TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach8,021Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 7 of 40 · 473 posts

Posted Jan 27

ИСТИФОДА ВА ИНТИҚОЛИ ҲАЗОРИСПАНД ДАР РОССИЯ ҶИНОЯТ МАҲСУБ МЕЁБАД. Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар Федератсияи Россия истифода ва интиқоли растании гармала (исирик, ҳазориспанд) қатъиян манъ мебошад. Гармала (ҳазориспанд) ва моддаи фаъоли он — гармин — мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба моддаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд. Ворид кардан, харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фурӯхтан, истифода бурдан ва тарғиб намудани гармала манъ аст. Барои гардиш ва истифодаи ғайриқонунии гармала тибқи моддаҳои 6.8 ва 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР, инчунин моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии ФР, ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ — ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва дар ҳолатҳои вазнин — маҳрумият аз озодӣ то ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст. Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонунҳои Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд.

1,020 views

Posted Jan 27

ТАВСИЯИ МУФИД БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ -ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирати меҳнатии самаранок ва бехатар ба диққати Шумо маълумоти мазкурро пешкаш мекунад. Шумо ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, дар рушди иқтисоди ҳам кишвари иқомат ва ҳам Ватани худ саҳми назаррас мегузоред. Ҳар яки Шумо захираи арзишманд буда, дорои имкониятҳои бузург барои рушди шахсӣ ва касбӣ ҳастед, инчунин саробони оилаҳои худ дар Ватан ба ҳисоб меравед. Риояи қатъии ҳамаи меъёрҳо ва тавсияҳо шарти асосии будубоши бехатару муваффақ дар кишвари иқомат, ҳифзи саломатӣ, обрӯ ва имконияти идомаи фаъолияти меҳнатии Шумо мебошад. Мо Шуморо ба риояи қатъии тавсияҳои зерин даъват менамоем: 1. Риояи қонунҳои кишвари иқомат Ҳамеша қонунгузории маҳаллиро эҳтиром ва риоя намоед, аз ҷумла қоидаҳои будубош, шартномаи меҳнатӣ, меъёрҳои муҳоҷират ва тартиботи ҷамъиятӣ. Вайрон намудани қонунҳо метавонад боиси ихроҷ (депортатсия), ҷарима ё дигар чораҳои ҳуқуқӣ гардад, ки ба будубоши Шумо ва имконияти сафарҳои минбаъда таъсири манфӣ мерасонад. Қоидаҳои маҳаллиро пешакӣ омӯзед: бо талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои бақайдгирӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ шинос шавед. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба намояндагиҳои расмӣ ё муассисаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. 2. Худдорӣ аз нигоҳ доштан ё истифода бурдани ашё ва асбобҳои шубҳанок Қатъиян аз гирифтан ё истифода бурдани ҳар гуна ашё, асбоб ё таҷҳизоти шубҳанок, ки метавонанд ҳамчун силоҳи сард арзёбӣ шаванд (масалан, корд, асбобҳои дорои канори тез, ашёи металлӣ), худдорӣ намоед. Ҳатто агар Шумо онҳоро безарар ҳисобед ҳам, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд онҳоро ҳамчун ашёи эҳтимолан хатарнок қабул намоянд. Дар хотир доред, ки истифодаи чунин ашё метавонад боиси боздошт, таъқиби судӣ ва хориҷкунӣ аз кишвар гардад. Танҳо асбобҳои заруриро дар доираи фаъолияти касбии худ истифода бурда, онҳоро мувофиқи меъёрҳои маҳаллӣ нигоҳ доред. 3. Ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятиву-вирусӣ Ба саломатии худ ғамхорӣ намоед: мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаред, қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед, ғизои дуруст истеъмол намуда, истироҳати кофӣ гиред. Дар ҳолати бад шудани ҳолати саломатӣ ба табибони соҳибихтисос муроҷиат намуда, аз худтабобатӣ худдорӣ намоед. Чораҳои муҳофизат аз бемориҳои вирусиро риоя кунед: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳангоми зарурат ниқоб пӯшед, дар давраи эпидемия бемориҳои сироятӣ аз ҷамъомадҳои серодам худдорӣ намоед, мувофиқи тавсияҳои мақомоти маҳаллии тандурустӣ эмгузаронӣ намоед. Ин чораҳо на танҳо Шуморо, балки ҳамкорон ва аъзои оилаатонро низ ҳифз менамоянд. 4. Рад намудани ҷалб ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор Қатъиян аз ҳар гуна шакли ҷалб ё шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор, ташкилотҳои экстремистӣ ё иттиҳодияҳои ғайриқонунӣ даст кашед. Чунин амалҳо на танҳо қонунро вайрон мекунанд, балки ҳаёт, озодӣ ва обрӯи Шуморо зери хатар мегузоранд. Ҳушёр бошед: ба ваъдаҳои даромади осон ё нуфуз дода нашавед, аз робитаҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Дар сурати кӯшиши ҷалб шудан, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат ё ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия хабар диҳед. Дар хотир доред, ки муҳоҷирати муваффақонаи Шумо саҳм дар шукуфоии Ватан ва оилаи Шумо мебошад. Бо риояи ин меъёрҳо Шумо барои худ субот фароҳам оварда, оилаҳои худро ҳифз намуда ва ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат мекунед. Дар ҳолати зарурат метавонед барои кӯмак ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

879 views

Posted Jan 24

Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия 23 январи соли 2026 ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорат баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир шуда, дар кори он консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва дигар ҳамватанони муқим иштирок карданд. Зимни суханронии хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки нақши аъзои Шуро, созмонҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳанги тоҷикистониён дар таҳкими ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, мусоидат ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, ҳамватанони бурунмарзӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои милливу давлатӣ, фарҳангию таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихории миллӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия зиёд аст. Зимнан аз аъзои Шурои ҷамъияти назди Сафорат ва ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияташонро дар минтақаҳои будубош тақвият дода, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвифқи ҳайёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон кӯшиш намоянд. Ҳамзамон аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъол бошанд. Дар фарҷом фаъолони Шурои ҷамъиятии назди Сафорат бо сипосномаҳо қадрдони гардиданд. https://mfa.tj/tg/moscow/view/18124/jalasai-shuroi-jamiyatii-nazdi-saforati-tojikiston-dar-rossiya ————- Заседание Общественного совета при Посольстве Таджикистана в России 23 января 2026 года состоялось заседание Общественного совета при Посольстве. Заседание проходило под председательством Посла Давлатшох Гулмахмадзода, в работе которого приняли участие генеральные консулы Таджикистана в регионах России, представители министерств и ведомств Республики Таджикистан в стране пребывания, руководители и представители таджикских общественных объединений в России, активисты общественных движений, а также представители интеллигенции и другие соотечественники. В ходе своего выступления глава Дипломатической миссии пояснил ключевые моменты послания Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан «Об основных направлениях внутренней и внешней политики страны». Было подчеркнуто, что роль членов Совета, общественных организаций и центров таджикских культур является значительной в укреплении сотрудничества между учреждениями Республики Таджикистан и Российской Федерации, оказание содействии и решение проблем граждан, соотечественников за рубежом, достойное представление национальных, государственных, культурных и исторических ценностей, а также воспитание чувства патриотизма и национальной гордости. При этом членам Общественного совета при Посольстве и присутствующим было предложено усилить свою деятельность в регионах пребывания и стремиться воспитывать подрастающее поколение в духе уважения к национальным ценностям, патриотизме, здорового образа жизни, самопознания и трудолюбивия, а также борьбе с экстремизмом и терроризмом, предотвращении вовлечения молодёжи в экстремистские партии и группы. В завершение активисты Общественного совета при Посольстве были награждены благодарственными грамотами. https://mfa.tj/ru/moscow/view/18124/jalasai-shuroi-jamiyatii-nazdi-saforati-tojikiston-dar-rossiya

818 views

Posted Jan 24

Табрикнома бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Табрикоти Намояндагӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамасола 25 январ таҷлил мегардад, самимона табрик менамояд. Дар ин рӯз ба ҳамаи мутахассисони соҳа барои касбияти баланд, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзандаашон дар татбиқи сиёсати давлатии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ изҳори сипос карда мешавад. Фаъолияти кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Меҳнати ҳаррӯзаи онҳо сазовори эҳтиром ва қадрдонӣ мебошад. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҳамаи кормандони соҳа саломатии бардавом, рӯзгори обод, муваффақиятҳои касбӣ, дастовардҳои нав ва эътимод ба фардои дурахшон орзу менамояд. Поздравление по случаю Дня работников сферы труда и социальной защиты населения (Поздравление Представительства, приуроченное ко Дню работников сферы труда и социальной защиты населения) Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет работников сферы труда и социальной защиты населения с профессиональным праздником — Днём работников сферы труда и социальной защиты населения, который ежегодно отмечается 25 января. В этот день всем специалистам отрасли выражается искренняя благодарность за высокий профессионализм, ответственность и достойный вклад в реализацию государственной социальной политики, защиту трудовых прав граждан и поддержку уязвимых слоёв населения. Деятельность работников сферы труда и социальной защиты имеет исключительно важное значение для обеспечения социальной стабильности и устойчивого развития общества. Их ежедневный труд заслуживает глубокого уважения и признательности. Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции желает всем работникам отрасли крепкого здоровья, благополучия, профессиональных успехов, новых достижений и уверенности в светлом будущем.

470 views

Posted Jan 22

20 январи соли 2026 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Холназар Ғоиб бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова баргузор гардид. Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон оид ба шароити иқомату фаъолияти меҳнатӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Свердловск табодули афкор намуданд. 20 января 2026 года состоялась встреча Генерального консула Республики Таджикистан в городе Екатеринбурге Российской Федерации Гоиб Холназара с уполномоченным по правам человека Свердловской области Татьяной Мерзляковой. В ходе встречи были обсуждены вопросы, касающиеся условия пребывания и трудовой деятельности, а также обеспечения защиты прав граждан Республики Таджикистан в Свердловской области.

556 views

Posted Jan 19

Афзоиши арзиши патент дар Федератсияи Россия аз 1 январи 2026 Намояндагӣ ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2026 дар ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия тағйир меёбад. Патент — ҳуҷҷате мебошад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои бебаргардонӣ (беравод) — аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон — ҳақ медиҳад, ки дар Россия фаъолият намоянд. Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, он дар ҳама ҷо аз се унсур вобаста аст: меъёри асосӣ (1 200 рубл — бетағйир), коэффитсиенти дефлятсионӣ (дар соли 2026 ба андозаи 2,842 муқаррар шудааст) ва коэффитсиенти минтақавӣ, ки ҳар сол аз ҷониби ҳар як субъект мустақилона муайян карда мешавад. Дар соли 2026 арзонтарини патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Чечен — 3 410 рубл муқаррар шудааст. Гаронтарин патент дар Краснодарский край — 27 283 рубл хоҳад буд. Ба сегонаи пешсафон ҳамчунин вилоятҳои Тула — 25 000 рубл ва Липетск — 21 915 рубл дохил мешаванд. Дар шаҳрҳои калонтарини Россия арзиши патент барои соли 2026 чунин аст: Москва — 10 000 рубл Санкт-Петербург — 8 000 рубл Қазон — 8 696 рубл Новосибирск — 11 289 рубл Екатеринбург — 9 500 рубл Арзиши патент дар Федератсияи Россия барои соли 2026 вобаста ба субъектҳои федератсия чунин муқаррар гардидааст: Ҷумҳурии Адыгея — 8 185 рубл Ҷумҳурии Алтай — 7 673 рубл Кишвари Олтой — 8 526 рубл Вилояти Амур — 12 874 рубл Вилояти Архангелск — 10 231 рубл Вилояти Астрахан — 7 012 рубл Башқирдистон — 8 500 рубл Вилояти Белгород — 8 294 рубл Вилояти Брянск — 9 741 рубл Бурятия — 12 557 рубл Вилояти Владимир — 10 947 рубл Вилояти Волгоград — 9 890 рубл Вилояти Вологда — 20 000 рубл Вилояти Воронеж — 11 425 рубл Ҷумҳурии Доғистон — 7 844 рубл Вилояти Автономии Яҳудӣ — 10 095 рубл Кишвари Забайкал — 16 234 рубл Ҷумҳурии Ингушетия — 6 684 рубл Вилояти Иваново — 20 000 рубл Вилояти Иркутск — 12 233 рубл Ҷумҳурии Кабардино-Балқар — 11 254 рубл Қалмиқистон — 5 116 рубл Вилояти Калининград — 10 913 рубл Вилояти Калуга — 11 000 рубл Кишвари Камчатка — 13 983 рубл Кишвари Краснодар — 27 283 рубл Кишвари Красноярск — 11 024 рубл Ҷумҳурии Қарочой-Черкес — 7 844 рубл Ҷумҳурии Карелия — 11 595 рубл Ҷумҳурии Коми — 9 038 рубл Вилояти Кемерово (Кузбасс) — 8 427 рубл Вилояти Киров — 7 912 рубл Вилояти Кострома — 8 632 рубл Вилояти Қурғон — 15 347 рубл Вилояти Курск — 10 470 рубл Вилояти Ленинград — 8 000 рубл Вилояти Липетск — 21 915 рубл Ҷумҳурии Мордовия — 7 162 рубл Москва — 10 000 рубл Вилояти Москва — 10 000 рубл Вилояти Магадан — 12 618 рубл Вилояти Мурманск — 15 347 рубл Вилояти Нижний Новгород — 11 800 рубл Вилояти Новгород — 10 231 рубл Вилояти Новосибирск — 11 289 рубл Ҳавзаи автономии Ненетс — 8 328 рубл Вилояти Омск — 9 157 рубл Вилояти Оренбург — 7 639 рубл Вилояти Орёл — 9 174 рубл Кишвари Перм — 8 200 рубл Кишвари Приморье — 13 846 рубл Вилояти Пенза — 9 208 рубл Вилояти Псков — 10 903 рубл Ҷумҳурии Тува — 6 524 рубл Ҷумҳурии Марий Эл — 8 662 рубл Ҷумҳурии Саха (Якутия) — 15 343 рубл Вилояти Ростов — 10 231 рубл Вилояти Рязан — 9 788 рубл Осетияи Шимолӣ — Алания — 8 185 рубл Кишвари Ставропол — 8 526 рубл Санкт-Петербург — 8 000 рубл Вилояти Самара — 11 936 рубл Вилояти Саратов — 9 423 рубл Вилояти Сахалин — 11 800 рубл Севастопол — 13 521 рубл Вилояти Свердловск — 9 500 рубл Вилояти Смоленск — 9 213 рубл Вилояти Тамбов — 8 200 рубл Вилояти Твер — 20 169 рубл Вилояти Томск — 10 506 рубл Вилояти Тула — 25 000 рубл Вилояти Тюмен — 11 681 рубл Ҷумҳурии Тотористон — 8 696 рубл Ҷумҳурии Удмурт — 8 287 рубл Ҷумҳурии Хакасия — 10 231 рубл Вилояти Уляновск — 7 162 рубл Ҳавзаи автономии Ханти-Мансий — Югра — 14 610 рубл Кишвари Хабаровск — 10 572 рубл Вилояти Челябинск — 16 860 рубл Ҷумҳурии Чечен — 3 410 рубл Ҷумҳурии Чуваш — Чувашия — 9 634 рубл Ҳавзаи автономии Чукотка — 10 572 рубл Вилояти Ярослав — 10 981 рубл Ҳавзаи автономии Ямало-Ненетс — 18 505 рубл

1,100 views

Posted Jan 15

Вохӯрӣ бо варзишгарони тоҷик дар варзишгоҳи «Байкал Арена»-и шаҳри Иркутск 14 январи соли ҷорӣ масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо даъвати сармурабии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи ҷудо (дзюдо), сармурабии клуби варзишии «Ҳоҷи Шариф» Эргаш Маҳмадбеков, ба тамрингоҳи дастаи миллӣ дар шаҳри Иркутск, варзишгоҳи «Байкал Арена» ташриф овард. Варзишгарони тими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Бо роҳбарӣ ва талошҳои мураббиён Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Қобили зикр аст, ки саҳми Президенти Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар рушду тавсеаи ин намуди варзиш дар кишвар бисёр бузург мебошад. Зимни вохӯрӣ бо варзишгарон таъкид гардид, ки онҳо ҳамчун муаррифгарони асили фарҳанг ва варзиши миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, бо заҳмату дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро баланд нигоҳ доранд. Ҳамчунин бо мураббиён масъалаи ҷалби фарзандони муҳоҷирони тоҷик ба машқҳо ва тарбияи варзишгарони наврасу ҷавон дар ин варзишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

596 views

Posted Jan 14

Муҳтарам муҳоҷирони меҳнатӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар вақтҳои охир муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид гардидаанд, зиёд шудаанд. Бо ин сабаб, Намояндагӣ маълумоти расмии пешниҳоднамудаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москваро ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонад. Барои ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии худ шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳри Москва ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудаанд, метавонанд аз яке аз роҳҳои зерин истифода баранд: 1. Муроҷиати шахсӣ Бо ҳузури шахсӣ ба шуъбаи ҳудудии Сарраёсати ВКД Россия дар шаҳри Москва тибқи маҳалли бақайдгирии муҳоҷиратӣ муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба танзим дароранд. 2. Муроҷиати электронӣ Бо роҳи электронӣ тавассути сомонаи расмии 77.мвд.рф, бо интихоби бахши «ҚАБУЛИ МУРОҶИАТҲО», бо замимаи нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва қонунӣ будани будубош дар қаламрави Федератсияи Россия ариза пешниҳод намоянд. Дар ин ҳолат ҳузури шахсӣ ба шуъбаҳо талаб карда намешавад. Ҷавоб ба суроғаи шумо ба таври фосилавӣ ирсол мегардад. Усули электронии муроҷиат қулай буда, муҳлати баррасии аризаро аз ҷониби шахсони мансабдор кӯтоҳ менамояд. Илова бар ин, аз ҷониби шуъбаҳои масъалаҳои муҳоҷирати шаҳри Москва нуқтаҳои махсуси қабул танҳо барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шудаанд, ҷиҳати баррасии масъалаи хориҷ намудан аз феҳристи шахсони таҳти назорат дар суроғаҳои зерин кушода шудаанд: • Ҳавзаи Марказӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ноҳияи Таганский) ш. Москва, кӯчаи Палaшeвский, хонаи 7 • Ҳавзаи Шимолу шарқӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШШ) ш. Москва, кӯчаи Пришвина, хонаи 14 • Ҳавзаи Шарқӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШ) ш. Москва, кӯчаи Нижняя Первомайская, хонаи 63а • Ҳавзаи Ҷанубу Шарқӣ (Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Капотня) ш. Москва, маҳаллаи 3-юми Капотня, хонаи 29 • Ҳавзаи Ҷанубӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ноҳияи Орехово-Борисовои Ҷанубӣ) ш. Москва, кӯчаи Ясеневая, хонаи 8 • Ҳавзаи Ҷанубу Ғарбӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲҶҒ) ш. Москва, кӯчаи Строителей, хонаи 11, бинои 1 • Ҳавзаи Ғарбӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲҒ) ш. Москва, шоҳроҳи Рублёвское, бинои 26, қабати 2 • Ҳавзаи Шимолу Ғарбӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШҒ) ш. Москва, кӯчаи Маршала Конева, хонаи 6 • Ҳавзаи Шимолӣ (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШ) ш. Москва, гузаргоҳи Старопетровский, хонаи 2 • Ҳавзаи Зеленоград (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲЗ) ш. Зеленоград, корпуси 931 • Ҳавзаи Москваи нав (Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲМН) ш. Троитск, хиёбони Октябр, хонаи 20, ошёнаи 2 • Раёсати масъалаҳои муҳоҷират Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва ш. Москва, кӯчаи Большая Ордынка, бинои 16/4, қабати 4

826 views

Posted Jan 9

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026 8 январи соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид. Дар ҷаласа мудири шуъбаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Нахуст маърӯзаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Алишер доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2025 ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои вазорат дар асоси стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, вазорат ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид. Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти вазорат зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд. Мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ зимни суханронӣ вазорат ва сохторҳои онро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии иҷрои чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа, пурзӯр намудани низоми мониторинги иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳо муваззаф намуд. Дар фарҷом, аз ҷониби вазир Холмаҳмадзода Солеҳа бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2026 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул гардид.

708 views

Posted Jan 6

Муттаҳидкунии ҷаҳон аз баҳри об: Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» 25-28 майи соли 2026 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамшарикӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои калидии манфиатдори байналмилалӣ бо камоли хушнудӣ ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад. https://mfa.tj/tg/main/view/18037/muttahidkunii-jahon-az-bahri-ob-dushanbe-mizboni-konfronsi-chorumi-bainalmilalii-sathi-baland-oid-ba-dahsolai-bainalmilalii-amal-ob-baroi-rushdi-ustuvor-2018-2028-25-28-maii-soli-2026 ____ Объединяя мир во имя воды: Душанбе принимает Четвёртую конференцию высокого уровня по Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития 2018–2028 годов» 25–28 мая 2026 года Правительство Республики Таджикистан, в партнерстве с Организацией Объединённых Наций и ключевыми международными заинтересованными сторонами имеет честь сообщить, что Четвёртая Международная конференция высокого уровня, посвящённая Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития» 2018–2028 годов, состоится 25–28 мая 2026 года в городе Душанбе. https://mfa.tj/ru/main/view/18037/obedinyaya-mir-vo-imya-vody-dushanbe-prinimaet-chetvjortuyu-konferentsiyu-vysokogo-urovnya-po-mezhdunarodnomu-desyatiletiyu-deistvii-voda-dlya-ustoichivogo-razvitiya-20182028-godov-2528-maya- ____ Uniting the World for Water: Dushanbe hosts the 4th High-Level Conference on Water Action Decade on 25–28 May 2026 The Government of the Republic of Tajikistan, in partnership with the United Nations and key international stakeholders, is pleased to announce that the 4th High-Level International Conference on the International Decade for Action “Water for Sustainable Development” 2018–2028 will be held from 25 to 28 May 2026 in Dushanbe. https://mfa.tj/en/main/view/18037/uniting-the-world-for-water-dushanbe-hosts-the-4th-high-level-conference-on-water-action-decade-on-2528-may-2026

391 views

Posted Jan 6

ПАЁМИ ИТТИЛООТӢ оид ба Қонуни федералии № 314-ФЗ аз 31 июли соли 2025 Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 28 январи соли 2026 дар Россия Қонуни федералии № 314-ФЗ аз 31 июли соли 2025 қабул шуда, тартиби нави мубодилаи иттилоот дар бораи кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ байни ВКД Россия ва мақомоти маорифи Россия ба ҳукми амал даромада, раванди будубоши шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат таҳти назорати мақомоти дахлдори давлатӣ қарор мегирад. Ин барои Шумо ва фарзандонатон чӣ маъно дорад? 1.Вақте ки Шумо кӯдакро ба қайди муҳоҷират мегузоред (ё аз қайд мебароред), ВКД ин маълумотро ба таври худкор ба идораи маорифи маҳаллӣ мефиристад. Ин ба муайян кардани эҳтиёҷоти фарзанди Шумо ба ҷой дар мактаб ё кӯдакистон кӯмак мерасонад. 2.Агар Шумо барои дохил кардани фарзанд ба мактаб ё коллеҷ муроҷиат кунед, муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст дар ин бора ба ВКД хабар диҳад. Дигар маълумоте, ки ҳамроҳ фиристода мешаванд: Натиҷаҳои санҷиши дониши забони русӣ, Парвандаи шахсии навраси дохилшав ба мактаб/коллеҷ, далели хориҷшавӣ (агар кӯдак таҳсилро қатъ карда бошад). 3.Ҳадафи асосии Қонуни федералии № 314-ФЗ — пешгирӣ кардани он аст, ки кӯдакони муҳоҷирон аз таҳсил дур намонда, ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Оилаҳое, ки фарзандони худро аз таҳсил дур менамоянд, мақомот бо чунин оилаҳо корҳои инфиродӣ гузаронида (кӯмак дар дохилшавӣ, ҷустуҷӯи ҷой ва ғайра) ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд. Ҳамаи ин амал ба таври худкор тавассути системаҳои электронӣ сурат гирифта, мушкилоти оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро дар сати гирдоварии ҳуҷҷатҳо барои таҳсили кӯдакон ва наврасон содда менамояд. Тавсияҳои Намояндагӣ: •Ҳатман фарзандонро ҳамзамон бо худ ба қайди муҳоҷират дар суроғаи воқеии зист гузоред. •Ҳарчи зудтар ба мактаби наздиктарин барои дохил кардани кӯдак муроҷиат кунед (ҳатто агар қайд ҳанӯз муваққатӣ бошад). •Агар дар дохил кардани кӯдак ба мактаб ё кӯдакистон мушкилӣ пайдо шавад — фавран ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат кунед. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоед. Рақамҳо барои тамос: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48; 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99; 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48; Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected]

386 views

Posted Jan 6

МАЪЛУМОТИ МУҲИМ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ Қоидаи будубош дар Федератсияи Россия тибқи қонуни Федеролии № 260-ФЗ аз 1 январи соли 2025 доир ба принсипи 90/365 Ҳамватанони гиромӣ! Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва мушкилоти вобаста ба будубош дар қаламрави Федератсияи Россия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки қоидаи нави будубош тибқи қонуни Федеролии № 260-ФЗ аз 1 январи соли 2025 доир ба принсипи 90/365 амал мекунад. 🔹 Маънои принсипи 90/365 дар чист? Мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия: • шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд на зиёда аз 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ (365 рӯз) дар қаламрави Россия қарор дошта бошанд; • соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад; • шумораи рӯзҳои будубош дар Россия дар давоми сол ҷамъ карда мешавад ва набояд аз 90 рӯз зиёд гардад. Муҳим аст донистанд, ки бо фаро расидани соли нави тақвимӣ (аз 1 январ), ҳисобкунии рӯзҳои будубош аз нав оғоз мегардад. 📅 Тартиби ҳисобкунии рӯзҳо • Ҳар як рӯзи ҳузури Шумо дар Федератсияи Россия, новобаста аз мақсади сафар, ба ҳисоби рӯзҳои будубош дохил мешавад; • Рӯзҳои ворид шудан ва хориҷ шудан аз кишвар низ ҳамчун рӯзи будубош ҳисобида мешаванд; • Агар дар як соли тақвимӣ 90 рӯз пурра истифода шуда бошад, шаҳрванд вазифадор аст қаламрави Федератсияи Россияро тарк намояд. ⚠️ Оқибатҳои вайрон кардани қоидаи 90/365 Дар сурати зиёд шудани муҳлати иҷозатдодашудаи будубош: • нисбат ба шаҳрванд метавонад ҷарима татбиқ гардад; • қарор дар бораи хориҷкунии маъмурӣ қабул карда шавад; • инчунин мумкин аст манъи воридшавӣ ба Федератсияи Россия барои муҳлати муайян муқаррар гардад. 📌 Чӣ гуна мумкин аст аз 90 рӯз бештар дар Россия буд? Агар Шумо ният дошта бошед, ки дар Федератсияи Россия зиёда аз 90 рӯз бимонед, зарур аст яке аз мақомҳои қонунии зеринро сари вақт ба расмият дароред: • гирифтани патент барои фаъолияти меҳнатӣ; • таҳсил дар донишгоҳи аккредитатсияшуда дар назди мақомоти давлатии РФ; • гирифтани иҷозатномаи муваққатии иқомат (РВП); • гирифтани иҷозатномаи доимии иқомат (ВНЖ). Дар сурати доштани яке аз ин мақомҳои ҳуқуқӣ, маҳдудияти 90 рӯз татбиқ намегардад. ✅ Тавсияҳои муҳим ✔️ Пеш аз анҷоми 90 рӯзи будубош ҳолати ҳуқуқии худро санҷед; ✔️ Ҳуҷҷатҳои лозимиро пешакӣ ба расмият дароред; ✔️ Қоидаҳои муҳоҷиратиро қатъиян риоя намоед, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ эмин бошед. Маълумоти мазкур бо мақсади огоҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод гардида, барои истифодаи иттилоотӣ тавсия дода мешавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоед. Рақамҳо барои тамос: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48; 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99; 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48; Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected]

271 views
12•••5678910•••20•••30•••3940