Recent posts
Page 32 of 40 · 473 posts
Posted Mar 15
Телефонный разговор Владимира Путина, Александра Лукашенко, Эмомали Рахмона с Ильхамом Алиевым Проводящие совместную неформальную встречу Президент Российской Федерации Владимир Путин, Президент Республики Беларусь Александр Лукашенко и Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон связались по телефону с Президентом Азербайджанской Республики Ильхамом Алиевым. Состоялся тёплый, дружеский разговор, в ходе которого лидеры обсудили целый ряд актуальных вопросов дальнейшего развития межгосударственных отношений. Условлено встретиться 9 мая в Москве в ходе торжественных мероприятий, посвящённых 80-летию Победы в Великой Отечественной войне.
Posted Mar 15
ВОХӮРӢ БО МУҲОҶИРОН ДАР САМАРА БАРГУЗОР ШУД Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар масҷиди ҷомеи шаҳри Самара бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими шаҳри мазкур вохӯрии судманд намуданд. Дар вохӯрии мазкур, ҳамзамон, масъулини Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими муҳоҷиратӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Зимни баргузории мулоқот масъулин вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан, тартиби дарёфти ҷойи кори доимӣ, таъмини амнияти бехатари дар фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия кафолати фаъолияти меҳнатиро фароҳам оварда, имконият ва бехатарӣ дар фаъолияти меҳнатиро таъмин менамояд. Дар идомаи вохӯрӣ оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 иттилоъ дода шуда, зикр карда шуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки расман фаъолият намекунанд, имконият доранд, ки то 30 апрели соли 2025 расман худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта, дар қаламрави Федератсияи Россия расман кору фаъолият намоянд. Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар ва ба ин валиса баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Зикр гардид, ки шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44, ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд. Ба саволҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират, мушкилот дар самти фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб масъулини Намояндагӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.
Posted Mar 14
РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД, БА МИЁНАРАВҲО БОВАР НАКУНЕД!!! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки аз 26 октябри соли 2023 тағйирот ба Қонуни федералӣ аз 18 июни соли 2006, таҳти № 109 - ФЗ "Дар бораи номнавишти муҳоҷиратии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия" (Қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023, №156-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 20 ва 22 Қонуни федералӣ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”) ба ҳукми иҷро даромад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки бо соҳибмулк тавассути портали “Госуслуги” худро дар қайди муҳоҷиратӣ монанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштан дар қаламрави Федератсияи Россия ба миёнаравҳо бовар накарда, тавассути портали “Госуслуги” бо соҳибмулк фосилавӣ ба қайди муҳоҷиратӣ худро гузоранд. Дар ҳолати қайд надоштани соҳибмулк дар портали мазкур метавонанд ба мақомоти қабулкунандаҳои ҳуҷҷатҳои давлатӣ “Мои документы” ташриф оварда, ҳуҷҷатҳои худро расман ва қонунӣ ба қайд гиранд. Иттилоъ дода мешавад, ки вақтҳои охир дар қаламрави Федератсияи Россия гуруҳи миёнаравҳо дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро қайди муваққатии қалбакӣ омода намуда истодаанд, ки ваъзи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат зери хатар мемонанд. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
Posted Mar 10
АЗ ИНТИҚОЛИ АШЁҲО АЗ ДАСТИ ШАХСОНИ НОШИНОС ХУДДОРӢ НАМОЕД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия ё зимни бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳҳо аз дасти шахсони ношинос бағоҷҳои шахсони ношинос, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳое, ки таркибаш муайян нест, барои интиқол додан ба кишвари дигар қабул накунед. Инчунин ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони муқими кишвари иқомат расонида мешавад, ки ҳангоми сафар дар дохили Федератсияи Россия аз як вилоят ба вилояти дигар аз интиқоли бағоҷҳои шахсони ношинос худдорӣ намоед. Ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ, кӣ ба фаъолияти таксиронӣ, хизматрасонии интиқоли фармоиш (доставка) машғул ҳастанд, расонида мешавад, ки зимни қабули фармоиш аз фармоишгар ҳатман ашё ё баҷоғи интиқолшавандаро пурсон шавед, ки дар дохили он чӣ мавҷуд аст. Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз интиқоли ашёҳои иҷозаташон мамнуъ ва истифодаашон ғайриқонунӣ аз дасти шахсони ношинос худдорӣ намоед. Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат шаҳрвандонд метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
Posted Mar 10
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ТОЛЯТТИ Дар шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Россия вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва корманди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри мазкур таҳсил менамоянд баргузор гардид. Вохурии мазкур дар Хонаи дӯстии халқҳои шаҳри Толятти баргузор гардида, дар он ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, муҳоҷирати бехатар, риояи техникаи бехтарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот манзур карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон фароҳам омадааст, ки то 30 апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои будубоши худро ба расмият дароранд. Даъват ба амал оварда шуд, ки шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ надоранд метавонанд аз фурсати муносиб истифода намуда, то муҳлати муайншуда ҳуҷҷатҳои худро дар кишвари иқомат ба расмият дароранд. Дар вохӯрӣ, ҳамзамон, оид ба гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистқилолӣ суханронӣ намуда, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Зикр гардид, ки шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд. Ба саволҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират, мушкилот дар самти фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб масъулини Намояндагӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.
Posted Mar 7
ШОДБОШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР Бонувони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тамоми модарону хоҳарони азизро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамояд. Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст. Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯст бузург мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ дарстгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро дар меҳвари он қарор дода, таъкид менамоянд, ки “мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии занону бонувон бамаротиб зиёд гардида, занону бонувони фаъоли тоҷик дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маданиву фарҳангии кишвари азизамон сарбаландона ва содиқона хизмат намуда истодаанд. Бори дигар, ҳамаи шуморо бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба Шумо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоем. Ҷашн муборак бошад, бонувони азиз!
Posted Mar 7
РАВАНДИ ҚОНУНИГАРДОНИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат ғариқонунӣ фаъолият ва будубош доранд, метавонанд то санаи 30 апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд. Фармони мазкур имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд метавонанд ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филлиалҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоянд. Бепарво набошед, чун фурсати кам барои қонунигардонии вазъи ҳуқуқиатон мондааст. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44, ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
Posted Mar 5
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР НОВОСИБИРСК ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади расонидани иттилоот оид ба қонунгузории кишвари иқомат, риоя талаботҳои кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, ҷорӣ шудани меъёрҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Новосибирск «МИРА» вохурӣ намуд. Дар вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба тағийротҳои қонунгузории кишвари иқомат, риояи талаботҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, расман фаъолият намуданд дар кишвари иқомат иттилоъ дода шуда, ба саволҳо дар ин самт пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.
Posted Mar 3
БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД Дар масҷиди шаҳри Братски вилояти Иркутск бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ вобаста ба қонунигардонии шаҳрвандон дар кишвари иқомат вохӯрии масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират баргузор гардид. Зимни вохӯрии масъулини Намояндагӣ зарурати фаъолият дар доираи қонунгузории кишвари иқомат, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ фаҳмонида шуда, ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби шаҳрвандон посухҳои мушаххас гаронида шуд. Зикр гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ ҷиҳати гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 барои қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвари иқомат шароит фароҳам оварда, муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат будубош менамоянд, метавонанд, ки фаъолияти худро расмӣ намоянд. Ҳамзамон, зимни вохурӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихории миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароии динӣ ва экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд. Мулоқоту вохӯриҳои масъулини намояндагӣ дар дигар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба роҳ монда мешавад.
Posted Feb 28
ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони…
Posted Feb 28
ДАР ИРКУТСК БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотрасониро дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тақвият бахшида, ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағийрёбии қонунгузории кишвари иқомат бо усули “рӯ ба рӯ” корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзӯр карда истодааст. Вобаста ба ин масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Иркутск дар дар корхонаҳои хӯрду бузург фаъолият доранд, вохӯрии судманд доир намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар ва фаъолияти меҳнатии қонунӣ, талаботҳои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба шаҳрвандон дар ин самт тавсияҳои муфид дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ меъёрҳои қонунгузории кишварро риоя намуда, дар заминаи дастур ва меъёрҳои муайяншуда фаъолият намоянд. Дар рафти ин вохӯрӣ инчунин оид ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 иттилоъ дода шуда, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои расмӣ метавонанд ба мақомоти салоҳиятдори давлатии кишвари иқомат оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд. Дар ин замина, аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароии динӣ, террористиву экстремистӣ дурӣ ҷуста, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ва илмҳои замонавӣ машғул шаванд. Аз ҷониби шаҳрвандон ба масъулини намояндагӣ вобаста ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Posted Feb 27
ДАР НОВОСИБИРСК БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Новосибирск бо гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар корхонаи нонпазии ҶС “Хлебокомбинат Инской” фаъолият менамоянд, вохӯрии судманд доир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур зиёда аз 120 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намуда истодаанд, ки барояшон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Зимни мулоқот масъулини Намояндагӣ вобаста ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан ва ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба самъи иштирокчиёни вохӯрӣ расониданд. Зикр гардид, ки фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат барои ҳар шаҳрванди хориҷӣ кафолати меҳнатӣ дода, дар ҳолати сар задани ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот корфармо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои он тадбирҳо меандешанд. Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гуруҳҳои манфиатҷӯ ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китохонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд. Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандон вобаста ба самти муҳоҷират саволҳо пешниҳод гардида, масъулин ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас гардониданд.