Recent posts
Page 22 of 40 · 473 posts
Posted Jul 25
*Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин* 24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем”. *Телеграмма соболезнования Президенту Российской Федерации Владимиру Путину* 24 июля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил Президенту Российской Федерации уважаемому Владимиру Путину телеграмму соболезнования, в которой говорится: «Уважаемый Владимир Владимирович, С чувством глубокой скорби воспринял трагическое известие о человеческих жертвах в результате крушении пассажирского самолёта в Амурской области Российской Федерации. Выражаю наши искренние соболезнования и слова поддержки родным и близким погибших».
Posted Jul 24
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода прибыл в Горно-Алтайск для участия в международной экологической конференции Премьер-министр Республики Таджикистан Кохир Расулзода с официальным визитом прибыл в столицу Республики Алтай – город Горно-Алтайск. Делегацию Таджикистана во главе с премьер-министром тепло встретили в аэропорту Горно-Алтайска. По русской и алтайской традициям высоких гостей встретили хлебом-солью – символом гостеприимства и уважения. Премьер-министра лично приветствовал глава Республики Алтай Олег Хорохордин, который выразил радость по поводу визита таджикской делегации и подчеркнул важность укрепления межрегионального сотрудничества. В форуме принимают участие представители Армении, Беларуси, Казахстана, Кыргызстана, Туркменистана и Узбекистана. Ожидается, что в мероприятии также примет участие председатель Правительства Российской Федерации Михаил Мишустин. Конференция станет площадкой для обсуждения ключевых вопросов экологической политики, климатических изменений и совместных проектов в сфере зеленой экономики.
Posted Jul 23
Қаҳрамонии тоҷикон барои наҷоти ҷони дигарон!
Posted Jul 22
ҶАСОРАТИ ТОҶИКОН БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ ДИГАРОН 21 июли соли 2025 вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ: Зикиллоев Беҳрӯз Раҳматуллоевич, Саидов Исломҷон Исматуллоевич, Зикиллоев Фурқат Раҳматуллоевич, Шодиев Шаҳбоз Хайриддинович ва Достакзода Зафар Раҳматулло, ки 12 июли соли ҷорӣ дар обанбори шаҳри Истраи вилояти Москва ҷасорату далерӣ нишон дода, панҷ нафар аъзои як оиларо аз вартаи ғарқшавӣ наҷотдода буданд, баргузор гардид. Зимни вохури масъулини Намояндагӣ барои шуҷоату матонат, далериву ҷасурӣ, ҳисси баланди инсондӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, амалкарди онҳоро намунаи олии ибрат барои насли ҷавони кишвар номиданд. Зикр гардид, ки масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як нафар аст, ки дар ҳолати руҳ додани ҳодисаву воқеаҳои нохуш, ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои табиӣ ба дигарон дасти кумак дароз намуда, зарур аст, ки дар хориҷи кишвар бо амалҳои накукорӣ ва шуҷоату ҷавонмардӣ миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Мавриди зикр аст, ки дар Федератсияи Россия тоҷикон дар ҳолатҳои гуногуни сар задани ҳодисаҳои нохуш, офатҳои табиӣ шаҳрвандони кишвари иқоматро наҷот дода, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҷони худро аз даст додаанд. Шоистаи зикр аст, ки ёрӣ ва кӯмаки ҳамватанон дар Федератсияи Россия аз ҷониби сокинони маҳаллӣ хуб истиқбол гардида, аз ҷониби мақомоти давлатии кишвари иқомат бо сипоснома ва медалҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар анҷоми вохӯрӣ, барои ҷасорат ва қаҳрамонии шаҳрвандон Намояндагӣ ба онҳо изҳори миннатдорӣ баён намуда, бо сипоснома қадрдонӣ намуд.
Posted Jul 21
Вохурӣ бо ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск 21 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Москва, дар бинои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, вохурӣ бо ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Умаров Ёқубҷон Алуевич ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск баргузор гардид. Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия иқомат доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зарурати ташвиқу тарғиби доимии аҳамияти иштироки шаҳрвандон дар рушди ҳамаҷонибаи Ватан, анҷом додани корҳои пешгирикунанда миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва суханронӣ дар назди донишҷӯёни тоҷикистонӣ оид ба аҳамияти таҳсили босифат ва истифодаи дониш ба манфиати кишвар таъкид гардид. Масъалаи ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар вилояти Свердловск низ баррасӣ шуд. Дар ин замина аҳамияти нигоҳ доштани робитаи доимӣ бо Ватан – Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа зикр гардид. Ҳамчунин, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо дар кишварҳои иқомат зикр гардиданд. Вохурӣ дар фазои дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи созандаи таҷриба ҷиҳати корҳои машваратӣ ва тарғиби арзишҳои ватандустӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд, баргузор гардид.
Posted Jul 20
ТАВАҶҶӮҲ: ҲИФЗИ СОЛИМИИ ШАҲРВАНД - ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумот мерасонад, ки барои шаҳрвандонамон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, лозим аст, ки суғуртаи тиббиро ба даст оварда, мутазам саломатии худро санҷиш карда, ваъзи ҷисмонии худро солим нигоҳ доранд. Иттилоъ медиҳем, ки вақтҳои охир бемориҳои гуногуни сироятӣ дар гушаҳои гуногуни дунё хуруҷ намуда истода, ба вазъи саломатии ҳар як сокини сайёра хатар эҷод намуда, ҳолати эпидемиявиро ба вуҷуд оварда истодааст. Ҳифзи саломатии ҳар шаҳрванд воситаи ҳимояи ҷомеа аз хатару таҳдидҳои нави сироятӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории кишвари иқомат ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан дар Россия қарор дорад (аз ҷумла бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ), уҳдадор аст, ки яке аз ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад: ➡ полиси ихтиёрии суғуртаи тиббӣ (ДМС); ➡ шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои пулакии тиббӣ; ➡ полиси ҳатмии суғуртаи тиббӣ (ОМС). Полиси ДМС-ро, ки шаҳрвандони хориҷӣ имконияти дастрас кардан доранд, метавон дар ширкати суғуртавӣ ё тавассути портали “Хизматрасониҳои давлатӣ” (Госуслуги) ба расмият дароваранд. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи гирифтани полиси ДМС-ро доранд. Гирифтани полиси ДМС шартномавӣ буда, арзиши он вобаста ба барномаи суғуртавӣ аст, яъне он хизматрасониҳое, ки тибқи полис дастрас мегарданд. Шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои пулакии тиббӣ низ ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқ медиҳад, ки бар асоси шартҳо ва маблағи муайян, ки дар шартнома нишон дода шудаанд, аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода барад.
Posted Jul 19
Қайди зисти муваққатии кӯдакон: Вазифаи асосии волидайн Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандоне, ки бо аъзои оилаи худ дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, мерасонад, ки бақайдгирии ҷойи зисти муваққатии фарзанди ноболиғ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои буду боши расмии он ба уҳдаи волидайн буда, тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат нисбат ба ҳолати танзим нашудани раванди мазкур волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои буду бош ноболиғ ва наврасро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ ва миёнаи касбӣ барои таҳсил қабул накарда, хизматрасониҳои давлатии пулакӣ, иштирок дар лагерҳои тобистон, озмунҳои фаннӣ ва соҳавии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва федералӣ низ барояшон маҳдуд мегардад. Қоидаҳои асосии бақайдгирии кӯдакони ноболиғ дар кишвари иқомат: Волидайн ва ё намояндаи қонунии кӯдакони навзод ва навраси то синни 14 сола вазифадоранд, ки фарзандони худро дар манзилии истиқоматие, ки худ дар он зиндагӣ менамоянд, ба қайд бигиранд. Дар ҳолати дар ҷойи истиқоматии худ ба қайд нагирифтани кӯдакони ноболиғ волидайн метавонанд дар асоси боваринамо (доверность) бюа номи соҳибмулк дар дигар суроға кӯдаки ноболиғро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. Ҳуҷҷатҳои лозимаи кӯдаки ноболиғ барои бақайдгирӣ: 1. Шиносномаи хориҷии кӯдакӣ ноболиғ бо тарҷумаи ноториалӣ; 2. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдаки ноболиғ бо тарҷумаи ноториолӣ; 3. Паспорти волидайн бо тарҷумаи ноториолӣ; 4. ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрванди хориҷӣ, ки расман дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ дорад (патент, корти муҳоҷиратӣ, қайди муваққати зист); Усулҳои пешниҳоди хизматрасонӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ: Соҳибмулк метавонад тавассути портали хизматрасониҳои электронии «Госуслуги» шаҳрванди ноболиғи хориҷиро ба қайди муҳоҷиратӣ гузорад; Соҳибмулк метавонад бо яке аз волидайни кӯдаки ноболиғ ба шӯъбаҳои Раёсати муҳоҷиратии идораҳои ҳудудии МВД Россия муроҷиат намояд;
Posted Jul 18
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 14-уми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия доир гардид Имрӯз дар шаҳри Москва ҷаласаи 14-уми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гардид. Дар ҷаласа ҳайатҳои ҳар ду ҷониб таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев иштирок намуданд. Тибқи рӯзнома дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ, муҳоҷират ва мушкилоти ҳалталаби бахши мазкур, ҳамчунин мавзӯи ҳифзи аҳамияти таърихии 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Ҷонибҳо муҳиммияти густариши робитаҳои байнипарламентиро дар рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Россия таъкид намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд. Дар анҷоми ҷаласа нақшаи кори Комиссия барои солҳои 2025-2026 қабул ва масъалаҳои тадорукотии муколамаҳои оянда муайян карда шуд. www.majmilli.tj
Posted Jul 17
Барои чӣ бояд дар ruID сабти ном кард? Ҳамватанони азиз! Намояндагӣ хабар медиҳад, ки барои шаҳрвандон барномаи ruID аз 27 июни соли ҷорӣ дастрас гардид. Тавассути ruID шаҳрвандони кишварҳои бидуни виза метавонанд барои вуруд ба Россия ариза супоранд. Ин тартиб ҳамчун таҷриба то санаи 30 июни соли 2026 ҷорӣ мегардад. ❓ Барои чӣ бояд дар ruID сабти ном кард — Пешакӣ фаҳмидан мумкин аст, ки оё барои вуруд ба Россия мамнӯият вуҷуд дорад ё не. — Агар ҳадафи сафар — кор бошад, метавон Рақами суғуртавиро (СНИЛС) маҷозӣ ба расмият даровард. Маълумоти шумо ба таври худкор ба Бунёди иҷтимоӣ (СФР) фиристода мешавад. — Пас аз гузаштани сарҳад QR-рамз гирифта мешавад. Онро метавон ҳамчун ҳуҷҷати шахсӣ истифода бурд. Ба сабаби сабти ном нашудан дар ruID вуруд ба Россия манъ намешавад: ин тартиб ихтиёрӣ аст. 📆 Кай бояд ариза супорид На дертар аз 90 рӯз пеш аз сафар ва на дертар аз 3 рӯз пеш аз сафар. Дар ҳолатҳои фавқулодда аризаро метавон дар давоми 4 соат супорид. Масалан, агар хешованди шумо дар Россия ҷиддӣ бемор шавад. 📑 Чӣ гуна ариза супоридан лозим аст Барномаи ruID-ро аз App Store, RuStore ё Google Play боргирӣ кунед. Сабти ном намоед ё аз логин ва пароли Госуслуги худ истифода баред. Ҳадаф, муҳлат ва масири сафарро нишон диҳед. Агар кӯдакон ҳамроҳ бошанд — маълумоти онҳоро илова кунед. Биометрияро супоред — дар барнома акси худро гиред ва овози худро сабт намоед. Пас аз тасдиқи ариза, огоҳинома ба ҳисоби шахсии шумо меояд. 📌 Ба киҳо сабти ном дар ruID лозим нест: — Шаҳрвандони Беларус. — Кӯдакони то 6-сола. — Кормандони сафорату консулгариҳо. — Хориҷиёне, ки бо раводид меоянд. — Дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp). Намоянда дар минтақаи Сибир, шаҳри Новосибирск +7 (929) 388-54-11 Намоянда дар минтақаи Приволже, шаҳри Уфа +7 (926) 311-52-53 Намоянда дар минтақаи Ҷанубӣ, шаҳри Краснодар +7 (901) 344-77-77 Намоянда дар минтақаи Шимолу-ғарбӣ, ш. Санкт-Петербург +7 (977) 963-25-69 Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Jul 16
Диққат, ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошанд!!! Намояндагӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Аякс Инжиниринг» ба сохтмони иншооти маҷмааи газу химиявии Амур (МГХК) — Маҷмааи маъмурию истиқоматӣ/иҷтимоию маишии Шимолӣ (8315), ки дар суроғаи: вилояти Амур, ноҳияи Благовещенск, шаҳри Свободний ҷойгир аст, оғоз намудааст. Лоиҳа ба манфиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Маҷмааи газу химиявии Амур» (ҶДММ «Амурский ГХК»), ки ба гурӯҳи ширкатҳои СИБУР шомил аст, амалӣ мегардад. Амалисозии лоиҳа ба 2 марҳила тақсим карда шудааст, муҳлати умумии иҷрои корҳо аз 21.07.2025 то 31.12.2026 мебошад. Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа, ҶС «Аякс Инжиниринг» ба ҷалби кормандон ниёз дорад ва дар ҷустуҷӯи мутахассисони зерин мебошад: 1. Монолитчиён, маош аз 160000 рубл 2. Изолятсиягузарон, маош аз 150000 рубл 3. Хиштчинҳо, маош аз 160000 рубл 4. Андовачӣ ва рангзан, маош аз 150000 рубл 5. Коргарони умумӣ (ёрдамчиён), маош аз 130000 рубл Пардохти музди меҳнати кормандон ду маротиба дар як моҳ ба корти бонкӣ, ки дар доираи лоиҳаи маошӣ барои кормандон кушода мешавад, ба таври пурра анҷом дода мешавад. Ширкат иҷрои пурраи талаботи қонунгузории муҳоҷират ва меҳнати Федератсияи Россия, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат, фароҳам овардани шароити зист ва таъмини ғизои кормандонро кафолат медиҳад. Тамос барои иртибот: Директори техникӣ Малунцев Андрей Арутюнович +7 (925) 001-40-80 Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Jul 15
РАВАНДИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУ БОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 57 рӯзи дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02 , +7 (988) 676-00-00 , +7 (966) 031-22-22 , +7 (936) 174-19-92 , +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 ; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53 ; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 ; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11 ; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 . 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Jul 15
ВОХӮРИИ МУФИД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ПЕТРАЗАВОДСК Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ вохурӣ баргузор намуда, дар он зиёда аз 130 нафар зодагони Тоҷикистон иштирок намуда, ба онҳо маълумотҳои муфид дода шуд. Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаҳои тағийрот дар қонунгузории ФР, қонунигардонии мақоми будубоши шаҳрвандон дар кишвари иқомат, тартиби нави дохилшавии фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба мактабҳои миёнаи Россия, таблиғотии созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, махсусан ташвиқот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати худдорӣ аз мутолеаи саҳифаҳои ғайрирасмии паҳнкунандаи маводи ифротгароӣ, паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ ва дигар масъалаҳои марбут дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар асоси фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126 ва тағийру иловаҳо ба он аз 28 апрели соли 2025 раванди қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат то санаи 10 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад. Шаҳрвандоне, ки ғайрирасмӣ дар кишвари иқомат фаъолият доранд, имконият доранд, ки то санаи муайяншуда ҳуҷҷатҳои буду боши худро ба танзим дароварда, расман кору фаъолияти меҳнатӣ намоянд. Дар ин замина ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвар қабулкунандаи корӣ бо мақсади амнияти бехатарӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, нусхаи аслиашро дар худ нигоҳ доред. Ҳамзамон, даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ техникаи бехтарӣ, меърҳои муайяншудаи талаботи кории кишвари иқоматро риоя намуда, худ ва ҳамкоронатонро аз оқибатҳои нохуш дар истеҳсолот эмин нигоҳ доред. Ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар хориҷи кишвар барои иттилои саривақтии шаҳрвандон сомонаи расмии Намояндагӣ www.tajmigration.ru , саҳифаҳои расмии Намояндагӣ дар шабакаҳои иҷтимоии телеграмм https://t.me/predmintrud_rt_rf , инстаграм, фейсбук ва вконтакти https://vk.com/wall-206318028_23 фаъол мебошанд, ки шаҳрвандон тавассути линкҳои мазкур метавонанд даромада маълумотҳои муҳим ва саривақтиро дастрас намоянд. Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба масъулини Намояндагӣ саволҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дода шуда, ба саволҳои додашуда посухҳои мушаххас гардонида шуд.