠Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 4. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 5. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 6. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: 🌐 [email protected]

247 views

Posted Nov 14

233 views

Posted Nov 14

ТАБРИКОТИ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикони муқими Россия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва муҳоҷирони меҳнатиамонро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати заҳматкашу тамаддунофари тоҷик, рамзи иттиҳод, сарҷамъӣ, ваҳдату якдилӣ ва саодат мебошад. Маҳз, бо шарофати хизматҳои шоён ва хастанопазири Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил гардида, бо ташаббусҳои оқилона ва сулҳҷӯёнаи Роҳбари Олии кишвар, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар доираи сиёсати шарикии стратегӣ ва сиёсати дарҳои боз рушд намуда истодааст. Имрӯз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, навсозии инфрасохтор, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, далоили возеҳи он аст, ки сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самараи нек ба бор оварда, халқи шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоишта ва шароити арзанда зиндагӣ дошта, Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон гардидааст. Дар заминаи сиёсати оқилонаи роҳбарони ду кишвари дуст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо рушд намуда, дӯстиву бародарии ду халқи бузург қавитар гаштааст. Имрӯз дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳазорон шаҳрванди ду кишвари дуст, барои фаъолияту зисти муваққатӣ, Тоҷикистону Россияро интихоб менамоняд, ки барои таҳкими дӯстиву бародарии ду халқ ва ду кишвар заминаҳои устувор мегузорад. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди Тоҷикистон рамзӣ буда, нишонаи эҳтиром, эътимод ва садоқату вафодории миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо мубораку фархунда бошад ҳамватанони азиз !

231 views

Posted Nov 14

Ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳо дар Федератсияи Россия чӣ бояд кард? Шумо — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, ки дар Россия кор мекунед ва ҳуҷҷатҳои худро гум кардед. Муҳим аст, ки зудтар амал кунед, то аз ҷарима, ихроҷ шудан ё мушкилоти дигар пешгирӣ намоед. Гум кардани ҳуҷҷат худ аз худ сабаби ихроҷ ё бекоршавии иҷозатномаи корӣ намешавад, вале оҷилан барқарор кардани он барои будубоши қонунӣ дар Россия зарур аст. Барои барқарор кардани шиноснома — ба Консулгарии наздиктарини Тоҷикистон муроҷиат кунед; барои дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ ё корӣ — ба Раёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (УВМ ГУ МВД России) ё маркази муҳоҷиратии наздиктарин муроҷиат намоед. Муҳоҷири меҳнатӣ ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳо (шиносномаи хориҷӣ, корти муҳоҷиратӣ, патент ё дигар ҳуҷҷат) дар Россия корҳои зеринро бояд анҷом диҳад: Қадамҳои аввал 1.⁠ ⁠Фавран ба шуъбаи полис хабар диҳед •⁠ ⁠Ба шуъбаи наздиктарини полис (ОМВД России) дар ҷое, ки ҳуҷҷат гум шудааст, муроҷиат кунед. •⁠ ⁠Ариза дар бораи гум шудан ё дуздӣ шудани аснод нависед. Ба шумо маълумотнома (талон-уведомление / справка) бобати қабули аризаатон медиҳанд — ин ҳуҷҷати асосӣ барои қадамҳои минбаъда аст. •⁠ ⁠Агар корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) гум шуда бошад, дар ариза маълумоти вурудатонро ба Федератсияи Россия нависед (муҳр дар шиноснома, агар боқӣ мондааст). •⁠ ⁠Муҳлат: беҳтараш ҳамон рӯзи гум кардани ҳуҷҷат муроҷиат кунед. 2.⁠ ⁠ Агар шиносномаатонро гум кардед, бо маълумотномае, ки аз шуъбаи полис гирифтед, ба наздиктарин консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи қарордоштаатон муроҷиат кунед. •⁠ ⁠Консулгарӣ барои барқарор кардани шиносномаи хориҷӣ кӯмак мекунад. •⁠ ⁠Ҳуҷҷатҳои лозима: o Ариза (дар консулгарӣ пур мешавад) o Маълумотнома аз полис ҳамчун тасдиқи муроҷиат оиди гумшавии ҳуҷҷат o акси 3,5×4,5 см (2 дона) o Нусхаи дигар ҳуҷҷатҳо (агар бошанд: нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон ва ғ.) o Пардохти боҷи давлатӣ •⁠ ⁠Муҳлат: барқароркунии шиноснома аз 2 ҳафта то 2 моҳ, вобаста ба навбат •⁠ ⁠Ҳуҷҷати муваққатӣ: o “Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан” — ҳуқуқи сафар ба ватан ( бозгашт), бо эътибори як моҳа. Дар як руз омода мешавад. •⁠ ⁠Суроға ва тамосҳои консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия: Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Маскав 📍 121069, ш. Москва, кӯчаи Скатертний, 19 📞 +7 (985) 740-02-12 📧 [email protected] Маълумот аз соати 14:00 то 16:00 (душанбе–ҷумъа) Консулгарии генералии ҶТ дар Санкт-Петербург 📍 191024, ш. Санкт-Петербург, кӯчаи Черняховского 65. 📞 +7 (812) 490-47-46 📧 [email protected] 🌐www.tajgenconsspb.ru Консулгарии генералии ҶТ дар Уфа 📍 ш. Уфа, кӯчаи Цурюпы 149 📞 +7 (347) 276-52-96 📧 [email protected] 🌐mfa.tj/ufa Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург 📍 620107, ш. Екатеринбург, кӯчаи Гражданская, 2А 📞 +7 (343) 370-23-60 📧 [email protected] 🌐mfa.tj/yekaterinburg Консулгарии генералии ҶТ дар Новосибирск 📍 ш. Новосибирск, кӯчаи Дзержинский, 20 📞 +7 (383) 305-44-61, +7 (383) 305-44-63 📧 [email protected] 🌐mfa.tj/novosibirsk 3.⁠ ⁠Барқарор кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ •⁠ ⁠Ба шӯъбаи (ОВМ МВД) (шуъбаи муҳоҷират) дар маҳалли зист ё МБМ (Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ) муроҷиат кунед. •⁠ ⁠Барои корти муҳоҷиратӣ: ариза, нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз полис пешниҳод кунед. •⁠ ⁠Барои бақайдгирӣ: агар муҳлати бақайдгирӣ гузашта бошад, бо кумаки соҳиби манзил худро дубора ба қайд гузоред. Лозим аст: шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, расиди пардохти андоз аз патент, шартномаи иҷора. •⁠ ⁠Барои патенти корӣ: дар ҷое, ки патент гирифтед, ариза нависед ва расидҳои (квитансия) пардохтро (агар бошад) замима кунед. Патенти гумшуда бекор мешавад ва нусхаи нав дода мешавад. •⁠ ⁠Муҳимот: бе ҳуҷҷат кор кардан манъ аст. Корфармо метавонад рухсатии 30-рӯза диҳад, то ҳуҷҷатҳоро барқарор кунед. 4.⁠ ⁠«Корти сабз» — ҳуҷҷати ҳатмии муҳоҷири меҳнатӣ •⁠ ⁠Корти сабз (ҳуҷҷате, ки сабти изи ангушт, акс ва муоинаи тиббиро тасдиқ мекунад) барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмист.

286 views

Posted Nov 14

Мулоқот бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко 14.11.2025 https://president.tj/event/news/53682 14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд.

149 views

Posted Nov 8

ҚАДРДОНИИ ТАБИБОНИ ТОҶИКТАБОРИ РОССИЯ БО ИФТИХОРНОМАИ ФАХРӢ Бо ибтикори Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор олимону кормандони тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия бо ифтихорномаи фахрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ифтихорномаи фахрӣ барои олимону кормандони тиббии тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия барои хизматҳои бенуқсон, омода намудани кадрҳои баландихтисос, хидмати содиқонаву софдилона, таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику рус ва саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои бародарии Тоҷикистону Россия сарфароз гардонида шуданд. Бо ифтихорномаи фахрии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Марказӣ Одинаева Нисо Ҷумаевна, доктори илмҳои тиб, профессор, директори “ГБУЗ МО институти клиникии илмӣ-тадқиқотии кӯдакии Вазорати тандурустии вилояти Москва”, Зокиров Нуралӣ Зоирович - педиатр, нефрологи кӯдакон, доктори илмҳои тиб, профессор, Қодиров Зиёратшо Абдуллоевич - профессор, доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи урологияи эндоскопии факултети такмили ихтисоси кормандони тиби Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Муллабаев Нозим Сатторович -табиб - уролог, бемористони “Боткинская”, Ғафуров Фурқат Собирович – номзади илмҳои тиб, роҳбари маркази рагҳои беморхонаи давлатии шаҳри Егоровски вилояти Москва, Яров Раҳимҷон Раҳмонҷонович – дандонпизишк, роҳбари клиникаи “СИТИ-СМАЙЛ" дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар Ҳавзаи Федералии Урал як қатор табибони тоҷиктабор, ки дар муассисаҳои тиббии ин минтақаи Федератсияи Россия, аз ҷумла Ибодуллоев Хушбахт Убайдуллоевич, Холиков Ахлиддин Бобохонович, Набиев Ҳусейн Лолаевич, Файзуллоев Сулаймон Сайфуллоевич, Занҷирбеков Парвона Лалбекович, Холиқов Аҳлиддин Бобохонович, Муродова Гулистон Умаралиевна, Ҷабборов Ҷамшед Очилдиевич, Қурбонов Ҷовид Муҳаммадиевич, Ёрматов Абдусамад Ваҳобович ва Асомидинов Абдуқудус Алиакбарович дар маросими тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар баробари ин як қатор табибон дар Ҳавзаи федералии Сибир ва Приволжие низ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд, ки иқдоми мазкурро табибони тоҷиктабор бо хушнудӣ ва ифтихори баланд қабул намуданд. Дар ин минтақа, Сангинов Абдуғаффор корманди Донишгоҳи тадқиқоти илмии травматология ва ортопедияи ш. Новосибирск ба номи Я.Л. Цивян, Бобоев Меҳроҷиддин Мадаминович - номзади илми тиб, уролог – онколог дар Бемористони вилоятии клиникии ш. Новосибирск, Асалов Ҷовид Мирсаидович, уролог – онколог дар бемористони вилоятии клиникии Ш. Новосибирск, Мулоджонов Джахонгир Мамуржонович, уролог -гастроэксперт, дар “Маркази ҷароҳии эндоскопӣ ” дар шаҳри Новосибирск, инчунин Вакасов Муҳсин Муҳиддинович, Боронов Джамшед Бойназарович - мудири шуъбаи терапевтӣ дар Нижний Новгород, Саломов Юсуфджон Баладжонович қадрдонӣ шуданд. Дар шаҳри Санкт -Петербург ва вилояти он низ табибони хизматнишондода бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд, ки аз иқдоми мазкур изҳори хушнудӣ намуданд. Бо мусоидати масъулини Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб ба Саймуродова Нуринисо Давлатовна, Ходжаев Джамшед Саидахмадович, Гуркина Наргис Шамсиддиновна, ⁠Азимов Фирузджон Хазраткулович ва Шоназарова Умеда Самандаровна ифтихорномаҳо супорида шуданд. Табибони тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия аз иқдоми мазкур изҳори миннатдории самимии худро ба Роҳбарияти Олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ баён намуда, иброз доштанд, ки мо ворисони арзандаи Ибни Сино дар ҳар нуқтаи олам барои рушди илми тиб, саҳмгузорӣ дар рушди муносибатҳои байнифарҳангӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар саҳмгузорӣ менамоем. Воқеан, табибони тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия дар ин самт хизмати содиқонаву софдилона намуда истода, мардуми муқимӣ аз фаъолият ва тартиби корбурди онҳо бо хушнудӣ истиқбол менамоянд.

279 views

Posted Nov 5

ТАБРИКОТИ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамватанони азиз! Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират шуморо самимона бо яке аз ҷашнҳои муҳимми давлатӣ — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем! Қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 рӯйдоди таърихӣ буд, ки оғози марҳалаи нав дар роҳи ташаккули давлати мустақили тоҷикон гардид. Қонуни Асосии кишвар арзишҳои муҳими миллиро — сулҳ, субот, волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон — таҳким бахшида, ба пояи боэътимоди давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ табдил ёфт. Зери роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсия кафили сулҳу субот, рамзи ваҳдати миллӣ ва асоси мустаҳками рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад. Имрӯз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолият, рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва соҳаҳои иҷтимоӣ — натиҷаи сиёсати пайгирона ва муваффақонаи Президенти кишвар ва меҳнати софдилонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дар ин рӯзи пуршараф ба ҳамаи ҳамватанон сулҳу амонӣ, файзу баракат, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои нав ба хотири пешрафти Ватани азизамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу менамоем! Бо ифтихор ва самимияти пурра, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират

203 views

Posted Nov 3

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар вилояти Новгород 30 октябри соли ҷорӣ вохӯрии кормандони Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Новгород ба номи Ярослав Мудрий баргузор шуд. Зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои марбут ба таҳсили ҳамватанон, риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ ва эҳтироми фарҳанги кишвари иқомат, инчунин профилактикаи зуҳуротҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мушкилоти донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

184 views

Posted Nov 3

ПОЗДРАВЛЕНИЕ Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции по случаю Дня народного единства Российской Федерации Уважаемые коллеги! Дорогие друзья! Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет российский народ с одним из важнейших государственных праздников — Днём народного единства! Этот знаменательный день символизирует силу сплочённости, взаимопонимания и единства многонационального народа России, которые на протяжении веков служили прочной основой мира, стабильности и развития государства. Мы высоко ценим дружественные отношения и стратегическое партнёрство между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией, основанные на взаимном уважении, исторической общности и крепких узах дружбы между народами наших стран. Желаем всем гражданам России мира, согласия, благополучия и процветания, а великой Российской Федерации — дальнейшего развития и успехов во имя единства и мира! С праздником! С днём народного единства России! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции

161 views

Posted Nov 3

Вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ноҳияи мухтори Ханти-Мансий — Югра 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сургут, дар дафтари Созмони ҷамъиятии минтақавии «Диаспораи тоҷикон», вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ноҳияи мухтори Ханти-Мансий — Югра баргузор гардид. Дар вохӯрӣ беш аз 20 роҳбари ҷамъияти тоҷикон ширкат варзиданд, ки дар зери сарпарастии онҳо зиёда аз 60 нафар ихтиёриён ва фаъолон фаъолият доранд. Онҳо дар самтҳои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар соҳаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаи огоҳсозӣ ва эҳтиёт аз ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои шубҳаноки хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта мавриди муҳокима қарор гирифт. Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷриба баргузор гардида, ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, инчунин нигоҳ доштани иртибот бо Ватан — Тоҷикистони азиз таъкид намуданд.

144 views
12•••101112131415•••20•••30•••3940