TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach2,715Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 33 of 40 · 473 posts

Posted Feb 27

Рабочее совещание Посла Таджикистана с сотрудниками генеральных консульств и представительями министерств и ведомоств Республики Таджикистан в России 26 февраля 2025 года состоялось рабочее совещание Посла Республики Таджикистан в Российской Федерации Давлатшох Гулмахмадзода с сотрудниками генеральных консульств в городах Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа и представителями министерств и ведомоств Республики Таджикистан в России. https://mfa.tj/ru/moscow/view/16670/rabochee-soveshchanie-posla-tadzhikistana-s-sotrudnikami-generalnykh-konsulstv-i-predstavitelyami-ministerstv-i-vedomostv-respubliki-tadzhikistan-v-rossii

156 views

Posted Feb 27

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин http://tajmigration.ru/news/2358-su1203bati-telefonii-prezidenti-1206um1203urii-to1207ikiston-emomal1251-ra1203mon-bo-prezidenti-federatsiyai-rusiya-vladimir-putin.html

150 views

Posted Feb 26

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасанад, ки санаи 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд ба вакилони арзандаи худ дар шаҳри Москва дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Москва, гузаргоҳи Гранатний 13, (метро барикадная) дар участкаи интихоботӣ овоз диҳанд. Ҳамзамон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар шаҳри Санкт – Петербург дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург, дар шаҳри Новосибирск дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, дар шаҳри Уфа дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва дар шаҳри Екатеренбург дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбург ба номзадҳои худ овоз диҳанд. Иштирок дар интихобот масъулият ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат мебошад!

425 views

Posted Feb 25

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар дар Донишкадаи технологии Москва (MТИ) 25 феврали соли 2025 масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо ректори Донишкадаи технологии Москва (MТИ) Вепринсева Юлия Владимировна, инчунин бо донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишкада таҳсил мекунанд, мулоқот намуданд. Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Пас аз анҷоми мулоқот бо ректор, суҳбат бо донишҷӯёни тоҷик доир гардид. Масъулини Сафорат мақсад аз баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир андеша намуд. Масъулини Намояндагӣ вобаста ба тағйиротҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва риоя намудани талаботҳои он, омӯзиши забону фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллии кишвари иқомат, роҳҳои паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни шаҳрвандон, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз гуруҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ, самаранок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон дар хориҷи кишвар суханронӣ намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.

180 views

Posted Feb 23

РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!

155 views

Posted Feb 22

ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ҳамдиёрони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоем. Ин рӯз барои мардуми шарафманди мо рӯзи қудрат ва тавоноии давлати тоҷикон, муҳаббат ва садоқат ба Ватани худ, қобилияти ҳифз ва пуштибонии оилаҳояшро ифода мекунад. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи сулҳу субот намоем ва дар обод намудани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Бори дигар Шуморо ба ифтихори ҷашни 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзумандем. Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад. Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

199 views

Posted Feb 22

http://tajmigration.ru/news/2341-suhanronii-prezidenti-1206um1203urii-to1207ikiston-mu1203taram-emomal1251-ra1203mon-dar-paradi-1203arb1251-ba-munosibati-32-solagii-tasisebii-1178uvva1203oi-musalla1203.html

504 views

Posted Feb 19

Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арманистон Гевондян Армен Вачикович, Босния ва Гертсеговина Нияз Чардаклия, Малайзия Илҳам Туа бин Иллиас, Подшоҳии Испания Луис Франсиско Мартинес Монтес, Давлати Исроил Гидеон Лустиг, Ҷумҳурии Словения хонум Аленка Сухадолник, Ҷумҳурии Чехия Любомир Фреборт ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Ҷамол Боқир Абдулло эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#сафирон#послы#Ambassadors President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

218 views

Posted Feb 19

http://tajmigration.ru/news/2332-voh1263r1251-bo-muovini-ro1203bari-dastgo1203i-korii-vakolatdor-oid-ba-1203u1179u1179i-inson-dar-rossiya.html

182 views

Posted Feb 19

Вохӯрӣ бо муовини роҳбари Дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия 18 феврали соли 2025 вохӯрии роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия - Азимӣ Д.А., дар якҷоягӣ бо масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Футо Сергей Романович - муовини роҳбари дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Намояндагӣ омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар рушди ҳамкориҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак изҳор намуд. Муовини роҳбари дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия изҳор дошт, ки барои ҳалли масоили марбут ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, мусоидат хоҳад кард. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

198 views

Posted Feb 19

ДАР МОСКВА БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Москва бо гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир намуданд. Зимни мулоқот масъулини Намояндагӣ вобаста ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан ва ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба самъи иштирокчиён вохӯрӣ расониданд. Зикр гардид, ки фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат барои ҳар шаҳрванди хориҷӣ кафолати меҳнатӣ дода, дар ҳолати сар задани ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот корфармо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои он тадбирҳо меандешанд. Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гуруҳҳои манфиатҷу ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китохонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд. Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Инчунин ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки санаи 2 марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар шаҳри Москва дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки иштироки ҳар шаҳрванд масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ҷониби шаҳрвандон вобаста ба самти муҳоҷират саволҳо пешниҳод гардида, масъулин ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас гардониданд.

166 views

Posted Feb 18

ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нижний Новгород масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамроҳ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин ва директори департаменти равобити хориҷии Палата Олга Акимова мулоқот намуданд. http://tajmigration.ru/news/2327-1206albi-mutashakkilonai-mu1202o1206ironi-me1202nat1250-ba-viloyati-nizhniy-novgorod-barras1250-gardid.html

182 views
12•••10•••20•••303132333435•••3940