Recent posts
Page 34 of 40 · 473 posts
Posted Feb 17
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ШАҲРВАНДОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД Бо ташаббуси Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Росссия мулоқот бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла соҳибкорони бурунмарзӣ, табибон, варзишгарон, донишҷӯёни фаъол, магистрантон ва аспирантон, ки дар риштаҳои гуногуни илм таҳсил менамоянд ва ҳамватанони муқимии вилояти мазкур иштироки фаъолона намуданд. Зимни вохӯрӣ нахуст Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич аз ғамхории ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад. Изҳор гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити дӯстона ва шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дошта, робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар тамоми соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Масъулини Намояндагӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, риоя намудани талаботҳои қонунгузории ФР, расман фаъолият намуданд, омӯзиши забону фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллии кишвари иқомат, роҳҳои паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз гуруҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ, самаранок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон дар хориҷи кишвар суханронӣ намуд. Дар идомаи вохӯрӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳр дода шуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки то 30 апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои будубоши худро ба тартиб дароварда, расман дар қаламрави кишвари иқомат кору фаъолият намоянд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани савол метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: +7 (495) 967-98-44 ; “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Намояндагӣ роҳбари Ташкилоти чамъиятии тоҷикони вилояти Нижний Новгород “Умед” Муминов Зафар барои ҳамкориҳои мутақобиланд судманд бо сипосномаи Намояндагӣ сарфароз гардонида шуд.
Posted Feb 17
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР «Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем,ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем». Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба мушкилоти рӯзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу суботи ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз, 16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди Терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии ин қонун аз он иборат аст, ки тадбиқ ва пурзӯрнамоии сиёсати давлатӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳуқуқу муносибатҳо танзим карда шавад. Дар айни замон фаъолияти созмонҳо, гурўҳҳои террористӣ васеъ шуда истодааст, ки ин хатари ҷиддии рӯзмарра мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз суханронии хеш қайд намуда буданд: «Терроризм ва эксремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли онҳо гувоҳ аст, ки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст». Таҳқиқи падидаи экстремизм ва махсусан терроризм бисёр мушкил аст, вале маълум аст,ки терроризм ва экстремизм ин як зуҳуроти манфии умумӣ, моҷароҷўӣ, зуроварӣ ва хушунат аст. Маъмулан террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зуроварӣ (ба фикри онҳо зуроварӣ ин ба даст овардани ҳақу ҳуқуқ) аст. http://tajmigration.ru/news/2320-terrorizm-va-ekstremizm-padida1202oi-nomatlub-dar-1206omeai-muosir.html
Posted Feb 14
САНҶИШ ДАР ФЕҲРИСТИ ШАХСОНИ НАЗОРАТШАВАНДА ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Posted Feb 14
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун рукни муҳим ва яке аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дар марҳилаи навтарин мавриди қабул қарор гирифтааст. Баргузории он ҳамеша боиси таваҷҷуҳи сокинони мамлакат, мақомоти давлатию идорӣ, аҳли илму маориф ва фарҳанг мебошад. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷомеаи мамлакат ҳамеша чун ҷамъбасти дастовардҳо, корҳои ба анҷом расида дар соли пешин ва дастуру раҳнамоиҳо барои соли нав ва ё марҳилаи навбатии рушди давлати соҳибистиқлол қабул карда мешавад. -Сокинони мамлакат Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, зиёд мунтазир буданд ва баргузории онро бо руҳбаландию иродатмандии хуб пешвоз гирифтанд. Фараҳбахш боз он аст, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Парлумон, ки бо ҳунари волои меъморӣ дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфта, ба симои пойтахти давлати тоҷикон шаҳомати нав эҳдо намуд, баргузор шуд.http://tajmigration.ru/news/2308-zindagii-shoistai-sokinon-1202adafi-olii-davlat-va-1202ukumati-to1206ikiston.html
Posted Feb 14
Вниманию граждан РеспубликиТаджикистан Выборы депутатов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Посольство Республики Таджикистан в Российской Федерации доводит до сведения граждан Республики Таджикистан проживающих на территории Российской Федерации, что выборы депутатов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан состоятся 2 марта 2025 года с 06:00 до 18:00 по местному времени в здании Посольства по адресу город Москва, станция метро Баррикадная, Гранатный переулок 13. В связи с этим граждане Республики Таджикистан, достигшие 18-летнего возраста к моменту избрания, приглашаются для участия в выборах. Гражданам страны для участия в голосовании необходимо при себе иметь паспорт Республики Таджикистан. Тел: 8(495)690-41-86
Posted Feb 14
ИНТИХОБОТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА Яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Тавре, ки натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, таҳлили адабиёти махсуси таълимӣ ва рисолаҳои арзишманди илмӣ шаҳодат медиҳанд, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосӣ ва муҳимтарини интихобот аз қонунӣ гардонидани ҳокимияти мавҷуда иборат мебошад. Бо роҳи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. http://tajmigration.ru/news/2307-intihobot-va-na1178shi-on-dar-rushdi-1206omea.html
Posted Feb 13
Омодагии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа барои баргузории интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд 12 феврал бо мақсади омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти видеоии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни нишаст масъалаҳои тадорукотии марбут ба омодагӣ барои ташкил ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аҳамияти муҳимми ин маъракаи сиёсӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани он ба таври хосса таъкид карда шуд. Бояд гуфт, ки бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони мамлакат бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хориҷи мамлакат дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
Posted Feb 13
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА 13 феврали соли 2025 вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи сохтмонии ҶДММ “КМ ГРУПП” доир гардид. Зимни вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ оид ба шарҳи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 вобаста ба қонунигардонии вазъи будубош, тағйиротҳои қонунгузории кишвари иқомат, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки дар кишвари иқомат талаботи қонунгузориро риоя намуда, расман кору фаъолият намоянд. Инчунин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд. Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ шаҳрвандон вобаста ба тағийрёбии қонунгузории кишвари иқомат ва мушкилоти хеш саволҳо дода шуда, ба онҳо аз ҷониби кормандони Намояндагӣ ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Posted Feb 13
Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по вопросам миграции сообщает, что с 5 февраля текущего года начал функционировать реестр контролируемых лиц. В настоящее время он функционирует на базе официального сайта МВД России и на Едином портале государственных и муниципальных услуг. Проверить информацию о включении в реестр может бесплатно любой человек через специальную интерактивную форму. Услуга предоставляется только на двух ресурсах по ссылкам: мвд.рф/rkl и gosuslugi.ru/655781/1/form?_=1739004601525. В реестре содержатся сведения об иностранных гражданах, утративших законные основания для пребывания в России. Это те лица, которые находятся в России более трех месяцев без патента, разрешения на работу, разрешения на временное проживание, вида на жительство. Иностранный гражданин и лицо без гражданства включаются в реестр и в тех случаях, когда перечисленные разрешительные документы или правовые статусы были аннулированы. Также основанием для внесения сведений в список контролируемых лиц является вступление в силу обвинительного приговора суда, принятое решение о выдворении, депортации, нежелательности пребывания, неразрешении въезда и прекращении гражданства. База данных обновляется каждые четыре часа. С момента запуска реестра граждане и организации через онлайн-сервисы МВД России и госуслуг уже провели более 688 тысяч проверок в отношении иностранцев. 592 663 из них находятся в России законно, 95 608 – незаконно. Работодателям и работникам сферы услуг, в том числе образовательных, важно помнить, что прежде чем оказать услугу иностранному гражданину либо рассмотреть вопрос о его трудоустройстве, необходимо ознакомиться с информацией о заказчике или потенциальном работнике. За оказание услуг людям, включенным в реестр контролируемых лиц, предусмотрено административное наказание. По вопросам, связанным с включением в реестр, иностранный гражданин может обратиться в подразделения по вопросам миграции территориальных органов МВД России, филиалы ФГУП «ПВС» МВД России и ГБУ г. Москвы ММЦ «Сахарово», а также по телефону «горячей линии» ФГУП «ПВС» МВД России: 8-800-200-52-09. По 30 апреля 2025 года каждый иностранный гражданин, допустивший нарушение режима пребывания, обязан для урегулирования своего правового положения явиться в территориальный орган МВД России или обратиться в филиал ФГУП «ПВС» МВД России либо ГБУ г. Москвы ММЦ «Сахарово». В соответствии с Указом Президента Российской Федерации от 30 декабря 2024 г. Nº 1126 в отношении таких лиц не будут применяться меры, связанные с высылкой, помещением в специальные учреждения, а также с запретом на въезд. Те иностранные граждане и лица без гражданства, которые урегулировали свой правовой статус, исключаются из реестра контролируемых лиц.
Posted Feb 13
ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагӣ +7(495)9679844 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд. Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд. Инчунин вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа пусух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд. Дар ин замина, Намояндагӣ телефонҳои кории иловагиро вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳавзаҳои федералии Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки ҳар шаҳрванд метавонад вобаста ба вақти корӣ ба рақамҳои дар зеровардашуда дар тамос шаванд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Posted Feb 12
САНҶИШ ДАР ФЕҲРИСТИ ШАХСОНИ НАЗОРАТШАВАНДА ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда дар қаламрави кишвари иқомат ба фаъолият оғоз намуд. Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷойгир буда, ҳар шаҳрванд вобаста ба муйаян намудани вазъи ҳуқуқии худ метавонад тавассути линки мазкур ваъзияти буду боши худро дар қаламрави Федератсияи Россия муайян намояд. https://мвд.рф/rkl Шаҳрвандони хориҷие, ки дар портали худхизматрасонии “Хизматрасониҳои давлатӣ” (госуслуги) ҳуҷраи шахсӣ доранд, онҳо низ метавонанд тавассути барномаи мазкур вазъи ҳуқуқии будубоши худро санҷиш намоянд. http://gosuslugi.ru/655781/1/form?_=1739004601525 Мавриди зикр аст, ки ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар кишвари иқомат фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави кишвари иқомат содир намудаанд. Аз 5 ферал то инҷониб зиёда аз 688 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Феҳристи шахсони назоратшаванда вазъи худро санҷиш намудаанд. Айни замон, тибқи иттилои мақомоти марбутаи кишвари иқомат аз ин шумора 592663 нафар дар кишвари иқомат қонунӣ фаъолият дошта, 95608 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки агар ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат фаъолият доред ё имкони тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмиро надоштед ва дар ин самт ҳамеша мушкилӣ пеш меомад, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошатонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоед. Вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филлиалҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Posted Feb 6