Recent posts
Page 15 of 40 · 473 posts
Posted Oct 21
Дар бораи сабабҳои ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба Феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ) Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки мутобиқи қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда (ФШН) ба фаъолият оғоз намудааст. Ҳадафи асосии ин феҳрист — таъмини риояи қонунгузории муҳоҷират, пешгирии будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошад. 📊 Сабабҳои асосии воридшавӣ ба ФШН Тибқи маълумоти расмӣ, дар бештари ҳолатҳо ворид кардани маълумоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ФШН ба поёни муҳлати будубоши муваққатӣ вобаста аст. Яке аз сабабҳои маъмултарин — вайрон кардани қоидаи “90/365” мебошад. 📅 Муҳлати ниҳоии будубош Мутобиқи қоидаҳои нав, аз 1 январи соли 2025 муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, наметавонад аз 90 рӯз дар як соли тақвимӣ зиёд бошад. ⚙️ Механизми автоматикии назорат Айни замон дар низоми муҳоҷират механизми ҳисобу назорати автоматикии муҳлати будубош татбиқ гардидааст. Шаҳрвандоне, ки муҳлати иҷозатдодаи будубошро риоя намекунанд, ба таври худкор ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шомил мегарданд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки шумораи шахсони дорои мақоми ғайриқонунии муҳоҷират дар ҳудуди Федератсияи Россия ба ҳадди ақал расонида шавад. ❗Намояндагӣ аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, ки: • Қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро қатъиян риоя кунанд; • Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро сари вақт тамдид намоянд; • Дар қаламрави Россия тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ амал кунанд. ⚡Маълумоти хотимавӣ Ёдрас менамоем, ки Феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ) воситаи расмии назорати риояи қонунгузории муҳоҷират дар Федератсияи Россия мебошад. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубоши қонунӣ асос надоранд, ба таври ҳатмӣ ба ин феҳрист дохил карда мешаванд.
Posted Oct 20
*Мулоқот бо занони муҳоҷир дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон* 18 октябри соли ҷорӣ, дар доираи маҷмӯи чорабиниҳои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷониби масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие мулоқот бо занон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ, ҷанбаҳои муҳоҷират ва мутобиқшавии иҷтимоии занони муҳоҷир баррасӣ шуданд. Ба масъалаҳои дастгирии ҳуқуқӣ, шароити кор, таъмини амният ва ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирон диққати махсус дода шуд. Иштирокчиёни мулоқот зикр карданд, ки солҳои охир дар соҳаҳои гуногун — саноат, хизматрасонӣ, савдо ва маишӣ — дар корхонаҳои шаҳри Қазон ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тотористон фаъолият доранд. Занон таъкид намуданд, ки бо меҳнатдӯстӣ, масъулият ва интизомнокии худ саҳми арзандае дар рушди иқтисодиёти минтақа мегузоранд. Ғайр аз ин, ҳар яке аз онҳо дар ташкили муҳити оилавӣ, таҳкими арзишҳои хонаводагӣ ва боло бурдани мақоми занони тоҷик дар ҷомеа саҳм мегузоранд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаи мутобиқшавии фарҳангӣ ва иҷтимоии занони муҳоҷир низ баррасӣ гардид. Иштирокчиён қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Бошқирдистон муҳити дӯстона ва шароити мусоид барои ҳамгироии иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо фароҳам оварда шудааст. Масъули Намояндагӣ ба занон хотиррасон намуд, ки дар сурати ба миён омадани баҳсҳои меҳнатӣ, мушкилоти ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳои душвор, онҳо метавонанд барои гирифтани машварат ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд. Мулоқот дар фазои самимӣ ва дӯстона баргузор гардид. Ҳамаи иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифтанд ва барои таваҷҷӯҳу дастгирии доимии Намояндагӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
Posted Oct 17
17 октябри соли 2025 дар масҷиди марказии шаҳри Калуга вохӯрии кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба аҳамияти риояи қонунҳои кишвари иқомат, зарурати бастани шартномаи меҳнатӣ пеш аз оғози фаъолият, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва сари вақт пешниҳод намудани огоҳиномаҳо ба мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия маълумот дода шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки шаҳрвандон бояд аз ашхоси шубҳанок, ки кӯшиш мекунанд табақаҳои осебпазир, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд, эҳтиёт бошанд. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд ва аз ташкили вохӯрӣ ба кормандони Намояндагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Posted Oct 15
Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати логистикии “ПЭК” Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати “ПЭК”, ки дар самти ҳамлунақл дар Федератсияи Россия хизматрасонӣ менамояд, кормандони боркашонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва ва дигар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия даъват менамояд. Хароҷотҳои вобаста ба пешвоз, интиқол то маҳалли кор, хобгоҳ, бақайдгирӣ, маблағи моҳонаи патент ва либоси корӣ аз ҳисоби ширкат пардохт карда мешавад. Дар сурати надоштани маблағ барои хариди чиптаи ҳавопаймо, ширкат тамоми хароҷоти сафарро ба зима гирифта, баъдан 50 %-и маблағи чиптаи ҳавопаймо ва хароҷоти барасмиятдарории патентро аз корманд дар муддати то 6 моҳ аз маоши коргар нигоҳ медорад. Корманд пас аз ба маҳалли кор ҳозир шудан, то омода гардидани иҷозатномаи кориаш ба омӯзиш фаро гирифта шуда, хӯроки як моҳааш низ ройгон пешниҳод мегардад. Музди меҳнати кормандон дар ҳавзаҳо гуногун буда, вобаста ба ҳаҷми истеҳсолот аз 50 000 то 80 000 рублро ташкил медиҳад. Кори изофагие, ки пас аз анҷом намудани ҳаҷми муқарраргардидаи рӯзона иҷро шудааст, алоҳида ҳисобӣ шуда, пардохт мегардад. Ширкати мазкур яке аз машҳуртарин ва бузургтарин ширкати ҳамлунақл дар ФР ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҳавзаҳои федералии Россия намояндагиҳои худро дорад. Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: +79775507941 Аслонов Шерхон +79296036675 Абдуллаев Зафар
Posted Oct 14
14 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат Президенти Федератсияи Русия аз Сарвари давлати мо барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиашон ба Тоҷикистон изҳори сипос намуданд. Ҷонибҳо ҳамзамон ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд. 14 октября состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным. В ходе беседы Президент Российской Федерации поблагодарил Главу нашего государства за теплый приём и гостеприимство в ходе его государственного визита в Таджикистане. Стороны также обсудили отдельные аспекты, достигнутых в ходе визита договорённостей, наметили пути их дальнейшей реализации. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#СуҳбатиТелефонӣ#ТелефонныйРазговор#PhoneTalk#Русия#Россия#Russia#Путин#Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Oct 14
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ВА ЗЕРСОХТОРҲОИ ОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2025 Санаи 13 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи вазорат ҷаласаи васеи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ бо иштироки аъзои ҳайати мушовар, роҳбарони сохторҳои вазорат дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ баргузор гардид. Нахуст маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини вазир Норзода Ш. пешниҳод гардид. Сипас дар муҳокимаи масъала сардорони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, директорони муассисаҳои давлатӣ ва Марказҳои рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа посух дода, ҷиҳати тақвияти фаъолият дастур супоришҳо гирифтанд. Дар маҷлис масъалаҳои рафти иҷрои нақшаи дурнамои нишондиҳандаҳо дар давраи ҳисоботӣ, иҷрои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарогирии бештари аҳолӣ ба касбомӯзӣ, тақвияти фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, корбарӣ ҷиҳати таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон, назорати таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, пешигирии рух додани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026 ва дигар масъалаҳои самтҳои фаъолият баррасӣ ва муҳокима гардида, раиси маҷлис оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳо дар соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз натиҷаи баррасии масъала қарори дахлдор қабул ва протоколи маҷлис таҳия карда шуд.
Posted Oct 12
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон 12 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе бозгашт намуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олиқадрро самимона гусел намуданд. Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт. Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади аз ҳама муҳим — Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия буд, ки аз ҷониби сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба имзо расид. Тавофуқоти зиёди судманд, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе зимни ду ҳамоиши муҳими минтақавӣ ҳосил шуд. Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе ва мардуми шарифи кишвари мо таҳти сарварии Пешвои маҳбуби худ бори дигар собит намуданд, ки Тоҷикистон мулки сулҳу дӯстӣ, рушди ҳамкорию ҳамёрии судбахш ва сарзамини биҳиштосою меҳмоннавоз аст. Барои гусели меҳмони олиқадр — Президенти Федератсияи Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд. Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Posted Oct 10
10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба Қасри миллат ташриф оварданд. Пас аз ба ҳам омадани иштирокдорони ҷаласа, нахуст маросими аксбардории якҷояи сарони давлатҳо баргузор шуд. 10 октября во Дворце нации под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Совета глав государств Содружества Независимых Государств. Для участия в заседании Совета глав государств Содружества Независимых Государств в Дворец нации прибыли Президент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев, Премьер-министр Республики Армения Никол Пашинян, Президент Республики Беларусь Александр Лукашенко, Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев, Президент Кыргызской Республики Садыр Жапаров, Президент Российской Федерации Владимир Путин, Президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов, Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев и Генеральный секретарь Содружества Независимых Государств Сергей Лебедев. После прибытия участников заседания состоялась церемония совместного фотографирования глав государств. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Oct 9
Дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия имзо ва табодул карда шуданд. Аз ҷумла, Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ; - Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019 ба имзо расид.
Posted Oct 9
Пас аз маросими имзову табодули санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин нишасти матбуотӣ ороста, зимнан аз натиҷаҳои мулоқоти музокироти давлатии сатҳи олӣ изҳори қаноат намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нишаст, аз ҷумла изҳор доштанд, ки “гуфтугӯи мо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сатҳи баланди муносибатҳо миёни Тоҷикистону Русияро таъкид менамояд”. По завершении церемонии подписания и обмена документами Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон и Президент Российской Федерации уважаемый Владимир Путин провели пресс-конференцию, в ходе которой выразили удовлетворение результатами состоявшихся встреч и переговоров на высшем уровне. В начале пресс-конференции Глава нашего государства уважаемый Эмомали Рахмон, в частности, отметил: «Наш диалог в атмосфере взаимопонимания ещё раз подтверждает высокий уровень отношений между Таджикистаном и Россией». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#СафариДавлатӣ#ГосударственныйВизит#StateVisit#Русия#Россия#Russia#Путин#Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Oct 9
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия имзо ва табодул карда шуданд. Зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд. По итогам встреч и переговоров на высшем уровне прошла церемония подписания двусторонних документов, в ходе которой состоялись подписание и обмен 16 новыми межгосударственными, межправительственными и межведомственными документами. Под Совместным заявлением Президента Республики Таджикистан и Президента Российской Федерации об углублении отношений стратегического партнёрства и союзничества между Таджикистаном и Россией свои подписи поставили главы двух государств - уважаемый Эмомали Рахмон и уважаемый Владимир Путин. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#СафариДавлатӣ#ГосударственныйВизит#StateVisit#Русия#Россия#Russia#Путин#Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Posted Oct 9
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин 9 октябр дар ҳошияи чорабиниҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд. Ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентии ду кишвар зикр гардид. Ба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ ва нақши назарраси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин раванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд. www.majmilli.tj