Recent posts
Page 23 of 40 · 473 posts
Posted Jul 11
Ҳамватанони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда татбиқ мегарданд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони №1126, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад; Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Jul 9
Тағйири мақсади будубоши хориҷиён дар Федератсияи Россия: дар кадом ҳолатҳо мумкин аст? Муҳтарам шаҳрвандон! Намояндагӣ хабар медиҳад, ки барои фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки мақсади мувофиқи сафари худро нишон диҳанд. Риоя накардани ин талабот метавонад боиси содир шудани қонуншиканӣ гардад. Ба шаҳрвандони хориҷӣ лозим нест, ки ҳудуди Федератсияи Россияро тарк карда, дубора ворид шаванд. Барои иваз кардани мақсади вуруд ба "меҳнатӣ", бояд ариза барои гирифтани патент пешниҳод карда шавад ва дар он дар бораи иваз шудани мақсад зикр гардад. Таваҷҷуҳ намоед: 🔵Патент бояд дар муҳлати 30 рӯз пас аз вуруд ба Россия расмӣ гардад — бо ариза ба мақомоти ҳудудии ВКД-и Федератсияи Россия, ФГУП «ПВС» ВКД-и Россия ё МБМ-и «Сахарово» муроҷиат кунед; 🔵Корти нави муҳоҷиратӣ дода намешавад — тағйирот дар пойгоҳи додаҳои ВКД-и Россия сабт мегардад. Ёдрас мешавем: шаҳрвандоне, ки патент гирифтаанд, уҳдадоранд дар муҳлати 2 моҳ мақомоти ҳудудии ВКД-и Россияро дар бораи оғози фаъолияти меҳнатӣ огоҳ намоянд. ВКД-и Федератсияи Россия фаъолона кор мебарад барои бекор кардани патенти шаҳрвандони хориҷие, ки дар бораи ҷойи кор хабар надодаанд. Танҳо дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 26 ҳазор патент бо сабаби риоя накардани ин уҳдадорӣ бекор карда шудааст — ин қариб 7 маротиба бештар аст нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта. Намояндагӣ бо таъкид тавсия медиҳад, ки тамоми қонунҳо ва қоидаҳои кишвари будубош риоя шаванд ва ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ сари вақт ба расмият дароварда шаванд. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Posted Jul 8
Ҳамватанони азиз! Намояндагӣ хабар медиҳад, ки барои шаҳрвандон барномаи ruID аз 27 июни соли ҷорӣ дастрас гардид. Тавассути ruID шаҳрвандони кишварҳои бидуни виза метавонанд барои вуруд ба Россия ариза супоранд. Ин тартиб ҳамчун таҷриба то санаи 30 июни соли 2026 ҷорӣ мегардад. ❓ Барои чӣ бояд дар ruID сабти ном кард — Пешакӣ фаҳмидан мумкин аст, ки оё барои вуруд ба Россия мамнӯият вуҷуд дорад ё не. — Агар ҳадафи сафар — кор бошад, метавон Рақами суғуртавиро (СНИЛС) маҷозӣ ба расмият даровард. Маълумоти шумо ба таври худкор ба Бунёди иҷтимоӣ (СФР) фиристода мешавад. — Пас аз гузаштани сарҳад QR-рамз гирифта мешавад. Онро метавон ҳамчун ҳуҷҷати шахсӣ истифода бурд. Ба сабаби сабти ном нашудан дар ruID вуруд ба Россия манъ намешавад: ин тартиб ихтиёрӣ аст. 📆 Кай бояд ариза супорид На дертар аз 90 рӯз пеш аз сафар ва на дертар аз 3 рӯз пеш аз сафар. Дар ҳолатҳои фавқулодда аризаро метавон дар давоми 4 соат супорид. Масалан, агар хешованди шумо дар Россия ҷиддӣ бемор шавад. 📑 Чӣ гуна ариза супоридан лозим аст 1️⃣ Барномаи ruID-ро аз App Store, RuStore ё Google Play боргирӣ кунед. 2️⃣ Сабти ном намоед ё аз логин ва пароли Госуслуги худ истифода баред. 3️⃣ Ҳадаф, муҳлат ва масири сафарро нишон диҳед. Агар кӯдакон ҳамроҳ бошанд — маълумоти онҳоро илова кунед. 4️⃣ Биометрияро супоред — дар барнома акси худро гиред ва овози худро сабт намоед. Пас аз тасдиқи ариза, огоҳинома ба ҳисоби шахсии шумо меояд. 📌 Ба киҳо сабти ном дар ruID лозим нест: — Шаҳрвандони Беларус. — Кӯдакони то 6-сола. — Кормандони сафорату консулгариҳо. — Хориҷиёне, ки бо раводид меоянд. — Дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp). Намоянда дар минтақаи Сибир, шаҳри Новосибирск +7 (929) 388-54-11 Намоянда дар минтақаи Приволже, шаҳри Уфа +7 (926) 311-52-53 Намоянда дар минтақаи Ҷанубӣ, шаҳри Краснодар +7 (901) 344-77-77 Намоянда дар минтақаи Шимолу-ғарбӣ, ш. Санкт-Петербург +7 (977) 963-25-69 Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97
Posted Jul 7
Ҳамватанони азиз! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба суроғаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дархости ширкати русии ҶДММ «КинТек» ворид гардидааст оид ба ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кор қабул кардан дар мавқеъҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия. Бино ба маълумоти пешниҳодгардида, ширкат шаҳрвандонро барои фаъолият ҳамчун коргарони умумӣ (разнорабочий) даъват менамояд. Объектҳои сохтмонии ҶДММ «КинТек» дар саросари ҳудуди Россия ҷойгир мебошанд. Музди меҳнат аз 2500 рубл дар як рӯз оғоз меёбад ва имкони даромади иловагӣ (шуғли иловагӣ) низ мавҷуд аст. Бо мақсади дарёфти маълумоти муфассал оид ба шартҳои кор, бастани шартнома ва масъалаҳои зист, хоҳишмандон метавонанд бо намояндагони ширкат тамос гиранд: Воропаев Александр Александрович – тел.: +7 (920) 478-14-78 Шишова Анастасия Александровна – тел.: +7 (904) 640-22-52 Почтаи электронӣ: [email protected] Ҳамзамон ба маълумот мерасонем, ки бо мақсади гирифтани маълумоти дақиқу мукаммал оид ба имкониятҳои шуғл дар қаламрави Федератсияи Россия, шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Posted Jul 7
АСОСҲОИ ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БУДУБОШ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад. Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад. Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд: 1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад; 2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд. Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Posted Jul 7
РАВАНДИ БАРАСМИЯТДОРИИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР РОССИЯ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош доранд идома дорад. Фармони мазкур имконият медиҳад, ки то 10 сентябри соли 2025 ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд. Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрвандон вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоянд. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp)
Posted Jun 29
Лоиҳаи - "Алабуга Старт" Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи Alabuga Start, ки дар ҳудуди Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга» (Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Русия) амалӣ мегардад, яке аз ташаббусҳои пешрафта ва муҳим барои ҷалби ҷавонони муҳоҷири меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа ба ташкили шароити шоистаи кор, рушду пешрафти касбӣ, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагии муваққатӣ ба Россия меоянд, нигаронида шудааст. Имтиёзҳо ва имкониятҳо барои иштирокчиёни лоиҳаи Alabuga Start: 1.Пардохти пурраи хароҷот: oРоҳкиро то ҷои кор (бо ҳавопаймо ё роҳи оҳан); - Тайёр кардани ҳуҷҷатҳо (патент, бақайдгирӣ, комиссияи тиббӣ); oМанзили зист ва таъминоти ғизоӣ дар давраи аввалияи мутобиқшавӣ; - Музди меҳнати шоиста *(Аз 90 то 120 ҳазор рубл)* бо имконияти пешравӣ дар кор oҲамаи хароҷот дар сурати фаъолият ва иҷрои шартҳои кор (на камтар аз 1 сол) аз тарафи корфармо баргардонида мешавад. 2.Рушди касбӣ ва болоравии мансаб: - Фаъолият ба кор дар корхонаҳои муосири саноатӣ ҷалб карда мешаванд; - Курсҳои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омӯзиши дохилии корхона пешбинӣ шудааст; - Бо натиҷаҳои хуби кор, имкони пешрафт то вазифаҳои роҳбарикунанда мавҷуд аст. 3.Маориф ва омӯзиш: - Омӯзиши забони русӣ, қонунгузории меҳнатии Россия ва малакаҳои касбии зарурӣ ройгон дода мешавад; - Имкони идомаи таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии назди Минтақаи иқтисодии махсуси «Алабуга» мавҷуд аст. 4.Мутобиқшавии иҷтимоӣ: - Кӯмак дар мутобиқ шудан ба шароити зиндагии Россия; - Дастгирии равонӣ ва иҷтимоӣ Тава сути роҳбарон ва роҳбаладон; - Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ барои ҳамгироии беҳтар. Зикр кардан ҷоиз аст, ки лоиҳаи «Алабуга Старт» як пешниҳоди нодир ба ҳисоб меравад ва дар баробари таҳсилот имкони таҷрибаомузи, таҷрибаандохтан ва фаъолият дар заминаи Алабуга пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи Alabuga Start дар ҳамкорӣ бо Намояндагӣ амалӣ мегардад, ки иштирокчиёнро дар тамоми марҳилаҳо — аз интихоби аввалия то кор ва зист — ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунад. Иштирок дар лоиҳаи Alabuga Start имкони нодир барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, то кори устувор, малакаҳои касбӣ ва зиндагии шоистаро дар Россия ба даст оранд. Тамос барои иштирок дар лоиҳаи Alabuga Start: +7 (986) 913 55 99 – Рамиз Русланович Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.
Posted Jun 29
Ҳамватанони муҳтарам! Тавсия медиҳем, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия дар замимаи мобилии RUID бақайдгирӣ намоед ва дар бораи парвози пешбинишуда аризаи худро пур кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки маълумоти шахсӣ ва биометриро пешакӣ пешниҳод намоед, инчунин дастрасӣ ба як қатор хизматрасониҳоеро, ки пас аз бақайдгирӣ дар замима дастрас мешаванд, пайдо кунед. Барномаи мобилии “ruID” дар ҳамаи мағозаҳои расмии замимаҳо (Google Play, App Store, RuStore ва ғайра) дастрас мебошад. Барномаи ruID бо мақсади осон кардани вуруд ба Федератсияи Россия, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусии рақамӣ дар ҳудуди Россия таҳия шудааст. Ин барнома имкониятҳои зеринро пешниҳод мекунад: • Коҳиш додани вақти интизорӣ ҳангоми гузаштани назорати шиноснома дар нуқтаҳои марзӣ (фурудгоҳҳои Россия); • Содда кардани раванди сафар ва вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия. • Шиносоии электронии соддашуда; • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва иҷтимоӣ (аз ҷумла муҳоҷиратӣ, тиббӣ, бонкӣ ва ғайра); • Нигоҳдорӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ; • Амнияти баланди маълумот ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои онлайн; Истифодаи барномаи ruID ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки: • Айни ҳол дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд; • Нақшаи сафар ва ворид шудан ба Россияро доранд бо мақсади кор, таҳсил ё иқомати муваққатӣ ва доимӣ. Тарзи насб ва истифода: 1. Ба Google Play, App Store ё RuStore дар телефони мобилии худ ворид шавед. 2. Дар сатри ҷустуҷӯ номи ruID-ро нависед. 3. Барномаро боргирӣ ва насб кунед. 4. Тибқи дастурҳо сабти ном намоед. Барномаи ruID ба Шумо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро дар шакли рақамӣ осонтар ва бехатар истифода баред, равандҳои гузариш аз марзро тезонед ва вақти худро сарфа намоед. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.
Posted Jun 28
Ҳамватанони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия тағйироти муҳиме ба амал омадааст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дорад. 🗓️Аз 1 июли соли 2025 тибқи Қонуни федералии Федератсияи Россия № 303-ФЗ аз 08.08.2024 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» қоидаҳои нави истифодаи хадамоти алоқа ҷорӣ карда мешаванд. 📲 Чӣ тағйир меёбад? Ҳамаи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ вазифадоранд, ки маълумоти биометрии худро тавассути портали Госуслуги (www.gosuslugi.ru) пешниҳод намуда, дар низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ба қайд гиранд. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ЕБС ба қайд гирифта нашудаанд, наметавонанд SIM-корт истифода баранд (занг, интернет, паёмрасонҳо ва ғайра). Операторони алоқа вазифадоранд пайвастшавии корбаронеро, ки биометрияи худро тасдиқ накардаанд, махкам намоянд. 📌 Шумо чӣ бояд кунед? Дар портали "Госуслуги" ба қайд гиред, агар ҳанӯз ҳисоби корбар надошта бошед. Маълумоти биометрии худро (акси рӯй ва намунаи овоз) дар марказҳои махсус ё МФЦ (марказҳои хизматрасонии давлатӣ), ки ҳуқуқи ҷамъоварии биометрия доранд, пешниҳод намоед. Бовар ҳосил намоед, ки маълумоти шумо ба Низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ворид шудааст. Санҷед, ки рақами телефони шумо бо биометрияи шумо пайваст шудааст. ⚠️ Лутфан таваҷҷуҳ намоед: Бе иҷрои ин талабот шумо наметавонед аз алоқаи мобилӣ дар Россия истифода баред. Қонун ҳам ба муштариёни нав ва ҳам ба истифодабарандагони ҷорӣ дахл дорад. Раванди сабти биометрия бепул аст. ❗ Тавсия дода мешавад, ки пешакӣ сабти ном кунед, то аз қатъ гардидани алоқа ва ноқулайӣ ҷилавгирӣ шавад.
Posted Jun 28
Ҳамватанони муҳтарам! Тавсия медиҳем, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия дар замимаи мобилии RUID бақайдгирӣ намоед ва дар бораи парвози пешбинишуда аризаи худро пур кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки маълумоти шахсӣ ва биометриро пешакӣ пешниҳод намоед, инчунин дастрасӣ ба як қатор хизматрасониҳоеро, ки пас аз бақайдгирӣ дар замима дастрас мешаванд, пайдо кунед. Барномаи мобилии “ruID” дар ҳамаи мағозаҳои расмии замимаҳо (Google Play, App Store, RuStore ва ғайра) дастрас мебошад. Барномаи ruID бо мақсади осон кардани вуруд ба Федератсияи Россия, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусии рақамӣ дар ҳудуди Россия таҳия шудааст. Ин барнома имкониятҳои зеринро пешниҳод мекунад: • Коҳиш додани вақти интизорӣ ҳангоми гузаштани назорати шиноснома дар нуқтаҳои марзӣ (фурудгоҳҳои Россия); • Содда кардани раванди сафар ва вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия. • Шиносоии электронии соддашуда; • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва иҷтимоӣ (аз ҷумла муҳоҷиратӣ, тиббӣ, бонкӣ ва ғайра); • Нигоҳдорӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ; • Амнияти баланди маълумот ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои онлайн; Истифодаи барномаи ruID ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки: • Айни ҳол дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд; • Нақшаи сафар ва ворид шудан ба Россияро доранд бо мақсади кор, таҳсил ё иқомати муваққатӣ ва доимӣ. Тарзи насб ва истифода: 1. Ба Google Play, App Store ё RuStore дар телефони мобилии худ ворид шавед. 2. Дар сатри ҷустуҷӯ номи ruID-ро нависед. 3. Барномаро боргирӣ ва насб кунед. 4. Тибқи дастурҳо сабти ном намоед. Барномаи ruID ба Шумо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро дар шакли рақамӣ осонтар ва бехатар истифода баред, равандҳои гузариш аз марзро тезонед ва вақти худро сарфа намоед. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.
Posted Jun 26
Ҳамватанони гиромӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз имрӯз, 26 июни соли 2025, барномаи мобилии “ruID” дар ҳамаи мағозаҳои расмии замимаҳо (Google Play, App Store, RuStore ва ғайра) дастрас мебошад. Барномаи ruID бо мақсади осон кардани вуруд ба Федератсияи Россия, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусии рақамӣ дар ҳудуди Россия таҳия шудааст. Ин барнома имкониятҳои зеринро пешниҳод мекунад: • Коҳиш додани вақти интизорӣ ҳангоми гузаштани назорати шиноснома дар нуқтаҳои марзӣ (фурудгоҳҳои Россия); • Содда кардани раванди сафар ва вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия. • Шиносоии электронии соддашуда; • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва иҷтимоӣ (аз ҷумла муҳоҷиратӣ, тиббӣ, бонкӣ ва ғайра); • Нигоҳдорӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ; • Амнияти баланди маълумот ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои онлайн; Истифодаи барномаи ruID ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки: • Айни ҳол дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд; • Нақшаи сафар ва ворид шудан ба Россияро доранд бо мақсади кор, таҳсил ё иқомати муваққатӣ ва доимӣ. Тарзи насб ва истифода: 1. Ба Google Play, App Store ё RuStore дар телефони мобилии худ ворид шавед. 2. Дар сатри ҷустуҷӯ номи ruID-ро нависед. 3. Барномаро боргирӣ ва насб кунед. 4. Тибқи дастурҳо сабти ном намоед. Барномаи ruID ба Шумо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро дар шакли рақамӣ осонтар ва бехатар истифода баред, равандҳои гузариш аз марзро тезонед ва вақти худро сарфа намоед. Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоед.
Posted Jun 26
Ҳамватанони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ табрик ва таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамояд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад. Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон – мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Дар давраи даргириҳои дохилии шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу захматҳои пайваста давлати ба порчаҳо тақисмшударо муттаҳид намуда, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагиро барои сокинони мамлакат фароҳам овард. Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад. Бори дигар ҷашни Ваҳдати миллиро ба яко яки шумо таҳният гуфта, осмони мусаффо, рӯзгори пурбаракат ва тансиҳативу комёбӣ таманно менамоем.