TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,912Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 19 of 40 · 473 posts

Posted Sep 3

ДАР МОСКВА ВА ВИЛОЯТИ ОН ТАРТИБИ НАВИ ҚАЙДИ МУҲОҶИРАТӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷиратба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он муваққатан кор ва фаъолият доранд, мерасонад, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти он тартиби нави ба қайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, ҷорӣ карда мешавад. Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд вазифадоранд, ки худ ва аъзои оилаи худро бо тартиби нави қонунгузорӣ ба қайди зисти муваққатӣ гузоранд. Вобаста ба ин шаҳрвандонро лозим аст, ки ҷиҳати дарёфти маълумот оид ба масъалаи мазкур ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва “Сахарово” ё ба шӯъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намоянд. Мавриди зикр аст, ки аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии «Амина» барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он ҳатмӣ гардида, барномаи мазкур барои сабти маълумотҳои рақамии шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то давраи муайян дар шакли пешинаи ҳуҷҷатгузорӣ ҷойи зисти муваққатии худро ба қайд гирифтаанд, пас аз анҷоми ёфтани муҳлати қайди зист, тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро аз нав ба қайд мегиранд. Истифода накардани барномаи мазкур ва сабт накардани ҷойи зисти муваққатӣ тавассути ин барномаи мобилӣ, ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷиратӣ ҳисобида шуда, метавонад, боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Федератсияи Россия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо тавсия дода мешавад, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба шӯъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Россия муроҷиат намоянд.

221 views

Posted Sep 1

1 сентябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, доир ба натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд. Масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳамоишҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуд. 1 сентября состоялась встреча Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным. В ходе беседы стороны обсудили актуальные вопросы двусторонних отношений, обменялись мнениями по результатам состоявшегося саммита Шанхайской организации сотрудничества. В центре внимания были отдельные актуальные вопросы международной и региональной повестки. Лидеры двух государств, также рассмотрели вопросы предстоящих контактов на высшем уровне. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Русия#Россия#Russia#СҲШ#ШОС#SCO President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

183 views

Posted Sep 1

29 августи соли ҷорӣ дар масҷиди ҷомеи шаҳри Новосибирск, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохурӣ доир гардид. Вохурӣ вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия - Фармони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам, В.В Путин аз 30.12.2024 №1126, ки то 10-уми сентябри соли ҷорӣ имкон медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд будубоши худро қонунӣ гардонад. Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд. Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд. Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд, ба осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд. Вохурӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз ҳамватанон даъват гардид, ки барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва тамоми мушкилот бо намояндагонӣ расмӣ тамос гиранд.

175 views

Posted Sep 1

🛂 Дастурамал вобаста ба номнавишти муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 🛂 Қоидаҳои умумӣ • Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бидуни виза бо шиносномаи хориҷӣ ворид мешаванд. • Ҳангоми вуруд бояд корти муҳоҷиратӣ пур карда шавад. • Бақайдгирӣ дар ҷойи иқомат дар давоми 15 рӯзи корӣ баъд аз воридшавӣ. • Бақайдгирӣ аз ҷониби ҷонибҳои қабулкунанда анҷом дода мешавад: соҳибони манзил, меҳмонхона, корфармо ё ташкилоте, ки шаҳрвандро даъват кардааст. Категорияҳои иқомат ва бақайдгирӣ 🎓 Донишҷӯён • Ҷониби қабулкунанда: муассисаи таълимӣ ё иҷорадеҳи манзил. • Ҳуҷҷатҳо: o Шиноснома + корти муҳоҷиратӣ o Шартномаи таҳсил • Хусусият: бақайдгирӣ барои тамоми давраи таҳсил тамдид мешавад. 🌍 Сайёҳон • Ҷониби қабулкунанда: меҳмонхона ё ширкати сайёҳӣ. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ. • Давомнокии бақайдгирӣ: мувофиқи вақти будубош дар меҳмонхона. 👷 Кормандон • Ҷониби қабулкунанда: корфармо (ё иҷорадеҳ). • Ҳуҷҷатҳо: o Шиноснома + корти муҳоҷиратӣ o Шартномаи меҳнатӣ ё патент барои кор • Хусусият: бақайдгирӣ барои муҳлати патент/шартнома тамдид мешавад. 🏡 Меҳмонон (сафарҳои шахсӣ) • Ҷониби қабулкунанда: шаҳрвандони Россия ё хориҷӣ бо ҳуқуқи иқомат. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ. • Хусусият: соҳибхона аризаи омадани меҳмонро ба МФЦ ё тавассути «Госуслуги» пешниҳод мекунад. 🏥 Муолиҷа • Ҷониби қабулкунанда: муассисаи тиббӣ ё иҷорадеҳ. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ + шартнома барои муолиҷа/госпитализатсия. • Давомнокӣ: барои муҳлати муолиҷа, бо имкони тамдид. 📑 Ҳадафҳои хизматӣ • Ҷониби қабулкунанда: ташкилоте, ки шахсро ба сафар мефиристад. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ + номаи хизматӣ/фармони сафар. • Давомнокӣ: мувофиқи давраи сафар. Хизматрасониҳои рақамӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 📱 ruID • Низоми ягонаи шиносоии рақамӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ. • Барои тасдиқи шахсият онлайн ва гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешавад. • Имкониятҳо: o санҷиши ҳолати бақайдгирӣ; o дастрасӣ ба хизматрасониҳои ВКД ва МФЦ; o назорати муҳлати будубош. • Барои фаъолсозӣ: гузаштани шиносоӣ дар МФЦ ё шарикон (бонк, почта). Барномаи «Амина» • Махсус барои шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни виза ба Россия сафар мекунанд. • Имкониятҳо: o хотиррасонӣ оид ба муҳлати бақайдгирӣ ва тамдид; o дастурҳои онлайн барои категорияҳои гуногун (таҳсил, кор, муолиҷа ва ғ.); o хати гарм ва дастгирии ҳамватанон; o ҳамгироӣ бо ruID барои воридшавӣ. Тавсияҳо • Ҳангоми ворид шудан барномаи «Амина»-ро насб карда, бо ruID пайваст кунед. • Нусхаи рақамии шиноснома, корти муҳоҷиратӣ ва шартномаро дар барнома нигоҳ доред. Аз паёмҳои хотиррасон истифода баред, то муҳлатҳоро аз даст надиҳед. Ҷарима ва ҷавобгарӣ • Барои вайрон кардани муҳлати бақайдгирӣ — ҷарима аз 2 000 то 7 000 рубл (дар Москва ва Санкт-Петербург зиёдтар). • Барои вайронкунии такрорӣ мумкин аст берун кардани маҷбурӣ ва манъи воридшавӣ.

183 views

Posted Sep 1

Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар шаҳри Уфа 25 августи соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо ҳамраисони ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Маркази фарҳангии тоҷикон ба номи И.Сомонӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Сатторов Қодир Мухторович ва Буров Ҳакимджон Бегиджонович дар бозори Затони шаҳри Уфа бо ҳамватанону муҳоҷирон вохӯривӣ доир гардид. Дар вохӯри ба маълумоти муҳоҷирону ҳамватанон расонида шуд, ки ҳарчи зудтар ҳолати будубоши худро тибқи меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 танзим намоянд, зеро мӯҳлати амали Фармони болозикр то 10 сентябри соли 2025 мебошад. Инчунин, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанону фаъолонӣ бурунмарзӣ, ки дар бозори мазкур кору фаъолият менамоянд сӯҳбатҳо доир ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои шубҳаноки экстремисти ва ифротгарои баргузор гардид.

179 views

Posted Aug 29

ДАР МОСКВА ВА ВИЛОЯТИ ОН ТАРТИБИ НАВИ ҚАЙДИ МУҲОҶИРАТӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷиратба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он муваққатан кор ва фаъолият доранд, мерасонад, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти он тартиби нави ба қайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, ҷорӣ карда мешавад. Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд вазифадоранд, ки худ ва аъзои оилаи худро бо тартиби нави қонунгузорӣ ба қайди зисти муваққатӣ гузоранд. Вобаста ба ин шаҳрвандонро лозим аст, ки ҷиҳати дарёфти маълумот оид ба масъалаи мазкур ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва “Сахарово” ё ба шӯъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намоянд. Мавриди зикр аст, ки аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии «Амина» барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он ҳатмӣ гардида, барномаи мазкур барои сабти маълумотҳои рақамии шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то давраи муайян дар шакли пешинаи ҳуҷҷатгузорӣ ҷойи зисти муваққатии худро ба қайд гирифтаанд, пас аз анҷоми ёфтани муҳлати қайди зист, тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро аз нав ба қайд мегиранд. Истифода накардани барномаи мазкур ва сабт накардани ҷойи зисти муваққатӣ тавассути ин барномаи мобилӣ, ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷиратӣ ҳисобида шуда, метавонад, боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Федератсияи Россия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо тавсия дода мешавад, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба шӯъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Россия муроҷиат намоянд.

227 views

Posted Aug 28

Таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Москва Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои баладошёнаи шаҳри Москва ва фурудгоҳҳои шаҳри Москва, аз ҷумла фурудгоҳи Домодедово ва Внуково Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Ҳамчунин, бегоҳи рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар хиёбони Арбат ба ифтихори ин санаи фархунда Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

231 views

Posted Aug 28

НАФАРЕ, КИ БО КОРД БА КОРМАНДОНИ ПОЛИС ҲУҶУМ КАРД, ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ 27 августи соли 2025 дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабар ва навори видеоӣ дар хусуси ҳамлаи мусаллаҳонаи як нафар бо корд ба кормандони полис ва муқовимати мусаллаҳонаи ӯ ҳангоми дастгиркунӣ дар шоҳроҳи Шёлковскии шаҳри Москваи Федератсияи Россия паҳн гардид, гуё ки шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Ҳамзамон аз ахбороти нашршуда бармеояд, ки гӯё дастгиршуда қаблан ба кормандони полис ҳамла намуда, ба сӯи онҳо шишаи сӯзишвориии таркандаи «Коктейл молотов» доштаро партофтааст. Муайян карда шуд, ки дастгиршуда Кунҷумов Шерафган Муминҷонович, соли таваллудаш 1999, зодаи вилояти Саратов буда, шаҳрванди Федератсияи Россия мебошад. Тибқи маълумотҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ному насаби Кунҷумов Ш.М. ягон маротиба шиносномаи миллӣ ва ё хориҷӣ ба ӯ дода нашудааст, яъне шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад. Номбурда соли 2017 аз ҷониби Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Ӯ муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии ИТ-6 шаҳри Клинтси вилояти Брянск адо намуда, моҳи майи соли 2025 ба озодӣ баромадааст.

223 views

Posted Aug 28

Вохӯрӣ бо шаҳрвандонамон дар деҳаи Терновои шаҳри Кашира 27 августи соли ҷорӣ бо муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кашираи вилояти Москва вохӯрӣ баргузор гашт. Мақсади вохӯрӣ шинос шудани масъулини Намояндагӣ бо шароити меҳнату зист, риояи қонунгузории Россия ва пешгирӣ аз хатарҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ. Вохӯрӣ дар иншооти сохтмонии тозакунии оби деҳаи Терново баргузор гардид. Пудратчии генералӣ иншооти сохтмонӣ ширкати ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии ВИС», ки зиёда аз 10 сол дар соҳаи сохтмон фаъолият мекунад. Сармуҳандиси ширкат меҳнати муҳоҷирони тоҷикро баланд арзёбӣ карда, шароити мусоиди ширкатро барои онҳо таъкид намуд: пардохти боҷи патент, манзил, ғизо, расмиятдиҳӣ ва музди миёнаи 6–10 ҳазор рубл дар як рӯз. Дар вохӯрӣ масъалаҳои шартҳои меҳнат, қонунгузории муҳоҷират, чораҳои беҳдоштӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатӣ аз касалиҳои сироятӣ, инчунин ҳушдор аз ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои шубҳанок ва истифодаи эҳтиёткоронаи шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Қисмати саволу ҷавоб баргузор гардид, варақаҳои иттилоотӣ ва рақамҳои хатти доимӣ тақсим карда шуданд. Муҳоҷирон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ изҳори сипос карданд. Намояндагӣ минбаъд низ чунин вохӯриҳоро идома дода, муҳоҷиронро аз навгониҳои қонунгузорӣ ва чораҳои ҳифзи ҳуқуқу саломатӣ огоҳ хоҳад сохт.

244 views

Posted Aug 26

🛂 Дастурамал вобаста ба номнавишти муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 🛂 Қоидаҳои умумӣ • Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бидуни виза бо шиносномаи хориҷӣ ворид мешаванд. • Ҳангоми вуруд бояд корти муҳоҷиратӣ пур карда шавад. • Бақайдгирӣ дар ҷойи иқомат дар давоми 15 рӯзи корӣ баъд аз воридшавӣ. • Бақайдгирӣ аз ҷониби ҷонибҳои қабулкунанда анҷом дода мешавад: соҳибони манзил, меҳмонхона, корфармо ё ташкилоте, ки шаҳрвандро даъват кардааст. Категорияҳои иқомат ва бақайдгирӣ 🎓 Донишҷӯён • Ҷониби қабулкунанда: муассисаи таълимӣ ё иҷорадеҳи манзил. • Ҳуҷҷатҳо: o Шиноснома + корти муҳоҷиратӣ o Шартномаи таҳсил • Хусусият: бақайдгирӣ барои тамоми давраи таҳсил тамдид мешавад. 🌍 Сайёҳон • Ҷониби қабулкунанда: меҳмонхона ё ширкати сайёҳӣ. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ. • Давомнокии бақайдгирӣ: мувофиқи вақти будубош дар меҳмонхона. 👷 Кормандон • Ҷониби қабулкунанда: корфармо (ё иҷорадеҳ). • Ҳуҷҷатҳо: o Шиноснома + корти муҳоҷиратӣ o Шартномаи меҳнатӣ ё патент барои кор • Хусусият: бақайдгирӣ барои муҳлати патент/шартнома тамдид мешавад. 🏡 Меҳмонон (сафарҳои шахсӣ) • Ҷониби қабулкунанда: шаҳрвандони Россия ё хориҷӣ бо ҳуқуқи иқомат. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ. • Хусусият: соҳибхона аризаи омадани меҳмонро ба МФЦ ё тавассути «Госуслуги» пешниҳод мекунад. 🏥 Муолиҷа • Ҷониби қабулкунанда: муассисаи тиббӣ ё иҷорадеҳ. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ + шартнома барои муолиҷа/госпитализатсия. • Давомнокӣ: барои муҳлати муолиҷа, бо имкони тамдид. 📑 Ҳадафҳои хизматӣ • Ҷониби қабулкунанда: ташкилоте, ки шахсро ба сафар мефиристад. • Ҳуҷҷатҳо: шиноснома + корти муҳоҷиратӣ + номаи хизматӣ/фармони сафар. • Давомнокӣ: мувофиқи давраи сафар. Хизматрасониҳои рақамӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 📱 ruID • Низоми ягонаи шиносоии рақамӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ. • Барои тасдиқи шахсият онлайн ва гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешавад. • Имкониятҳо: o санҷиши ҳолати бақайдгирӣ; o дастрасӣ ба хизматрасониҳои ВКД ва МФЦ; o назорати муҳлати будубош. • Барои фаъолсозӣ: гузаштани шиносоӣ дар МФЦ ё шарикон (бонк, почта). Барномаи «Амина» • Махсус барои шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни виза ба Россия сафар мекунанд. • Имкониятҳо: o хотиррасонӣ оид ба муҳлати бақайдгирӣ ва тамдид; o дастурҳои онлайн барои категорияҳои гуногун (таҳсил, кор, муолиҷа ва ғ.); o хати гарм ва дастгирии ҳамватанон; o ҳамгироӣ бо ruID барои воридшавӣ. Тавсияҳо • Ҳангоми ворид шудан барномаи «Амина»-ро насб карда, бо ruID пайваст кунед. • Нусхаи рақамии шиноснома, корти муҳоҷиратӣ ва шартномаро дар барнома нигоҳ доред. Аз паёмҳои хотиррасон истифода баред, то муҳлатҳоро аз даст надиҳед. Ҷарима ва ҷавобгарӣ • Барои вайрон кардани муҳлати бақайдгирӣ — ҷарима аз 2 000 то 7 000 рубл (дар Москва ва Санкт-Петербург зиёдтар). • Барои вайронкунии такрорӣ мумкин аст берун кардани маҷбурӣ ва манъи воридшавӣ.

375 views

Posted Aug 25

Мулоқот оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва шароити меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 25 августи соли ҷорӣ вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва баргузор гардид. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати пудратии ҶДММ «Гарант-Проект» таҳти роҳбарии муҳандис Наҷмиддинов Шокир Қодирович фаъолият дошта, дар сохтмони бинои нави маъмурӣ, воқеъ дар шаҳри Москва, кӯчаи Стахановская, хонаи 22, сохтмони 2 фаъолияти меҳнатӣ доранд. Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои огоҳии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон дода шуд. Муҳоҷирон оид ба зарурати риояи ҳатмии қонунгузории Федератсияи Россия, қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷойҳои корӣ, инчунин меъёрҳои беҳдоштӣ, ки мустақиман ба ҳифзи саломатӣ таъсир мерасонанд, хотиррасон карда шуданд. Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ огоҳонида шуда, ба иштирокчиён хавфҳои эҳтимолии истифодаи манбаъҳои шубҳаноки интернетӣ шарҳ дода шуд ва онҳоро аз хатари ҷалб шудан ба гурӯҳҳои харобкор ва ташкилотҳои номатлуб ҳушдор гардонида шуданд. Кормандони Намояндагӣ ҳамчунин шароити кори муҳоҷиронро аз назар гузаронида, ба масъалаи иҷрои уҳдадориҳои корфармоён дар самти пардохти саривақтии музди меҳнат ва риояи дигар шартҳои шартномаи меҳнатӣ таваҷҷӯҳ карда шуд. Илова бар ин, шаҳрвандон оид ба аҳамияти бастани шартномаи меҳнатӣ пеш аз оғози фаъолияти корӣ маълумот гирифтанд. Кормандони Намояндагӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, пас аз понздаҳ рӯз ба анҷом мерасад. Дар робита ба ин, шаҳрвандон ба таври ҷиддӣ тавсия гирифтанд, ки масъалаҳои вобаста ба қонунии будубоши худ дар қаламрави кишварро дар фурсатҳои наздиктарин ҳал намоянд, то ки аз оқибатҳои ҳуқуқии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карда шавад. Дар рафти гуфтугӯ муҳоҷирон як қатор саволҳои амалӣ, аз ҷумла дар бораи хусусиятҳои истифодаи замимаи ruID, инчунин кори замимаи нави «Амина», ки оғози фаъолияташ аз 1 сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, матраҳ намуданд. Ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои муфассал дода шуда, иштирокчиён маслиҳатҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии марбут ба иқомат ва фаъолияти меҳнатии худ дар Федератсияи Россия гирифтанд. Дар вохӯрӣ инчунин таъкид гардид, ки дар сурати иҷро нашудани шартҳои шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, шаҳрвандон метавонанд ҳамеша ба Намояндагӣ муроҷиат намуда, кӯмаки ҳуқуқӣ ва мусоидат барои гирифтани музди меҳнат аз ҳисоби корфармоёнро дарёфт намоянд. Дар анҷом муҳоҷирони меҳнатӣ аз кормандони Намояндагӣ барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида, иттилооти муфид ва дастгирии расондан изҳори миннатдорӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро барои фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи худ дар кишвари қабулкунанда таъкид намуданд.

349 views

Posted Aug 21

Курсҳои онлайнии мутобиқшуда барои омӯзиши мустақили забони русӣ Намояндаӣ иттилоъ медиҳад, ки Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия бо мақсади омодагии шаҳрвандони хориҷӣ барои супоридани имтиҳони забони русӣ, маълумот дар бораи курсҳои онлайнии мутобиқшуда барои омӯзиши мустақили забони русӣ ва супоридани тести озмоиширо пешниҳод намудааст. Ин мавод барои шаҳрвандони хориҷие, ки ният доранд дар ҳудуди Федератсияи Русия машғули кори меҳнатӣ шаванд, пешбинӣ шудааст. Барномаҳои таълимӣ аз қисмҳои зерин иборатанд: 1. Курси онлайнии «Забони русӣ барои зиндагӣ ва кор» https://migrant.spbu.ru Ин курс 62 дарси видеоиро дар забони тоҷикӣ дар бар мегирад ва барои омӯзиши забони русӣ аз сатҳи ибтидоӣ то сатҳе, ки барои супоридани қисмати «Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» зарур аст, пешбинӣ шудааст. Сомона бо дастгоҳҳои мобилӣ мувофиқ аст. 2. Манбаи иттилоотию таълимии «Бо забони русӣ» https://main.narusskom.online/ Ин платформа маводи иттилоотиро дар забони тоҷикӣ пешниҳод мекунад, ки барои мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия мусоидат менамояд. Омӯзиш дар шакли мутобиқшаванда бо истифодаи зеҳни сунъӣ ва машқҳои интерактивӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла барои омодагӣ ба имтиҳон. 3. Пойгоҳи кушодаи саволҳо барои супоридани имтиҳони забони русӣ: https://inostr-exam.fipi.ru/xmodules/qprint/index.php Намунаҳои намоишӣ: Сатҳи 1 (https://doc.fipi.ru/inostr-exam/demo_level_1.zip) Сатҳи 2 (https://doc.fipi.ru/inostr-exam/demo_level_2.zip) Сатҳи 3 (https://doc.fipi.ru/inostr-exam/demo_level_3.zip) Гузаронидани имтиҳони санҷишӣ: https://gosuslugi.ru/legalwork/details/verify-edu Қобили қайд аст, ки ҳамаи ин манбаъҳо ройгон мебошанд ва метавонанд ҳамчун заминаи мустаҳкам барои омодагии босифат ба имтиҳони забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ истифода шаванд. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02 , +7 (988) 676-00-00 , +7 (966) 031-22-22 , +7 (936) 174-19-92 , +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 ; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53 ; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 ; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11 ; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 . 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97

322 views
12•••10•••1718192021•••30•••3940