TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Back to channels
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT CHAT

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Business and startups

Subscribers620Current channel subscribers
Tracked posts473Indexed post count
Recent reach5,263Sum of recent post views
Recent posts

Recent posts

Page 26 of 40 · 473 posts

Posted May 22

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои мақомоти муҳоҷиратии кишварҳои СҲШ ширкат намуд. Дар Боку ҷаласаи 29-умии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии кишварҳои СҲШ баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҳайатҳои Русия, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Аз Тоҷикистон дар ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод ва роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ширкат намуданд. Иштирокчиён масъалаҳои муҳими сиёсати муҳоҷират, статуси ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, тадбирҳои мубориза бо муҳоҷират ғайриқонуниро ва роҳҳои ҳамкории бо созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд. Вақти махсус ба кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва қонунӣ кардани статуси онҳо дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 диққат дода шуд. Бар асоси натиҷаҳои ҷаласа, нақшаи кори Шӯро барои солҳои 2025-2026 тасдиқ карда шуд. Ҷаласаи 30-ум дар Санкт-Петербург баргузор хоҳад шуд.

226 views

Posted May 19

Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввар Санаи 16 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар мизи мудаввар иштирок ва суханронӣ намуд. Мизи мудаввар аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия ва Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон ташкил гардид. Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некӯаҳволӣ, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, табодули таҷрибаи намояндагони вазоратҳои меҳнати кишварҳои ИДМ сурат гирифт. Бояд қайд кард, ки вобаста ба мавзӯи чорабинӣ намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

296 views

Posted May 18

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират оид ба ҷасорат ва далерии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Сайвалӣ Худойдодович дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Россия иттилоъ дода, ҷасорати шаҳрвандро намунаи олии гуманистӣ ва ҷавонмардӣ меномад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Сайвалӣ Худойдодович санаи 14 майи соли 2025, соатҳои тахминан 19:12 ҳангоми харидории доруҳо аз нуқтаи фуруши доруворӣ дар шаҳри Екатеренбург садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида ба кӯмаки ӯ мешитобад. Сайвалӣ Худойдодович ҳангоми наздик шудан ба ҷойи ҳодиса тавассути тиреза ба хона ворид гардида, тифли дар атрофи оташбударо наҷот медиҳад, ки ӯ бо садои хаста ба қаҳрамони мо муроҷиат мекунад, ки “додарам низ дар онҷост”. Маротибаи дуввум Сайид Худойдодович ба даруни оташи гарму сӯхтори шадид ворид гардида, даруни хонаҳои оташгирифтаро ҷустуҷу намуда, кӯдаки хӯрдсол, ки аз гармии оташ ва дуди он беҳолат шуда буд, аз марг наҷот медиҳад. Одамон ва ҳамсоягон бори дигар ба Сайид муроҷиат карда мегӯянд, ки навраси дигаре дар дохили биност. Қаҳрамони мо аз дуд ва оташи сӯзон тоб наоварда, аз тирезаи хона калаи худро берун намуда, нафаси тоза гирифта, маротибаи сеюм вориди оташи сӯзон мегардад, хушбахтона бо далерию шуҷоат ва истифодаи дурусти айёниятҳои дохилибино тифли саввуминро наҷот дода, ҳангоми гузариши оташ ба хонаи дигар аз даруни оташ берун мешавад. Ҷасорати муҳоҷири меҳнатии тоҷик шоистаи таҳсин ва мояи ифтихори инсоният буда, новобаста аз хатар ба ҷони худ Сайвалӣ Худойдодович ҷони се тифлу навраси русро аз хатар наҷот дод. Ӯ зимни суҳбат ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иброз намуд, ки “ҳодиса дар ноҳияе, ки ман зиндагӣ мекунам рух дод. Ман солҳост дар инҷо кор ва зиндагӣ менамоям ва ҳама сокинони маҳаллӣ маро мешиносанд. Коре, ки ман анҷом додам инро барои худ қарз медонам ва ҳар касе, ки дар ҷойи ман бошад ҳамин гуна рафтор менамояд”. Вобаста ба ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо аз ҷониби корбарон маълумот нашр гардида, кирдори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳсину офарин ва сокинони маҳаллӣ ба ҷасорати ӯ изҳори сипос менамоянд. Дар идомаи суҳбат Сайвалӣ иброз намуд, ки “баъди расонаӣ шудани ҳодисаи мазкур бо падару модарам суҳбат намуда, ба онҳо фаҳмонидам. Падарам ба ман гуфт, ки рисолати ҳар як тоҷик анҷом додани амали хайр ва ҷавонмардиву далерист. Писарам, кори хубе кардед”. Саид акнун қаҳрамон аст, қаҳрамони Россияву Тоҷикистон, қаҳрамони ду оила ва идеали се наврас, ки дар дили онҳо шуълаи муҳаббат, садоқат ва вафодорӣ то лаҳзаи вопасин ба хотири қаҳрамони худ Шарипов Сайвалӣ ҷуш мезанад.

296 views

Posted May 18

Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по вопросам миграции сообщает о мужестве и героизме гражданина Республики Таджикистан Шарипова Сайвали Худойдодовича в городе Екатеринбург Российской Федерации, называя его поступок высшим примером гуманизма и доблести. Гражданин Республики Таджикистан Шарипов Сайвалӣ Худойдодович 14 мая 2025 года примерно в 19:12, находясь в аптеке города Екатеринбург, услышав крик маленького ребёнка, поспешил на помощь. Приблизившись к месту происшествия, Сайвалӣ Худойдодович через окно проник в дом и спас ребёнка, находившегося рядом с огнём. Ослабевшим голосом ребёнок обратился к нашему герою со словами: «Мой брат тоже там». Во второй раз Сайвалӣ Худойдодович вошёл в пылающий огнём дом, начал поиски по горящим комнатам и спас ещё одного ребёнка, находившегося без сознания из-за жары и дыма. Затем очевидцы и соседи сообщили, что в здании остался ещё один подросток. Наш герой, не выдержав дыма и пламени, высунул голову из окна, чтобы набрать свежего воздуха, и в третий раз бросился в огонь. К счастью, благодаря мужеству, решимости и правильной оценке обстановки в помещении, он спас третьего ребёнка и выбрался из огня, когда пламя уже охватывало другую часть дома. Мужество таджикского трудового мигранта достойно восхищения и является гордостью для всего человечества. Несмотря на угрозу собственной жизни, Сайвалӣ Худойдодович спас жизни трёх русских детей. В беседе с представителями Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации он заявил: «Случай произошёл в районе, где я живу. Я уже много лет работаю и живу здесь, и все местные жители меня знают. То, что я сделал, считаю своим долгом. Каждый, кто оказался бы на моём месте, поступил бы так же». В связи с этим случаем в социальных сетях и на сайтах пользователи опубликовали информацию, выразив восхищение и благодарность гражданину Республики Таджикистан, а местные жители поблагодарили его за проявленное мужество. Продолжая беседу, Сайвалӣ сказал: «После того, как случай стал известен в СМИ, я поговорил с родителями и всё им объяснил. Отец сказал мне: "Долг каждого таджика — творить добро, проявлять доблесть и отвагу. Сын мой, ты поступил правильно"».

263 views

Posted May 18

Боздид аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон Санаи 15 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" боздиди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон сурат гирифт. Минтақаи махсуси иқтисодии “Алабуга” дар шаҳри Елабугаи Ҷумҳурии Тотористон ҷойгир буда, то ба имрӯз дар ҳудудҳои баистифодадодашудаи он зиёда аз 42 корхонаҳои пешрафта ва машҳури истеҳсолии Федератсияи Россия, давлатҳои Араб, Туркия, Чин, Фаронса, Олмон, Қазоқистон ва ғайра бунёд гардидааст. Ба ҳолати имрӯза дар корхонаҳои бунёдгардида ва бунёдшаванда зиёда аз 18 000 нафар корманд бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, танҳо барои бунёду сохтмони инфраструктураи минбаъдаи он дар соли 2025 ҳазорҳо нафар норасоии қувваи корӣ дида мешавад. Гирду атрофи ҳар як корхона, даромадгоҳҳо, макони истиқоматии кормандон ва бинои хобгоҳҳо аз лиҳози бехатарӣ муҷаҳҳаз буда, вуруд ва хуруҷ тариқи “FACЕ ID” сурат мегирад ва воридшавии шахси бегона ғайриимкон мебошад. Хобгоҳҳои коргарону донишҷӯён тибқи талаботи санитариву беҳдоштӣ таъмин буда, дар ҳудудӣ минтақа ва комплексҳои истиқоматӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои компютерӣ ташкил гардидааст, ки кормандону донишҷўён ва истиқоматкунандагон дар вақтҳои фориғ аз кор бо навбат ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Зимни боздид бо донишҷӯён ва муҳоҷири меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақа таълим ва кору фаъолият менамоянд, суҳбат гузаронида шуда, бо шароити кору таҳсил шиноси гузаронида шуд. Дар рафти суҳбат шаҳрвандони мо аз шарту шароити таҳсил, кор, будубош, муносибату рафтори роҳбарияти минтақа изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар идома шиносоӣ бо Барномаи “Алабуга Старт” ва “Алабуга Политех”, ки шарики асосии инфрасохтории байналмилалии ҶС “Алабуга” ба ҳисоб меравад, сурат гирифт. Бояд қайд кард, ки Барномаи мазкур масъули ҷалб ба кор ва таҳсили ҷавонписарону духтарони синни 16 - 22 сола аз рўйи ихтисосҳои идоракунии сифати маҳсулот, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, пешбурди тиҷорату хизматрасонӣ, тиҷорат дар соҳаи меҳмонхона ва ғайра мебошад.

244 views

Posted May 18

ДАР ҚАЗОН КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағийротҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар хонаи ибодатии Маркази савдои “ПОРТ”-и шаҳри Қазон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷӣ аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст ва тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, №272 ба фармони қабли тағйирот ворид гардида, шаҳрвандон метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвари иқомат муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд. Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд. Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағийротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд. Инчунин ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ба масъулини Намояндагӣ саволҳо дода, масъулин ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас гардониданд.

191 views

Posted May 18

Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи Занон” Санаи 14 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар машварати “Нигоҳи Занон” (Женский взгляд) иштирок намуд. Чорабиниро аз рӯи анъана аъзоёни ассотсиатсияи занони вакилони халқи Шӯрои давлатии "Мерхэмэт — Милосердие" ташкил карданд. Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур соҳибкорон, коршиносон ва пешвоёни афкорро барои табодули таҷриба, рушди роҳбарии занон, таҳкими робитаҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ҳамкорӣ муттаҳид кард. Чорабинӣ дар шакли муколамаи зинда баргузор шуда, дар он мураббиёни ВАО, роҳбарони нашриётҳо, ширкатҳои истеҳсолкунандаи либосҳои мусулмонӣ ва намояндагони дигар бахшҳои тиҷорат суханронӣ карданд. Ба иттилои Алсу Набиева - Роҳбари иттиҳодияи "Мерхэмэт — Милосердие" ҳар сол шумораи шарикони мо, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои Русия, ки ба таъсис ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд, меафзояд. Номбурда афзоиши шумораи иштирокчиёни хориҷӣ ва лоиҳаҳои марбут ба иқтисодиёт ва бахши бонкӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Яке аз фарқиятҳои форуми ҳозира иштирок дар треки занони дипломатҳои дар Қазон фаъолият менамуда, инчунин роҳбарони ташкилотҳои занона аз АМА, Ӯзбекистон, Миср, Африқои Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо буд.

130 views

Posted May 18

Вохӯрӣ бо Директори Департаменти МДХ Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қазон 14 майи соли 2025 дар заминаи сафар ва иштирок дар Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо Директори Департаменти МДХ Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қазон дар ноҳияҳои Киров ва Москва Полубарева Ирина Игоревна ва боздид аз ин марказ сурат гирифт. Ба иттилои Полубарева Ирина Игоревна – марказ дар самти мусоидат ба шаҳрвандон дар ёфтани кори мувофиқ, ташкили самти касбии шаҳрвандон бо мақсади интихоби соҳаи фаъолият (касб), шуғл, гузаштани омӯзиши касбӣ ва гирифтани маълумоти иловагии касбӣ, дастгирии равонии шаҳрвандони бекор, ташкили таълими касбӣ ва таҳсилоти иловагии касбии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла таҳсил дар минтақаи дигар, ташкили шуғли муваққатии шаҳрвандони ноболиғи аз 14 то 18-сола дар вақти холӣ, шаҳрвандони бекоре, ки дар ёфтани кор душворӣ мекашанд, шаҳрвандони бекори аз 18 то 25-сола, ки маълумоти миёнаи касбӣ ё олӣ доранд ва дар давоми як сол аз рӯзи додани ҳуҷҷати таълимӣ ва тахассусӣ кор меҷӯянд, мутобиқсозии иҷтимоии шаҳрвандони бекор дар бозори меҳнат, ташкили ҳамроҳӣ бо кӯмаки шуғли маъюбон, мусоидат ба корфармоён дар интихоби коргарони зарурӣ ва ғайра машғул мебошад. Аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози андеша гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳо манзур гардиданд. Дар мулоқот самтҳои нави ҳамкории муштарак муайян ва муаррифӣ шуда, ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

139 views

Posted May 18

Вохӯрӣ бо Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Санаи 14 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Зарипова Элмира Амировна баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, масоили шуғли пурмаҳсул, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи талаботҳои бозори меҳнати кишвари пазиро, ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар корхонаҳои маҳаллӣ ибрози назар намуданд. Вазири меҳнати Тотористон қайд кард, ки дар минтақа корхонаҳои калони саноатӣ, аз ҷумла минтақаи махсуси иқтисодии "Алабуга" фаъолият мекунанд, аммо норасоии кадрҳо мушоҳида мешавад. Ба иттилои номбурда, ҳар сол дар минтақа даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ аз дигар давлатҳо кор мекунанд, ки аз рӯи шумора дар ҷойи аввал шаҳрвандони Ӯзбекистонанд. Бо назардошти вазъи воқеъӣ ва зарурати фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегарданд, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

128 views

Posted May 11

РАВАНДИ БАРАСМИЯТДОРИИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР РОССИЯ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош доранд идома дорад. Фармони мазкур имконият медиҳад, ки то 10 сентябри соли 2025 ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд. Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрвандон вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоянд. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” http://tajmigration.ru/news/2498-ravandi-barasmiyatdorii-buduboshi-sha1202rvandoni-hori12061250-dar-rossiya-idoma-dorad.html

2,980 views

Posted May 10

АСОСҲОИ ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БУДУБОШ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад. Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад. Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд: 1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад; 2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд. Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.

215 views

Posted May 9

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд. Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд. Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. 9 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон прибыл в Кремлевский дворец для участия в торжественных мероприятиях в честь 80-летия Победы в Великой Отечественной войне. После церемонии приветствия глав государств и правительств и руководителей высокопоставленных делегаций Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным, в главном центре проведения торжественных мероприятий – Красной площади прошёл военный парад, в котором приняло участие большое количество военнослужащих. В торжественном военном параде приняла участие одна десантная рота Вооружённых сил Республики Таджикистан. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#РӯзиҒалаба#ДеньПобеды#VictoryDay#Москва#Moskow#ПарадПобеды80 President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

155 views
12•••10•••20•••2425262728•••30•••3940